Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз муфтиёт то Қодиров. Эътирозҳо ба рейди ОМОН дар масҷиди Котелники. ВИДЕО


Шикоят аз таъқиби муҳоҷирони мусулмон дар Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:46 0:00

Шикоят аз таъқиби муҳоҷирони мусулмон дар Русия

Муфтиёт ё идораи мусулмонони вилояти Маскав дар пайи ҳамлаи нерӯҳои ОМОН ба масҷиди Дзержинский ба Додситонии кулли Русия шикоят бурдааст. Муфтиёт ин амалкардро ҳамчун таҳқири эътиқоди динии мусулмонон баҳогузорӣ намуда,таҳқиқи рейдро талаб кардааст.

Рӯзи 14-уми июл вақти намози ҷумъа, нерӯҳои амниятӣ бо баҳонаи тафтиши ҳуҷҷатҳо ба масҷиди воқеъ дар шаҳраки Котелники ҳамла намуданд. Як сабаби норозигии намозгузорон дар он буд,ки кормандони ОМОН бо поайфзол рӯи қолини масҷид қадам мезаданд. Онҳо нафареро ки эътироз мекард, таҳқир ва латту кӯб менамуданд. Дар ин байн бархе аз намозгузорон аз чунин рафтори нерӯҳои ОМОН ба хашм омада бо онҳо вориди баҳс шуданд.

Идораи муфтиёти вилояти Маскав гуфтааст, чунин рафтори нерӯҳои амниятӣ "ҳуқуқҳои бунёдии мусалмононро поймол карда, ташаннуҷро дар ҷомеаи сермиллат ва гуногунмазҳаб эҷод мекунад".

Рейд дар масҷид ҳамчунин боиси вокуниши шадиди раҳбарони Чеченистону Доғистони Русия низ шуд. Рамазон Қодиров, раиси ҷумҳури Чеченистон дар телеграм-канали худ ҳадафи амалиёти мазкурро иғвоандозӣ номида, онро ба ҳамлаи роҳзанона шабоҳат дод ва талаб кард ки омилонаш ҷазо дода шаванд.

Сергей Меликов, раҳбари Доғистон, дар навбати худ, гуфт, дидани наворҳои рейд "барояш нохушоянд " буд. Ӯ таъкид кард, ки муҳим “инсон мондан аст” ва изҳори умедворӣ намуд, ки вазъ ҳаллу фасл мешавад ва ба аъмоли афсарони мушаххаси интизомӣ “баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад.”

Дар ҳамин ҳол,Александр Хинштейн, вакили Думаи давлатӣ дар телеграм канали худ билофосила навишт, ки афсарони ОМОН ва ҳам нерӯҳои Росгвардия ба ин рейд ҳеҷ иртиботе надоранд. Аммо дар наворҳо дида мешуд, ки дар либоси низомиён навиштаи “ОМОН” буд ва онҳо яроқ доштанд.

Бахтовар Ҷумъаев
Бахтовар Ҷумъаев

Бахтовар Ҷумъаев, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯяд, касоне, ки ин рейдҳоро ташкил карданд умедвор набуданд, ки аз тарафи сиёсатмадорони Русия чунин вокунишҳо мешавад. “Чунин вокуниш барои намозгузорон ва барои мардуми мусалмони атрофи Маскав хуб шуд. Зеро касоне, ки мехоҳанд дар оянда чунин рейдҳоро ташкил кунанд, бояд аз боло иҷозат бигиранд.”

Пеш аз ин рӯзи 7-уми июл низ дар яке аз масҷидҳои Котелники рейд шуда буд. Он замон низ нерӯҳои амниятӣ бо намозгузорон бадарфторӣ карда, зидди онҳо аз васоили оташнишонӣ истифода бурданд. Дар пайи гуруҳе аз мусулмонони масҷиди Котелники дар як муроҷиати видеоӣ аз Владимир Путин додхоҳӣ карданд. Аммо баъди ин додхоҳӣ, боз неруҳои ОМОН ба масҷид ҳамла карданд.

Баъди рейдҳои пайиҳам дар гурӯҳ-чатҳои муҳоҷирон даъватҳо дар мавриди даст задан ба эътирозҳо садо медиҳанд. Ҳомиёни ҳуқуқ аз муҳоҷирон аз мекунанд, ки ба чунин даъватҳо ҳамроҳ нашавандю Зеро ба гуфтаи Муҳаммадҷон Собиров, ҳуқуқшиноси тоҷик, дар сурати ширкат дар намоишҳои эътирозӣ мақомоти Русия метавонад онҳоро ихроҷ кунанд.

“Муҳоҷироне, ки дар митингҳо иштирок мекунанд, ФСБ онҳоро ихроҷ карда, ба муддати бемаҳдуд ё то 20-40 сол роҳашонро ба Русия мебандад. Барои ҳамин аз тамоми мардуми муҳоҷир хоҳиш мекунам, ки дар ягон митингҳо иштирок накунед,”-даъват кард ин ҳуқуқдони тоҷик.

Амалиёти зидди муҳоҷирон инак тайи ду моҳ мешавад, ки дар Русия идома дорад. Аз ҷумла корбарони радиои Озодӣ,наворҳоро аз ҷараёни ин рейдҳо дар қаҳвахонаҳову маконҳои кории онҳо мефиристанд. Дар як навори дигар, ки аз Екатеренбург ирсол шуд дида мешавад ки гурӯҳе аз муҳоҷиронро зери назари кормандони пулис аз фурудгоҳ ба ватанашон гусел мекунанд.

Ҳафтаи гузашта вазорати корҳои дохилии Русия эълон кард,ки зимни баргузории рейдҳо 12 ҳазор мавриди қоидашиканӣ дар самти муҳоҷиратро ошкор ва ҳудуди 7 ҳазор муҳоҷир аз ҷумла зодагони Тоҷикистонро аз қаламрави ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG