Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав: Фармоишгари таркиши Петербург Абу-Салоҳ Ал-Узбекӣ аст


Мақомоти амниятӣ дар Русия гуфтаанд, ки таркиш дар метрои шаҳри Сантк-Петербургро як фармондеҳи узбактабори яке аз гурӯҳҳои тундрав дар Сурия супориш додааст.

Нашрияи "Газета.ру" бо такя ба манобеи худ дар мақомоти амниятии Русия навишт, омилони ин таркиш аз Абу Салоҳ Ал-Узбекӣ, як фармондеҳи гурӯҳи "Тавҳид-вал-ҷиҳод” дастури ҳамлаи хунинро гирифтаанд. Ба навиштаи расонаҳои русӣ, гурӯҳи "Тавҳид-вал-ҷиҳод" бо "Ҷабҳат-ан-Нусра", ки дар Русия ва дигар кишварҳо ҳамчун созмони террористӣ эълон шудааст, наздик мебошад.

Дар таркиши бомбаи худсохт дар дохили метрои Санкт-Петербург рӯзи 3 апрел 15 нафар кушта ва ҳудуди 50 тани дигар захмӣ шудаанд. Бомбгузори эҳтимолӣ Акбарҷон Ҷалилов як шаҳрванди Қирғизистон мебошад, ки ҳамакун дар боздошт ба сар мебарад.

То кунун ба гуфтаи мақомоти интизомии Русия дар робита ба бомбгузории маргбор дар шаҳри Санкт Петербург, дувумин шаҳри бузурги кишвар, 10 нафар ва аксаран зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон, боздошт шудаанд.

Акбарҷон Ҷалилов, ки ба гуфтаи мақомоти Русия бомби худсохташро дар дохили метро тарконд, зодаи Қирғизистон буда ва баъдан шаҳрвандии Русияро ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG