Пайвандҳои дастрасӣ

"Салафиҳо аз нерӯи имомон истифода мекунанд"


Масҷиди "Ҳоҷӣ Муллоқурбон" дар ноҳияи Мастчоҳ

Муллораҳмат Охунов – имоми масҷиди панҷвақта дар ноҳияи Мастчоҳ – бо чаҳор намозгузор ба гумони пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи “Салафия” боздошт шудааст. Мақомот гуфтанд, ки ин нахустин ҳодисаи боздошти як имом бо иттиҳоми гароиш ба ҷараёни мамнӯи мазҳабӣ дар Мастчоҳ буд.

Ман як инсони камбағал ҳастам ва писарам дар замин деҳқонӣ мекард. Аз ин чиз дар ҳайратам, ки бо як занги телефонии каси дигар писари маро ҳабс карданд.

Дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ рӯзи 7 феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, боздошти Муллораҳмат Охунов охири моҳи январи имсол сурат гирифтааст. Афшини Муқим, сухангӯи ин кумита гуфт, “вай то замони боздошт дар масҷиди панҷвақтаи “Ҳоҷӣ Муллоқурбон”-и ноҳияи Мастчоҳ кор мекард. Имом феълан дар ҳабс буда ва ҷараёни тафтиши қазия идома дорад.”

Афшини Муқим
Афшини Муқим

Муллораҳмат Охунов ба фарқ аз имомҳои дигар, ки дар мадрасаҳои хориҷи кишвар таҳсил карда ва дар тӯли солҳои гузашта бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои тундрав дар минтақаҳои кишвар боздошт шудаанд, маълумоти миёна дошт ва аз Тоҷикистон берун нарафтааст. Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ дар ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ гуфт, ҳамаи 5 нафари боздоштшуда сокинони ҷамоати Мастчоҳи ин ноҳия буда, ҷавонони зери синни 35 ҳастанд.

Ба қавли ин ҳамсуҳбати мо, “боздошти имом пас аз он сурат гирифтааст, ки як нафар аз ҳамдеҳагони ӯ баъди дастгир шудан аз тарафи кормандони идораи пулиси шаҳри Бӯстон (Чкалови собиқ) алайҳи Муллораҳмат Охунов баёнот додааст. Баъдан аз манзили имом ва чор нафари дигар маводи тарғиботии марбут ба созмонҳои мамнӯъ пайдо шудааст.” Аз боздоштшудаҳо Муллораҳмат Охунов, Муҳаммадхӯҷа Қозиев, Киромиддин Бобокалонов, Файзимаҳмад Султонов ва Мустафо Иброҳимов ном бурда мешавад.

Мустафо Иброҳимов, сокини 24-солаи Мастчоҳ – писари Исматулло Иброҳимов – имоми собиқи масҷид будааст, ки ҳафтае пеш аз бозлошт, падарашро аз вазифа гирифтаанд. Аммо Исматулло Иброҳимов, имоми пешини масҷиди “Муҳаммад Зоҳир” мегӯяд, узвияти писараш дар гурӯҳҳои тундрав асос надорад. “Писарам дар тарбияи ман буд. Баъди баста шудани мадрасаҳои ғайрирасмӣ дар шаҳри Конибодом аз идораи ман берун нашудааст. Ман як инсони камбағал ҳастам ва писарам дар замин деҳқонӣ мекард. Аз ин чиз дар ҳайратам, ки бо як занги телефонии каси дигар писари маро ҳабс карданд”, - гуфт ӯ.

Мастчоҳ минтақаи муҳофизакор, аммо тундрав нест

Ноҳияи Мастчоҳ, бо доштани беш аз 100 ҳазор аҳолӣ, яке аз калонтарин ноҳия дар вилояти Суғд буда, сокинонаш ба шариат алоқаи хос ва аз дигар минтақаҳо фарқкунанда доранд. Сокинони ноҳияи Мастчоҳ асосан ба кишоварзӣ машғул буда, аҳкоми шариатро ҷиддӣ риоя мекунанд. Аҳли рӯҳоният дар ин ноҳия мавриди эҳтирому эътибор аст, вале бо ин вуҷуд қишри дунявии он ҷойгоҳи хос дорад. Мақомот ҳам мегӯянд, ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд бо вуҷуди ба дин сахт пойбанд будани сокинонаш, тибқи омори расмӣ хеле аз шумори ками сокинонаш ба ҷараёнҳои мамнуъ мепайванданд.

Мирзоҳасани Гулзод, рӯзноманигори маҳаллӣ, гуфт, дар ин ноҳия гурӯҳҳои тундрав ба мисли “Салафия” миёни мардум мавқеъ надоранд. “Дар ҳақиқат, мардум ба дин эътиқоди комил доранд ва дар асоси ояту ҳадис амал мекунанд. Аммо домуллоҳои масҷид гуфтаанд, одамоне, ки тарзи намогузории дигар доранд, ба масҷиди мо наоянд. Агар пайравони равияҳои дигар, мисли “Салафия” ба ин минтақа роҳ ёфта бошанд ҳам, то ҳол зиёд ба мушоҳида намерасанд”, - афзуд ӯ.

Як сокини дигари ноҳия гуфт, агар дар масҷиди онҳо нафаре бо шеваи дигар намоз бигузорад, дарҳол дигарон бо назари шубҳа менигаранд ва аз наздикӣ бо ӯ дурӣ меҷӯянд. Ба гуфтаи ӯ, “тақрибан ягон нафар аз хатмкардаҳои мадрасаҳои хориҷӣ, бахусус, давлатҳои арабӣ дар ин ноҳия ҳамчун имом аз тарафи мардум қабул нашудаанд ва мардум ҳоло ҳам пойбанди имомҳои суннатӣ боқӣ мондаанд.”

“Салафиҳо аз нерӯи имомон истифода мекунанд”

Фаридун Ҳодизода
Фаридун Ҳодизода

Аммо Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили динӣ, мегӯяд, Мастчоҳ як қисми водии Фарғона аст ва тундравон кӯшиш доранд, то аз тариқи ин ноҳия ва Ашту Конибодом таъсири худро ба минтақаҳои дигар зиёд кунанд. Ба гуфтаи ӯ, “водии Фарғона дар Осиёи Марказӣ минтақае мебошад, ки аз онҷо гурӯҳҳои ифротие ба монанди Ҳаракати исломии Узбакистон сар задаанд. Мастчоҳ низ як ҷузъи ин водӣ аст. Албатта, гурӯҳҳои ифротӣ талош доранд, то таъсирашонро ба ин тарафи марз ҳам зиёд кунанд. Аз ҷиҳати геополитикӣ ин чиз ҷой доштанаш мумкин аст. Гурӯҳҳои ифротӣ мехоҳанд, аз ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт ва Конибодом нуфуз пайдо карда, баъдан нуфузи худро ба дигар минтақаҳо афзоиш медиҳанд.”

Ҳодизода таъкид мекунад, гурӯҳҳои мамнӯе мисли “Салафия” акнун усули худро дигар карда, дар минтақаҳое, ки рӯҳониёни суннатӣ таъсири зиёд доранд, аз нерӯи онҳо истифода мебаранд. “Дар деҳаҳои дурдаст ба имомҳои суннатӣ таъсир мерасонанд. Салафиҳо мехоҳанд, рӯҳониёни суннатӣ ва домуллоҳоро ба тарафи худ кашанд ва ба ин роҳ ҳадафҳои идеологии худро амалӣ намоянд. Чунки мардум аз паси онҳо мераванд ва ба онҳо эътимод дорад”, - таъкид кард Фаридун Ҳодизода.

Сулаймон Болтуев, имом-хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Гулистон (Қайроққум) соли гузашта ба ҷурми узвият дар гурӯҳи Ихвонулмуслимин боздошту зиндонӣ шуд
Сулаймон Болтуев, имом-хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Гулистон (Қайроққум) соли гузашта ба ҷурми узвият дар гурӯҳи Ихвонулмуслимин боздошту зиндонӣ шуд

Соли гузашта Додгоҳи вилояти Суғд ҳафт имом-хатиб ва ходими масҷидҳои ин вилоятро бо ҷурми узвият дар созмони мамнӯи “Ихвонулмуслимин" ба зиндон маҳкум кард. Ба иттилои Кумитаи дин, соли гузашта, дар маҷмӯъ 14 имом-хатиби масҷидҳои кишвар барои пайравӣ аз ҷараёнҳои мамнӯъ боздошт ва зиндонӣ шудаанд. Имом-хатибон дар ҳоле ба пайравӣ аз созмонҳои мамнуъ гумонбар дониста мешаванд, ки худи онҳо танҳо баъд аз тасдиқи мақомоти масъул ҳақ доранд ба кор шурӯъ кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG