Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи нав дар бораи намозгузории дастҷамъӣ дар Русия

Вакилони рус мехоҳанд намозгузорӣ ва баргузории ҷамъомадҳои динӣ дар биноҳои ғайриистиқоматӣ ва иншооти марбут ба онро манъ кунанд. Тарҳи қонун дар ин бора ба Думаи давлатӣ ироа шудааст.

Дар посух раиси Идораи марказии динии мусалмонони Русия пешниҳод кардааст, ки намозгузориро дар марказҳои савдо ва мағозаҳо иҷозат бидиҳанд.

Гурӯҳи вакилони иборат аз 67 нафар аз ҷумла Геннадий Зюганов, Леонид Слутский, Сергей Миронов, Алексей Нечаев ва Пётр Толстой, муовини раиси Думаи давлатӣ гуфтаанд, норозигии сокинони маҳаллӣ боиси таҳияи тарҳи қонуни маҳдудкунанда шудааст. Онҳо мехоҳанд, ки ба Қонун дар бораи озодии виҷдону иттиҳодияҳои динӣ ва Кодекси манзил тағйирот ворид карда шавад.

Пётр Толстой, муовини раиси Думаи давлатӣ мегӯяд, "мо зидди ягон маросими динӣ нестем. Вале бигузор онҳо дар ҷойҳои мувофиқ ба он иҷро карда шаванд. Биноҳои серҳуҷара макони оромиву истироҳат барои калонсолон ва кӯдакон мебошанд. Ман фикр намекунам ки ғалоғулаи намозгузорон дар манзилҳо, даромадгоҳҳо ва майдончаҳои бозӣ оромии сокинонро халалдор намекунад".

Тарҳи нав дар бораи намозгузории дастҷамъӣ дар Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00

Гуфта мешавад, дар қонун намозгузорӣ ва ибодат барои сокинони худи биноҳои истиқоматӣ дар манзилҳои зисташон иҷозат дода хоҳад шуд. Аммо дар тарҳи феълӣ ин муқаррарот ҳанӯз илова карда нашудааст.

Лоиҳаи қонун аллакай аз ҷониби намояндагони ҷамоатҳои протестантӣ мавриди интиқод қарор гирифт.

Раҳбари Идораи марказии динии мусалмонони Русия дар сӯҳбат бо хабаргузории русии РБК гуфтааст, ки мамнӯъият мушкилотро ҳал намекунад. Ба назари ӯ бояд дар маконҳои ҷамъиятӣ барои намозгузорӣ ҷойҳои махсус ташкил кард шаванд.

Ба гуфтаи Талъат Сафо Тоҷуддин, муфтии Русия, "дар бисёре аз кишварҳо дар мағозаҳо ва марказҳои тиҷоратӣ ибодатгоҳҳоро ташкил кардаанд, ки барои чор ё панҷ нафар пешбинӣ шудаву намози ҷамоат нест. Намозашонро хондаву мераванд ва ба касе халал намерасонад.

Дар гузашта борҳо намозгузории муҳоҷирон дар кӯчаву паскӯчаҳо ва таваққуфгоҳҳои Русия, боиси асабонияти сокинони ин кишвар шуда буд. Онҳо аз чунин рафтор интиқод карда, онро таблиғи дин дар маконҳои иҷтимоӣ, ном бурданд, ки ба гуфтаашон дар Русия мамнуъ мебошад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG