Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: Фикр мекунам ҷанги Эрон пас аз интихоботи миёндавраӣ поён ёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико.

Раисҷумҳури Амрико рӯзи 9 сентябр гуфт, ки аз нигоҳи ӯ ҷанги Эрон "билофосила" баъд аз интихоботи миёндавраии Амрико поён хоҳад ёфт.

Доналд Трамп пеш аз сафар ба шаҳри Даллас барои ширкат дар нишасти Ҳизби ҷумҳурихоҳ ба хабарнигорон гуфт, "фикр мекунам ҷанг билофосила баъд аз интихобот тамом хоҳад шуд. Чун онҳо (Эрон) дигар наметавонанд истодагарӣ кунанд".

Трамп дар бораи вазъияти Эрон афзуд, "онҳо дармонда ҳастанд ва талош мекунанд бар интихобот таъсир бигузоранд".

Интихоботи миёндавраии ИМА қарор аст дар моҳи ноябр баргузор шавад. Ҷумҳурихоҳон нигарон ҳастанд ин ҷанг, ки боиси афзоиши шадиди нархи бензин шудааст, ба қимати аз даст додани назорати онҳо бар Конгресс тамом шавад.

Раисҷумҳури Амрико чанд соат пас аз он, ки қимати ҳар бушка нафт ба болотар аз 100 доллар расид, ваъда дод, "билофосила баъд аз интихобот, қимати нафт ба шиддат суқут хоҳад кард... мо қимати бензинро ба камтар аз ду доллар дар ҳар галлон (зарфи 3,8-литрӣ), хоҳем расонд".

Афзоиши қимати нафт як рӯз баъд аз ҳамлаҳои нерӯҳои низомии Амрико ба панҷ нафткаши эронӣ дар Халиҷи Форс ва ҳамлаҳои ҷавобии Эрон ба пойгоҳҳои низомии ИМА дар Урдун ва киштиҳо дар Халиҷи Форс, рух дод.

Трамп дар посух ба пурсише дар бораи ҳамлаҳои густурдаи ҳар ду ҷониб дар атрофи тангаи Ҳурмуз гуфт, "ҳамлаҳо аз сӯи мо анҷом шуд. Мо 9 нафткаши онҳоро задем. Қарор аст ҳамлаҳои бештаре анҷом шавад".

Ӯ ҳамчунин эҳтимоли азсаргирии музокирот бо Эронро рад накард, аммо афзуд, "ин чизе нест, ки мо дар ҳоли баррасии он бошем".

Ситоди фармондеҳии артиши Амрико дар Ховари Миёна, рӯзи 9 сентябр гуфтаҳои Сипоҳи посдорони Эрон дар бораи ҳадаф қарор додани новҳои ҷангии Амрико дар Ховари Миёнаро рад кард ва хабар дод, "нерӯҳои амрикоӣ танҳо дар ҳафтаи гузашта бо муваффақият 10 нафткаши эрониро аз байн бурданд".

Ин ҳамлаҳо ба нафткашҳои эронӣ дар рӯзҳои 5-8 сентябр анҷом шуда ва Ситоди фармондеҳии артиши Амрико гуфт, дар пайи талошҳои Сипоҳи посдорон барои ҳадаф гирифтани новҳои ҷангии Амрико бо мушакҳои баллистикӣ, нафткашҳои эрониро ҳадаф қарор дод ва аз байн бурд.

Ин дар ҳоле аст, ки мақомҳои низомӣ ва сиёсии Эрон гуфтаанд, барои "шикастан"-и муҳосираи баҳрии Амрико иқдом хоҳанд кард ва дар ин росто тарҳеро рӯи даст доранд.

Мақомоти низомии Эрон ҳамчунин аз ҳамла ба чанд пойгоҳи низомии Амрико дар Урдун хабар доданд. Ба навиштаи расонаҳои байналмилалӣ, чандин ҳавопаймои низомии Амрико дар ҳамлаҳои мушакии Эрон ба як пойгоҳи ҳавоиии Амрико дар Урдун, ки субҳи 9 сентябр анҷом шуд, осеб дидаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG