Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯйхати сиёҳи Бонки Миллӣ: "Бо инҳо... муомила накунед". САДО


Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри номи беш аз 200 нафар афроди таҳти пайгард ва 15 созмони фаъолияташ мамнӯъ, ки аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон "террористӣ" ва "экстремистӣ" эълон шудаанд, хостори қатъи ҳамагуна ҳамкории молии сокинону созмонҳои молии кишварҳои ҷаҳон бо онҳо шудааст.

Бояд кишварҳое, ки бо мо ҳамкории пуливу молӣ доранд, ҳисобҳои Ҳизби наҳзат, “Гурӯҳи 24”, “Тоҷикистони Озод”-ро бар асоси ин руйхати мо банданд.

ҲНИТ, Гурӯҳи 24... ва бародари Ғаффор Мирзоев

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, “Гурӯҳи 24”, “Тоҷикистони озод”, “Ихвон-ул-муслимин”, “Толибон”, гурӯҳи "Давлати исломӣ", "Ал-Қоида" ва дигар ҳизбу созмонҳое шомили ин рӯйхати Бонки миллии Тоҷикистон шудаанд. Аъзои гурӯҳи ҷамоати "Ансоруллоҳ", "Ҳаракати исломии Узбакистон" ва афроди муттаҳам дар интиқоли маводи мухаддир, силоҳ ва қочоқӣ инсон низ шомили ин рӯйхат ҳастанд. Ба гуфтаи мақомот, бархе аз ин афрод, ба мисли Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев дар зиндон қарор доранд ва бархеи дигар мисли Амриддин Табаров, раҳбари гурӯҳи тундрави "Ансоруллоҳ" кушта шудаанд, вале ҷой додани исми онҳо дар рӯйхат ба хотири баста шудан ва қонунӣ кардани маблағҳоест, ки эҳтимол дар суратҳисоби онҳо дар хориҷ қарор дорад.

Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев
Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев

Як мақоми Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ҳадафи нашри ин рӯйхат – мунҷамид ё ҳабс кардани пулҳои ин афроду созмонҳоест, ки Тоҷикистон рӯйхаташонро пешниҳод кардааст. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, ин рӯйхат бар асоси талаботи Financial Action Task Force, як ниҳоди байналмилалии мубориза бо шустушӯи пул тартиб ёфтааст.

"Бояд ин ҳисобҳо баста шаванд"

Ӯ гуфт, “бояд кишварҳое, ки бо мо ҳамкории пуливу молӣ доранд, ҳисобҳои Ҳизби наҳзат, “Гурӯҳи 24”, “Тоҷикистони Озод”-ро бар асоси ин руйхати мо банданд. Тоҷикистон низ дар доираи ин ҳамкорӣ интиқоли пул аз афродеро, ки бо терроризм сари кор доранд ва узви созмонҳое мисли ДИИШ ҳастанд, ҷилавгирӣ мекунад. Ин гуна руйхатҳо миёни созмонҳои пулӣ ва бонкҳои кишварҳои ҷаҳон ба хотири ҷилавгирӣ аз маблағгузории терроризм ва дигар ҷиноятҳо доду гирифт мешавад.”

Шариф Раҳимзода
Шариф Раҳимзода

Шариф Раҳимзода, вакили порлумон ва раиси пешини Бонки миллии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар доираи созишномаҳои байналмилалӣ талош мешавад, то аз гардиши маблағ ба хотири содир шудани ҷиноят ҷилавгирӣ шавад. Вай афзуд, "бояд ба ин васила назорат шавад, ки маблағҳо барои терроризм, хариди силоҳ, маводи мухаддир сарф нашаванд. Департаменти мониторинги молиявӣ ба он хотир таъсис ёфт, ки гардиши чунин маблағҳоро бояд ошкор кунад. Амалиёте, ки шубҳаноканд, бояд пайдо кунад, ки ин чӣ гуна маблағ аст, куҷо мераванд, барои чӣ мераванд ва ғайра. Ҳар як корманди Бонк ӯҳдадор аст, ки ҳангоми мушоҳидаи амалиёти шубҳанок ба Департаменти мониторинги молиявӣ хабар диҳад."

Пешниҳоди ҳафт ҳазор "амалиёти шубҳанок"

Нашри ин рӯйхат дар ҳолест, ки моҳи январи соли ҷорӣ Бонки миллии Тоҷикистон ҳамзамон беш аз ҳафт ҳазор рӯйхати амалиёти шубҳанокро барои тафтиш ба Додситонии кулли Тоҷикистон ирсол кард.

Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон
Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон

Ҷамшед Сангзода, сардори Раёсати парвандаҳои махсусан муҳими Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, тафтиш бояд рӯшан кунад, ки аз ин ҳафт ҳазор амалиёти бонкии интиқоли пул, ки масъулони бонкҳои Тоҷикистон шубҳа кардаанд, чӣ миқдораш ба хотири маблағгузории терроризм ва ҷиноятҳои дигар ворид шудааст. Аммо ӯ гуфт, “ин маънои онро надорад, ки ҳамаи ин нафарон барои маблағгузории терроризм амал карда бошанд. Маблағҳои шубҳанок ҳаст, вале шояд камтар бошанд. Инҳо санҷида мешаванд.”

Кашфи ирсоли пул барои харидани билет то Сурия

Аммо ба қавли як ҳамсӯҳбати дигари Радиои Озодӣ дар Додситонии кулл, 10 ҳолати интиқоли маблағ ба хотири амалҳои террористӣ ошкор шуда, нисбат ба як ҳолати дигар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин мусоҳиби мо гуфт, ду ҳолат нисбат ба аъзои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон аст, ки тариқи яке аз Бонкҳои кишвар пул интиқол додаанд ва ҳашт ҳолати дигар ба аъзои ДИИШ дар Русия ва Туркия марбут аст, ки ба хотири харидани билет ва мавод барои анҷоми таркиш пул ирсол кардаанд. Аммо то ҳол тафтиши комили ин рӯйхат ба охир нарасидааст.

QIWI
QIWI

Се соли пеш мақомот интиқоли 12 ҳазор доллари амрикоиро ошкор карда буданд, ки ба хотири харидории чипта ба ҷавонони тоҷик барои сафар ба Сурия фиристода шуда буд. Ахиран тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм”-ро имзо шуд. Ин қонун ба кормандони бонкҳои Тоҷикистон ҳақ медиҳад, ҳангоми шубҳанок будани амалиёти бонкӣ онҳоро муваққатан қатъ кунанд. Ҳамчунин, бар асоси ин қонун бонкҳои Тоҷикистон вазифадоранд, ҳамасола давраҳои омӯзиши бехатарии иқтисодӣ анҷом диҳанд.

Ҳамёни интернетӣ

Ду соли пеш мақомоти Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз интиқоли пул ба суратҳисоби «ҷиҳодиён» пешниҳоди бастани ҳамёни интернетиро карда буд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ афроде, ки зоҳиран узви гурӯҳҳои ифротӣ буданд, бо навиштани рақамҳои ҳамёни электронии худ пардохти пул аз сокинонро талаб мекарданд. Мақомот бо ирсоли рақамҳои ҳамёни интернетӣ аз ширкати «QIWI Wallet» ва ё ҳамёни интернетӣ масдуд кардани суратҳисобҳоеро дархост карда буданд, ки эҳтимол барои гурӯҳҳои тундрав маблағ ҷамъ мекарданд.

Се соли пеш низ бонкҳои Тоҷикистон дастур гирифта буданд, ки интиқоли пул аз Сурия ва Ироқро мӯшикофона таҳқиқ кунанд. Аммо ба гуфтаи коршиносон гурӯҳҳои тундгаро бештар аз ҳамёнҳои электронӣ ҷиҳати муомилоти пулӣ кор мегиранд, зеро назорат ва мушаххас кардани онҳо мушкилтар аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG