Миллионҳо нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба далели бекорӣ ва маоши ночиз роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтаанд. Ҳамасола ҳазорҳо нафар бо сабабҳои гуногун дар кишвари мусофират ва дур аз наздиконашон ҷон медиҳанд.
Соли 2025 барои муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон дар Русия соли пур аз дигаргунӣ ва қонуну қарорҳои нав буд. Қонунҳое, ки ба гуфтаи муҳоҷирон кору зиндагии онҳоро дар ин кишвар ба ҳадди охир сахту душвор кард.
Шахсони наздик ба хонаводаи Қобилҷон Алиев, навраси кушташудаи тоҷик дар Русия, гуфтанд, ки ӯ 17-уми декабр ҳамроҳи додару тағояш бояд ба Тоҷикистон бармегашт, вале ба қатл расид ва акнун тобуташро меоранд. Вай рӯзи 16-уми декабр дар ҳамлаи як ноболиғ дар мактабе дар вилояти Маскав кушта шуд.
Гурӯҳе аз муҳоҷироне, ки дар сохтмон кор мекарданд, ҳангоми рейди нерӯҳои амниятӣ дар вилояти Ленингради Русия талоши фирор кардаанд. Дар ин бора пулиси Русия рӯзи 12-уми декабр бо нашри наворе хабар додааст.
Дар ҳоле ки аксар сиёсатмадорони Русия муҳоҷиронро зери тозиёнаи танқид мегиранд, тақрибан бори аввал дар солҳои охир яке аз онҳо аз муҳоҷирон ва ҳуқуқи онҳо ҳимоят кард.
Мақомоти Русия 20 шаҳрванди Тоҷикистонро дар пайи занозании гурӯҳии муҳоҷирон дар маҷмааи истиқоматии “Прокшино” дар шаҳри Маскав боздошт кардаанд. Занозанӣ рӯзи 25-уми октябр рух дод.
Мақомоти Русия гуфтанд, рафтори ронандаеро месанҷанд, ки аввали моҳи октябр мусофиронро дар дохили автобус монда, худаш ба намоз пардохтааст. Ҳодиса дар минтақаи Хабаровски Русия рух дода, ширкати автобусҳои шаҳрӣ гуфтааст, ронанда муҳоҷири корист.
Рӯзи 23 октябр пулиси Русия дар анбори сабзавоти Екатеринбург рейд гузаронд, ки макони кори муҳоҷирони тоҷик низ ҳаст.
Пулиси Русия дар минтақаи Красноярск бо гумони боздошти як муҳоҷир, ки дар талоши озори ҷинсии духтари ноболиғ гумонбар дониста мешавад, ба хобгоҳи муҳоҷирон ҳамла кард.
Тоҷикистон ва Русия ба созиш расидаанд, ки муҳоҷирони кории тоҷик қабл аз муҳоҷират дар ватанашон “муоинаи тиббӣ” шаванд.
Як таксирони зодаи Тоҷикистон дар фурудгоҳи "Шереметево"-и Маскав корманди таваққуфгоҳро пахш кардааст. Дар ин бора хадамоти матуботи фурудгоҳ рӯзи 2 октябр хабар дода навиштааст, ки ҳодиса дар моҳи сентябр рух додааст.
Додгоҳе дар Русия як зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми қаллобӣ ҳангоми гирифтани маблағ барои хариди манзили зист ба чаҳор соли зиндон маҳкум кард, вале то ба балоғат расидани фарзандони ноболиғаш ҳукмро мавқуф гузошт.
Ёфтҳои бештар