Ба ҷонибдорӣ аз лоиҳаи қонун аз 150 вакил 83 кас, намояндагони Ҳизби "Орзуи гурҷӣ" ва ҳампаймонҳояшон раъй доданд. Мухолифон дар раъйгирӣ иштирок накарданд. Дар ниҳоят натиҷаи раъгирии дувум ҳамоне шуд, ки дар раъйгирии аввал ба даст омада буд.
Лоиҳаи қонун бояд дар қироати севум низ қабул карда шавад. Қарор аст, раъйгирии севум 17 май баргузор гардад.
Ҳазорҳо сокини Гурҷистон 30 апрел, рӯзе, ки порлумони он кишвар лоиҳаи қонунро баррасӣ мекард, ба нишони эътироз дар хиёбони марказии пойтахти он кишвар гирди ҳам омаданд. Бино ба баъзе аз хабарҳо, теъдоди тазоҳургарон наздик ба 15 ҳазор нафар будааст.
Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон хабар дод, ки 63 иштирокчии тазоҳурот алайҳи қонун дар бораи "агентҳои хориҷӣ"-ро боздошт кардааст.
Мухолифон мегӯянд, қонун дар бораи “агенти хориҷӣ” аз сӯи ҳизби ҳокими Гурҷистон ва бо дастури Маскав қабул шудааст. Муаллифони қонун инро рад мекунанд.