Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханҳои як рӯҳонӣ дар бораи ҳамсараш дар Қазоқистон ҷанҷол барангехт

"Ӯро ба шогирдам дода, худ зани ҷавон гирифтам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Мусоҳибаи Қурбоналӣ Аҳмадов, рӯҳонии маъруф дар Қазоқистон, бо рӯзноманигор Ҷанар Байсемиз ҷанҷол барангехт. Ӯ дуним соат ба суолҳои зиёде, аз ҷумла дар бораи Худо, тарс аз марг, ҷараёнҳои навпайдои мазҳабӣ ва раисҷумҳури собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гап зад. Диққати бинандагонро ин порчаи сӯҳбати рӯҳонӣ ба худ кашид.

"Ҳамсарам гуфт: Бас аст, ман аз ту ҷудо мешавам ва шавҳар мекунам! Хулоса, ба хашм омада буд. Ман ба ӯ гуфтам, ту беақл ҳастӣ, ман худам бароят шавҳар меёбам. Дар ниҳоят, ман ӯро ба яке аз шогирдони хубам ба шавҳар додам. Гуфтам, яке аз шогирдонамро интихоб кун. Худаш инро мехост. Вай пир шуда буд. Ман зани ҷавон гирифтам."

Ҳарчанд рӯҳонӣ дақиқ нагуфтааст, ки "ҳамсарамро туҳфа кардам", вале мардум ҳарфҳои ӯро ба ҳамин маънӣ қабул намуданд. Суҳбати Қурбоналӣ Аҳмадов шабакаҳои иҷтимоиро ба қавле "тарконд".

Продюсер ё коргардони шинохта дар Қазоқистон Баян Мақсадқизи яке аз аввалинҳо шуда бо нашри чанд шарҳ хашми худро баён кард. Вай андешаҳои рӯҳонӣ Қурбоналӣ Аҳмадовро "асримиёнагӣ" ва барои ҷомеаи муосир хатарзо номид.

Баъди ин пулис маҷбур шуд, ки вокуниш нишон диҳад. Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Алмато бо нашри баёнияе гуфт: "Дар рафти суҳбат изҳороти хилофи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Қазоқистон садо дода, ҳамчунин, ба масъалаҳое, ки метавонанд ба шуури мардум ва суботи байни динҳои мухталиф таъсир расонанд, дахл намудаанд. Раёсати умури дини Алмаато нисбат ба шахсе, ки изҳороти дар боло зикршударо баён намуд, чора андешидааст. Ӯ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида ва ҷаримабандӣ шуд."

Мақомоти пулиси Алмаато гуфтаанд, Қурбоналӣ Аҳмадов узви рӯҳониёни расмӣ нест. Дар баробари ӯ рӯзноманигор низ бо ҳамин банди қонун муттаҳам дониста шудааст. Пулис ӯро масъули паҳн кардани суханони Аҳмадов донист.

Ин тасмим барои бисёриҳо, аз ҷумла ҳуқуқшиносон ногаҳонӣ буд. Ҳуқуқдон Сергей Уткин мегӯяд, "рӯзноманигорро барои чӣ ҷазо доданд? Оё вай бояд дар ҳамон лаҳза ҳамаи инро дарк мекард? Дар ҳоле ки диншинос нест. Бовар дорам, ки рӯзноманигор ягон нияти бад надошт ва муҷозоти ӯ шояд нодуруст бошад.”

Рӯзноманигор Ҷанар Байсемиз аз изҳори назар дар ин мавзуъ худдорӣ намуд.

Ин аввалин моҷаро нест, ки пас аз изҳороти фаъолони динӣ дар Қазоқистон сар мезанад. Пеш аз ин видеои баҳсбарангези блогер Ербол Рустамлӣ дар интернет паҳн шуд. Вай таҷлили ҷашни Наврӯзро маҳкум кард ва онро маросими ғайриисломӣ номид. Ӯ боздошт ва ба барангехтани адовати мазҳабӣ муттаҳам гардид.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG