Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз масҷид ба комиссариати ҳарбӣ. Боздошти даҳҳо муҳоҷир дар Котелники


Қудратиҳои Русия рӯзи 20-уми октябр дар шаҳраки Котелникии Маскав даҳҳо нафарро баъди берун шудан аз намози ҷумъа боздошт карда, ба комисариати ҳарбӣ бурдаанд.

Хабарро иштирокдори барномаи "Перепой звезду" (Шабакаи аввали Русия) Мамут Усейнов дар шабакаҳои иҷтимоӣ расонаӣ кард.

Раҳбари ҷомеаи мусулмонони маҳаллӣ Салавот Ибатулин гуфтааст, намояндагони мақомот "адабиёти динӣ ва риояи қоидаҳои зидди сӯхторро тафтиш карданд".

Ба гуфтаи ӯ, пас аз намози ҷумъа одамонро ба автобусҳо савор карда, ба комиссариати ҳарбӣ бурданд ва чанд соат нигоҳ доштанд. Охирин боздоштшуда соати 21:30 аз комиссариат берун шудааст.

Мамут Усейнов гуфтааст, ӯро ба комиссариати ҳарбӣ бурда, аз ташхиси тиббӣ гузаронданд ва баъд аз он ки маълум шуд, солим аст, ба нуқтаи қабули сарбозони қарордодӣ дар Балашиха фиристоданд. Субҳи 21-уми октябр ба онҳо гуфта шудааст, ки ба ҷанг фиристода мешаванд.

Тибқи иттилои саҳифаи "Baza" дар Телеграм, Мамут Усейинов соли 2014 шиносномаи русиро дар Қрим гирифт ва ба далели вазъи нохуби сиҳатӣ ба хидмати ҳарбӣ нарафт.

Дар бораи боздошти намозгузорон дар Котелники ва бурдани онҳо ба комиссариати ҳарбӣ саҳифаи "МОБИЛИЗАЦИЯ I Новости" дар Телеграм низ хабар дод.

"Ҳуҷҷатҳои боздоштшудаҳоро мусодира карда, онҳоро аз ташхиси тиббӣ мегузаронанд. Вакилони дифоъро ба назди онҳо роҳ намедиҳанд ва маҷбур мекунанд, ки бо Вазорати дифои Русия қарордод имзо кунанд", - навиштааст манбаъ.

Маълум нест, ки дар амалиёти рӯзи 20-уми октябр оё муҳоҷирони тоҷик ҳам дастгир ва ба комиссарити ҳарбӣ бурда шудаанд ё не. Дар оғози моҳи октябри имсол ба даҳҳо нафаре, ки тоза шаҳрвандии Русияро ба даст оварда будаанд, даъватномаи ҳарбӣ доданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG