Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асомуддинзода: Ихроҷи омӯзгорон ба "Салафия" рабт надошт. ВИДЕО


Тоҷиддин Асомуддинзода
Тоҷиддин Асомуддинзода

Тоҷиддин Асомуддинзода, мудири Донишкадаи исломии Тоҷикистон, гуфт, ки ихроҷи чанде аз устодони муассисаи таҳти раҳбарии ӯ ба пайравӣ ваё ҳамкории онҳо бо “Салафия”, ҷараёни мамнӯи мазҳабӣ дар кишвар, иртибот надошт. Ӯ рӯзи 22 январ дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин гурӯҳи устодон барои боло бурдани савияи дониши худ аз кор берун шуда, баъзеи онҳо дубора ба донишгоҳ баргаштаанд.

Сӯҳбати видеоӣ инҷост:

Гуфтугӯ бо раиси Донишгоҳи исломии Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:56 0:00

Ду соли қабл дар номаҳое, ки вебсайти Викиликс пахш кард, аз боби маблағгузорӣ ва имзои шартнома бо 12 нафар аз “таблиғгарони исломӣ ”дар Тоҷикистон сӯҳбат мешавад, ки панҷ тани онҳо гӯё устодони Донишгоҳи исломии Тоҷикистон будаанд. "Аммо масъалаи ихроҷи муаллимон ҳеҷ рабт ба "Салафия" ваё маблағгузории Арабистони Саудӣ надошт ва танҳо мавзӯи санҷиши савияи дониши устодон буд. Зеро дар инҷо сатҳи дониш бояд ақаллан аз сатҳи магистратура баланд бошад. Онҳое, ки рафтанду маълумоти худро такмил доданд, дубора ба кор гирифта шуданд", - афзуд Тоҷиддин Асомуддинзода.

Мо дар мувофиқа бо Маркази исломии Тоҷикистон либосеро интихоб намудем, ки бо меъёри исломӣ ҷавобгӯ буда, дар он элементҳои миллӣ ҳам дида мешавад.

Радиои Озодӣ: Мақомот мегӯянд, ки раванди бозгардондани ҷавонони тоҷик аз мактабҳои динии кишварҳои исломӣ ҳамоно идома дорад. То кунун наздик ба 3 ҳазор нафар аз Эрону Покистон, Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигар ба ватан бозпас оварда шуда, танҳо 130 нафари онҳо тавонистаанд таҳсилро дар Донишкадаи исломӣ идома диҳанд. Чаро афроди боқимонда натавонистанд дар инҷо таҳсилашонро идома диҳанд ва фикр мекунед, сарнавишти онҳо чӣ шудааст ё чӣ хоҳад шуд?

Тоҷиддин Асомуддинзода: “Тасмими бозгардондани ҷавонони тоҷик аз кишварҳои исломӣ соли 2010 бо як даъвати президент Эмомалӣ Раҳмон гирифта шуд. Дар ин муддат талош шуд, онҳое, ки ғайриқонунӣ дар мактабҳои динии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доштанд, ба ватан оварда шаванд. Вақте ҳуҷҷати ин гурӯҳи ҷавонон барои идомаи таҳсил пешниҳод мешавад, аз тарафи Вазорати маориф ва илм мавриди омӯзиш қарор мегирад. Баъдан, бо дар назардошти сатҳи таҳсил ба курсҳо ё солҳои хониши Донишкадаи исломӣ тавсия дода мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон ба донишҷӯён имтиёз додааст, ки дар сурати баробарарзишии таҳсил дар мактабҳои динии хориҷӣ дар Тоҷикистон таҳсилро идома диҳанд. Онҳое, ки муроҷиат кардаанд, аз чунин имтиёзҳо бархӯрдор шудаанд.”

Радиои Озодӣ: Соли гузашта Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон дар бораи либоси ягонаи духтарон дар Донишкадаи исломӣ хабар дода буд. Фикр намекунед, ки ин масъала бо озодиҳои шаҳрвандӣ дар ихтилоф аст?

Бинои Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам
Бинои Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам

Тоҷиддин Асомуддинзода: “Донишкадаи исломӣ бо таваҷҷуҳ ба мубориза бо бегонапарастӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ либосҳоро ба духтарон тавсия медиҳад. Дар ин намуди либосҳо арзишҳои миллӣ ба эътибор гирифта мешаванд. Мо дар мувофиқа бо Маркази исломии Тоҷикистон либосеро интихоб намудем, ки бо меъёри исломӣ ҷавобгӯ буда, дар он элементҳои миллӣ ҳам дида мешавад. Ин либосро дар дохили донишкада ваё дар беруни он ба бар мекунанд, озод ҳастанд ва ҳеҷ мониа вуҷуд надорад.”

​Радиои Озодӣ: Манзуратон аз элементҳои миллӣ чӣ аст?

Тоҷиддин Асомуддинзода: “Манзури мо ин аст, ки ҳангоми таҳияи ин навъи либос рангҳое ба мисли адрасу атлас ба эътибор гирифта шудааст. Талошамон ин буд, ки аз таблиғи либосҳои бегона дар ҷумҳурӣ ҷилавгирӣ шавад ва ба ҳамин хотир ин иқдом гирифта шудааст. Ба фикрам, ҷои бадӣ надорад.”

Радиои Озодӣ: Хатмкардаҳои Донишкадаи исломӣ бо чӣ кор фаро гирифта хоҳанд шуд? Оё онҳо метавонанд ба масҷид рафта ва имом-хатиб шаванд ва ё дар марказҳои дигари исломӣ ба кор шурӯъ кунад?

Тоҷиддин Асомуддинзода: “Албатта, барои имом-хатиб шудан дониши бештари исломӣ ва таҷриба тақозо мешавад. Як донишҷӯ он саводеро, ки барои анҷоми вазифаи имом-хатиб кофӣ бошад, надорад.”

Радиои Озодӣ: Ҳоло дар донишкада чанд нафар таҳсил мекунанд ва чӣ теъдоде аз онҳо духтарон ҳастанд?

Тоҷиддин Асомуддинзода: “Дар маҷмӯъ, беш аз 1400 донишҷӯ дар инҷо бо таҳсил фаро гирифта шуда, теъдоди духтарон 400 нафар аст. Шумораи духтарон дар давоми ин солҳо тағйир наёфтааст.”

XS
SM
MD
LG