Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модарон мехоҳанд, номашон дар шиносномаи фарзанд бошад. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Модарон дар Афғонистон муборизаро барои он оғоз кардаанд, ки номашонро дар санадҳои расмии фарзандонашон сабт кунанд. Бо вуҷуди онки тифлро ба дунё овардаанд, дар Афғонистон занон ҳақ надоранд, насабашонро ба фарзанд бидиҳанд. Ҳоло дар кишвар маъракае зери унвони “Номи ман куҷост?” оғоз ёфтааст ва вакилони зан ва фаъолони маданӣ талош доранд, насаби кӯдакон на фақат аз номи падар, балки модаронашон ҳам бошад.

Ғазал Шарифӣ Мойил, дандонпизишки афғон модари ду фарзанд ва зани муваффақ аст. Вақте хост, барои ду фарзандаш шиноснома бигирад, надоданд. Чаро, ки ӯ сарпарасти қонунии фарзандони худаш ба ҳисоб намеравад.

Ӯ гуфт: “Ба ҳайси як модар бисёр кам омадам, эҳсос кардам, ки писари амаки шавҳари ман болои тифли ман бештар салоҳият дорад. Нӯҳ моҳ дар шикамам буд. Ба мушкилоти зиёд, ҷарроҳӣ карда тифламро гирифтанд. Бехобиашро ман кашидам. Ман шир додам, тамоми вақти зиндагии тифлам бо ман сипарӣ шуд. Мутаассифона, салоҳияташ дар қисмати гирифтани тазкираву паспорт аз амаку падаркалон бештар аст нисбат ба модар.”

Дар ҷомеаи мардсолори Афғонистон занҳоро асосан бо номи як марди хонаашон мешиносанд, ки як навъ соҳиби зан маҳсуб мешаванд.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Модарони афғон мехоҳанд, номашон дар шиносномаи фарзанд бошад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00

Дар тазкира ё шиносномаи миллӣ фақат номи падарро менависанд. Номи модар нест. Барои ҳамин соли 2017 фаъолони ҳуқуқи зан маъракаеро зери унвони “Номам куҷост?” оғоз карданд. Нилуфар Аюбӣ яке аз онҳо мегӯяд, бо навиштани номи модар дар санад, ба зани афғон мақом ва ҳуқуқе, ки сазоворанд, дода мешавад.

“Хушҳол ҳастам, ки баъд аз 3 сол мубориза ва бисёр қурбониҳое, ки мо додем, билохира ин баҳс вориди порлумон шуд. Вақте ин масъаларо ба қонун ворид мекунанд, худ ба худ ҷомеа одат мекунад ва ба роҳ меафтад. Билохира маҷбур ҳастанд, ки инро қабул кунанд. Ба хотири аз ин ки дар ислом гуфта нашудааст, ки номи зани худро нагиред. Ин як урфи нописандест, ки дар Афғонистон ба номи нангу ору суннату инҳо болои занҳо таҳмил кардаанд”, -- афзуд ӯ.

Аммо тағйири урфу одат осон нест. Барои бисёре аз мардони афғон бурдани номи зан, ё хоҳар дар байни ҷомеа хиҷолатовару нанговар ба ҳисоб меравад.

Кумитаи занони порлумон пешниҳод кардааст, ки бо ислоҳи Қонуни сабти асноди расмӣ номи занонро дар шиноснома дарҷ кунанд.

Ноҳид Фарид, вакили афғон мегӯяд, зикри номи модар ба занон ба унвони як узви хонавода ҳуввияти мустақилро медиҳад. Вай афзуд, “ҳаққи корашон, ҳаққи таҳсилашон, ҳаққи дастрасӣ ба ниёзҳои асосиашон ҳамагӣ бастагӣ ба ин дорад, ки ҷомеа ҳуввияти ин занонро ба расмият бишиносад. Вақте номи падар дар тазкира ва ҳатто падаркалон дар тазкираи ҳуввияти афрод ҳаст, вале номи модар нест, ин худаш як хушунати бузург алайҳи ниме аз ҷамъияти Афғонистон аст.”

Аммо тағйири қонун ва дарҷи номи модар дар шиноснома, метавонад, аксуламали рӯҳониёни муҳофизакорро ба вуҷуд биёрад.

Рӯҳонӣ Ҳамидуллоҳ Ҳайдарӣ мегӯяд, аз нигоҳи шаръӣ мушкил надоранд. “Дигар аз нигоҳи суннатӣ мардуми Афғонистон мутаддайин ҳастанд. Мардуми Афғонистон дин доранд, шарму ҳаё аст, номи занро дар тазкира дарҷ кунанд. Ин чӣ фоида дорад. Ман мепурсам аз порлумон, ки дигар корҳоро монданд, фаҳшо дар ҳар атрофи Афғонистон густурда аст, дар ҳар ҷойи Афғонистон фасоди молӣ аст. Пушти ин гапҳо намегарданд, пушти гапҳои калон намегарданд, пушти гапҳои ночиз мегарданд. Ин дарди моро даво намекунад.”

Вакилони зан умедворанд, ки баъд аз хатми таътил тарҳи ислоҳи қонунро моҳи сентябр ба порлумон пешниҳод кунанд. Айни замон интизор доранд, ки мухолифати сахте ба дарҷи номи занон дар шиноснома хоҳад буд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG