Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, нафаре, ки бо номи “Абу Усомаи Норакӣ” ва сухангӯи тоҷики гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ироқ муаррифӣ мешавад, ҷавонони ноогоҳро барои “ҷиҳод” дар Афғонистон даъват мекунад.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, “Абу Усомаи Норакӣ” дар як соли ахир ҳафт шаҳрванди Тоҷикистонро барои рафтан ба “ҷиҳод” дар Афғонистон розӣ кардааст.

“Абу Усомаи Норакӣ” номи Тоҷиддин Назаров, сокини 30-солаи деҳаи Узбеклангари шаҳри Норак аст, ки мақомот аз ӯ “хатарноктарин” таблиғгари тоҷики ДИИШ ном мебаранд. Вай охири соли 2014 ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайваста, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ақидаҳои ин гурӯҳро таблиғ мекунад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бар асоси иттилои онҳо, "Абу Усомаи Норакӣ" то як моҳи пеш дар шаҳри Мавсили Ироқ будааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Як ҳамсӯҳбати мо аз мақомоти тафтишотии Тоҷикистон рӯзи 28 уми май гуфт, 14 нафар аз боздоштшудаҳо бо гумони узвият дар ДИИШ ва барафрохтани ин парчами созмони мамнӯъ, соли 2015 дар Норак шаҳодат доданд, ки зери таблиғи ин нафар ба ин роҳ рафтаанд. Зимнан, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, дар як соли ахир “Абу Усомаи Норакӣ” ҳафт шаҳрванди Тоҷикистонро барои ба ном “ҷиҳод” рафтан ба Афғонистон розӣ кардааст. Аммо ин ҳамсуҳбати мо шеваи ба даст овардани ин иттилоъро баён накард.

Маҳмадраҳим Назаров, падари 60-солаи Тоҷиддин Назаров зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ
Маҳмадраҳим Назаров, падари 60-солаи Тоҷиддин Назаров зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ

Аввали моҳи марти имсол мақомот як зану шавҳарро бо се кӯдаки ноболиғ аз Зоҳидони Эрон ба Тоҷикистон оварданд, ки талош доштанд, ба ДИИШ дар Афғонистон бипайванданд. Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 25-уми май бо анҷоми баррасии парвандаи ин хонавода, Абдулфайз Вазирови 33-соларо ба 13 ва ҳамсараш Моҳира Салимоваи 32-соларо ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Се кӯдаки онҳо барои парасторӣ ба пайвандонашон супурда шуд.

“Дар додгоҳ ин ҷуфт шаҳодат доданд, ки бо таблиғи “Абу Усомаи Норакӣ” мехостанд, ба Сурия раванд. То Туркия рафтанд, вале онҷо роҳ баста буд. “Абу Усомаи Норакӣ” ба онҳо роҳ нишон медиҳад, ки тариқи Эрон ба Афғонистон бираванд ва аз онҷо ба ДИИШ бипайванданд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо дар мақомоти интизомии Тоҷикистон.

Аз шаҳри Норак, ки дар 80-километрии шаҳри Душанбе қарор дорад, ба гуфтаи мақомот, беш аз 30 нафар ба гурӯҳҳои тундрав дар Сурия ва Ироқ пайвастаанд.

Абу Усомаи Норакӣ кист?

Маҳмадраҳим Назаров, падари 60-солаи Тоҷиддин Назаров ё “Абу Усомаи Норакӣ” рӯзи 30-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки писараш моҳи сентябри соли 2014 ба Русия рафт ва аз онҷо нопайдо шуд. Баъдан, мақомот ба ӯ гуфтанд, ки писараш дар Ироқ ба гурӯҳи тундрави ДИИШ пайвастааст ва наворҳои сӯҳбати Тоҷиддинро бо ришу мӯйҳои дамида барояш нишон додаанд.

“Суханҳои ӯро гӯш карда натавонистам. Нахостам, тамошо кунам. Фишорам баланд шуд. Гапҳояш беақлона буд. Ин қадар ӯ беақл шудааст, ки дигар аз баҳраш гузаштам. Модараш баъди рафтани ӯ бемор шуд. Ҳамаи мо зиқем. Дар хонаи мо аз рӯзи рафтани ӯ ғам аст. Касе аз ҳамин давлат баромада меравад, худозада ҳаст”, - гуфт ӯ.

“Абу Усома мехост дар ГЭС-и Норак кор кунад”

Падари “Абу Усомаи Норакӣ” собиқаи 30-солаи кор дар нирӯгоҳи барқи обии Норакро дорад. Ӯ мегӯяд, шаш фарзандро бо ранҷ бузург кардааст ва дар пайвастани писараш ба ДИИШ худро гунаҳкор медонад.

Ӯ гуфт, “вақте дар муҳоҷират буд, занг мезад, мегуфт, ҷои кори дуруст наёфтааст. Дар бораи ин гуна созмонҳо ҳеҷ вақт сӯҳбат намекард. Мақсадаш кор кардан дар ГЭС-и Норак буд. Мо худро дар рафтани ӯ гунаҳкор медонем, ки натавонистем пеши роҳашро бигирем. Натавонистем, ки барояш кор пайдо кунем”.

Маҳмадраҳим мегӯяд, писараш вақтҳои охир мазҳабӣ шуда буд, вале ҳеҷ гоҳ фикр намекард, ки ин роҳ ӯро ба ДИИШ мебарад. “Баъзе хешу табор аз мо рӯ гардонданд. Ман ҳоло ҳатто ба зинда буданаш бовар надорам. Онҷо сараш бомба меборад. Вақте бибиаш аз дунё гузашт, бо модараш тамос гирифта, таъзия баён кардааст. Тамом. Дигар ҳеҷ вақт занг назадааст. Лекин, фикр мекунам, ки инҳоро фиреб карда бурданд. Ҳама бачаҳои ҷавонро мебаранд, ягон одами калонсол ба онҷо намеравад.”

Анас, нафаре, ки Тоҷиддинро ДИИШ бурд

Мақомот мегӯянд, ин ҷавонро ҳамроҳ бо беш аз 100 тани дигар Анӯшервон Азимов, ки бо номи “Анас” шинохта мешуд, ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” бурдааст. Анӯшервон Азимов, сокини 26-солаи деҳаи Тутқавули Норак буд, ки соли 2016 дар Сурия кушта шуд. Ба гуфтаи мақомот, пас аз кушта шудани “Анас” вазифаи таблиғгарии ӯро Тоҷиддин Назаров бар дӯш гирифт. Вай дар наворҳои таблиғиаш низ ин гуфтаҳои мақомотро тасдиқ мекунад.

Ба гуфтаи мақомот, пас аз кушта шудани “Анас” вазифаи таблиғгарии ӯро Тоҷиддин Назаров бар дӯш гирифт. Вай дар наворҳои таблиғиаш низ ин гуфтаҳои мақомотро тасдиқ мекунад.

Сокина Қодирова, раиси маҳаллае, ки дар онҷо Тоҷиддин зиндагӣ мекард, гуфт, ҳоло миёни ҷавонон пайваста таблиғ мебаранд, то ба доми ӯ наафтанд. Қодирова гуфт, ҷавонон чеҳраи аслии Тоҷиддинро бояд бишиносанд ва аз таблиғоти эҳтимолии ӯ эҳтиёт кунанд. Ӯ гуфт, “дар як давлати тинҷу обод зиндагӣ дорем. Бисёр дар хиҷолатем, ки ҷавонони мо ба равияҳои террористӣ шомил мешаванд. Афсӯс, ки ҷавонони мо фиреб хӯрдаанд, вале бояд кӯшиш кунем, ки дигарон фиреб нахӯранд”.

Рустам Асоев, як сокини ин деҳа, низ гуфт, наворҳои видеоии Тоҷиддинро ба онҳо ва фарзандонашон нишон додаанд, то нагузоранд, ки фарзандонашон ба майдонҳои ҷанг бираванд.

Аз шаҳри Норак, ки дар 80-километрии шаҳри Душанбе қарор дорад, ба гуфтаи мақомот, беш аз 30 нафар ба гурӯҳҳои тундрав дар Сурия ва Ироқ пайвастаанд. Аксари онҳо аз ҷамоати Пули Сангин ва атрофи он буд, ба иддаои мақомот, зери таъсири “Анас” ва “Абу Усомаи Норакӣ” ба ин роҳ рафтаанд. Роҳе, ки ҳоло “Абу Усомаи Норакӣ” талош дорад, то онро ба самти Афғонистон тағйир бидиҳад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG