Пайвандҳои дастрасӣ

Х.Холиқназар: “Чин мисли дигарон нест. Ба Тоҷикистон садоқат дорад” ВИДЕО


Худойбердӣ Холиқназар, раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон – бо як сафари давлатӣ ба Чин рафтааст. Худойбердӣ Холиқназар, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ, рӯзи 30-юми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин сафарро муҳим донист ва гуфт, ки интизор меравад дар бахши иттилооту рушди энержӣ, маориф, иқтисод ва сармоягузорӣ созишнома ба имзо бирасад. Оқои Раҳмон дар ҷараёни сафараш дар ҳамоиши раҳбарони кишварҳои узви БРИКС дар Пекин низ иштирок хоҳад кард.

Гузориш: Чин - бақои иқтисоди Тоҷикистон то 2020

Ҳамкориҳои мо дар 25 сол собит кард, ки Чин барои Тоҷикистон ҳақиқатан шарики стратегӣ аст. Чунки садоқат аз ҷониби Чин риоя мешавад. На мисли кишварҳои дигар, ки ваъдаҳои бисёр доданду ягон кор нашуд. Шарике, ки барои рушди кишварат кумак мекунад, албатта, шарики стратегӣ ва боътимод хоҳад буд

Худойбердӣ Холиқназар: "Бояд гуфт, ки ин сафар аз нуқтаи назари рушди ҳамкориҳои гуногунпаҳлӯ бо Чин аҳамияти хос дорад. Чин аз шарикони стратегии Тоҷикистон ба шумор меравад. Тоҷикистон манфиатдор аст, ки ҳамкориҳоро бо Чин тақвият бахшад. Ин сафар аз он ҷиҳат пураҳамият аст, ки дар ҳолати мураккаби геополитикии ҷаҳони имрӯз, шарикии стратегӣ боз ҳам тақвият ёбад. Равобиту ҳамкориҳои мутақобилан судманд барои Чин зарурист."

Радиои Озодӣ: Аз назари Шумо, Чин барои Тоҷикистон чӣ аҳамият қоил аст?

Худойбердӣ Холиқназар: "Равобиту ҳамкориҳои мо дар тӯли 25 сол собит кард, ки Чин барои Тоҷикистон ҳақиқатан шарики стратегӣ аст. Чунки садоқат аз ҷониби Чин риоя мешавад. Санадҳое, ки миёни ду кишвар ба имзо мерасад, Чин ҳатман ҷузъиёти онҳоро иҷро мекунад. Бибинед, аз соли 2006, вақте созишномаҳо барои сохтмони инфрасохтор, бахусус корхонаҳо ва иншооти иҷтимоиву маишӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, тамоми созишномаҳо аз тарафи Чин сад дарсад иҷро шуданд. На мисли кишварҳои дигар, ки ваъдаҳои бисёр доданду ягон кор нашуд. Барои ҳамин, мебинем, ки Чин як шарики боэътимод ва боварбахш барои Тоҷикистон аст. Шарике, ки барои рушди кишварат кумак мекунад, албатта, шарики стратегӣ ва боътимод хоҳад буд."

Навори видеоро дар инҷо тамошо кунед:

"Чин дар дунявияти ҳамсояҳояш манфиатдор аст"

Радиои Озодӣ: Аммо Тоҷикистон барои Чин чӣ аҳамияте дорад?

Худойбердӣ Холиқназар: "Бешубҳа, Тоҷикистон низ барои Чин пураҳамият аст. Чин дар стратегияи ояндабинии худ чунин мадди назар гирифтааст: кишварҳое, ки дар гирду атроф ё ҳамсоягияш қарор доранд, бояд дар ҳолати суботу амният ва пешрафт бошанд. Агар кишварҳо аз нуқтаи назари иҷтимоӣ, сиёсӣ ва низомӣ мушкилоте дошта бошанд, албатта, ин таъсир ба Чин ҳам хоҳад расид. Кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки кишварҳои мусалмонӣ ҳастанд, албатта, Чин мехоҳад ин кишварҳо дунявӣ бошанд. Ифротгароие, ки дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Ховари Миёна аст, дар ин кишварҳо набошад, то ба Чин ин гуна зуҳуроти номатлуб нагузарад. Бубинед, ҳамкориҳои иқтисодии Чин бо Қирғизистон аз Тоҷикистон дида бештар ҳаст. Бо Русия ҳатто ба миллиардҳо доллар мерасанд. Бо Қазоқистон ҳам аз миллиардҳо доллар гузаштаанд. Барои ҳамин, Чин мехоҳад бо тамоми ҳамсояҳояш муносибати хуб дошта бошад ва ин кишварҳо ҳамеша амну субот ва шукуфо бошанд ва мушкиле эҷод нашавад."

Радиои Озодӣ: Албатта, ҳудуди ду даҳсола Чин аз шарикони стратегӣ, ба хусус дар арсаи иқтисоду тиҷорат барои Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дурнамои ин равобитро чӣ гуна мебинед?

Лаҳзае аз сӯҳбати Хуршеди Ҳамдам бо Худойбердӣ Холиқназар
Лаҳзае аз сӯҳбати Хуршеди Ҳамдам бо Худойбердӣ Холиқназар

Худойбердӣ Холиқназар: "Созишномаи шарикии стратегӣ бо Чин дар соли 2013 ба имзо расид. Ҳанӯз чаҳор сол ҳам сипарӣ нашудааст, ки ҳамкориҳо дар ин чорчӯб ҷараён дорад. Дар Тоҷикистон самити Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой баргузор гардид ва ҳамзамон сафари расмии раиси ҷумҳурии Чин сурат гирифт. Дар замони ин сафар санадҳои хеле муҳим ба имзо расиданд, ки дар ҳудуди 3,5 миллиард доллар ба иқтисоди Тоҷикистон ҳазина мешаванд. Ҳамчунин созишномаи интиқоли лӯлаи газ тариқи хоки Тоҷикистон аз Туркманистон ба Узбакистону Чин мавриди иҷро қарор гирфтааст, ки ҳазинаи он низ 3,5 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ин таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва дигар ҷанбаҳо хоҳад буд. Албатта, дар тӯли ин сохтмон боз инфрасохторҳои иқтисодӣ, назири корхонаву таъсисоти маишӣ бунёд хоҳад шуд ва ин ҳазорҳо ҷойи кориро ба миён меорад."

"Ба Тоҷикистон ҳеҷ хатар надорад"

Радиои Озодӣ: Ҳоло беш аз 1 миллиард доллар қарзи берунии Тоҷикистон аз Чин аст. Оё ин маънои вобастагии Тоҷикистон аз Чинро надорад?

Агар Тоҷикистон ҳамагӣ 0,5 дарсади қаламрави худро ба Чин дода бошад, пас, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон чӣ қадар заминро ба Чин додаанд? Маълум мешавад, ки мо камтар аз ҳамаи дигар кишварҳо замин додем

Худойбердӣ Холиқназар: "Ин фикри коршиносони ғарбӣ аст ва ман инро рад мекунам. Албатта, байни ғарбиҳо ва Чин рақобат вуҷуд дорад ва ғарбиҳо кӯшиш мекунанд, дар фазои иттилоотӣ таблиғ кунанд, ки Чин хатар аст ва дигару дигар. Аммо худашон ҳеҷ кореро барои Тоҷикистон анҷом намедиҳанд. Манзурам корхонаи бузурге ё иншооти зарурӣ намесозанд. Аммо дар масъалаи қарз: қарзҳое, ки аз ҷониби Чин гирифта шудаанд, бо фоидаи пойинтаре, дар ҳудуди 2 дарсад ва барои 40 сол ихтисос ёфтаанд. Тоҷикистон низ ба тадриҷ қарзҳояшро дар назди Чин пардохт мекунад. Метавонам бигӯям, он тарҳҳое, ки бо қарзи Чин дар солҳои 2006, 2007 ва 2010 иҷро шуданд ва корхонаҳое бунёд гардиданд, аллакай аз ҷониби Тоҷикистон қарзҳо баргардонда мешаванд ва мизони онҳо коҳиш ёфтаанд. Ба ин далел ин ҳеҷ хатаре барои Тоҷикистон надорад."

"Ягон экспансияи Чин вуҷуд надорад"

Радиои Озодӣ: Вале бахше аз коршиносон ин равандро экспансияи ороми Чин дар Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд...

Худойбердӣ Холиқназар: "Аввалан, ин иддае аз коршиносон, коршиносони ғарбӣ ҳастанд ё дар созмонҳои ғарбии амрикоӣ ва рус дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Ҳадафи онҳо сиёҳ кардани рақибашон буда ва намехоҳанд, то кореро дар Тоҷикистон анҷом диҳанд. Ман шахсан ягон экспансияи Чинро дар Тоҷикистон намебинам. Бисёре аз ин коршиносон чандин бор эълон карданд, ки дар Тоҷикистон аз 98 то 100 ҳазор чинӣ ҳастанд. Ҳол онки шумораи чиниҳо дар ҳудуди кишвар 4 ҳазору 600 нафарро ташкил медиҳад. Аз чиниҳо афғонҳову эрониҳо бештаранд."

Радиои Озодӣ: Чанд соли пеш қисмате аз замини Тоҷикистон дар ихтиёри Чин гузошта шуд. Нигаронии коршиносон низ он аст, ки Чин экспансияи ороми худро идома медиҳад. Эҳтимол оянда қисмати дигари замини Тоҷикистонро бигирад. Назари шумо дар ин робита чист?

Худойбердӣ Холиқназар
Худойбердӣ Холиқназар

Худойбердӣ Холиқназар: "Ин фикр комилан ғалат аст. Барои онки тамоми он заминҳое, ки аз Тоҷикистон ба Чин дода шуд, дар хатти нейтралӣ буд ва марз аз замони Шӯравии пешин мушаххас нашуда буд. Ин масъалаҳои ҳалношудаи марзӣ байни Иттиҳоди Шуравӣ ва Чин буданд, ки ҳалли он ба кишварҳои пасошӯравӣ, назири Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия вогузор гардид. Агар Тоҷикистон ҳамагӣ 0,5 дарсади қаламрави худро ба Чин дода бошад, пас, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон чӣ қадар заминро ба Чин додаанд? Маълум мешавад, ки мо камтар аз ҳамаи дигар кишварҳо замин додем ва ин заминҳои қаламрави нейтралӣ бозмонда аз замони Шуравӣ буданд. Ин қисмат на аз мо ва на аз Чин буд, барои ҳамин одилона тақсим шуданд."

Радиои Озодӣ: Дар канори ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ахиран Чин талош дорад бо Тоҷикистон ҳамкориҳои низомиро низ тавсеа диҳад. Ба ҳамин манзур, дар моҳи августи соли гузашта ба раҳбарии Чин Эътилофи низомии зидди терроризм бо ширкати Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Чин таъсис шуд. Ба назари Шумо, ҳадаф аз густариши ҳамкориҳои низомии Чин бо Тоҷикистон чӣ аст?

Худойбердӣ Холиқназар: "Тоҷикистон сиёсати дарҳои боз ва бисёрсамтиро пеша кардааст. Тоҷикистон на танҳо бо Чин, балки бо кишварҳои дигар, аз ҷумла Амрико ва Русия ҳамкории низомӣ дорад ва машқҳои низомӣ низ анҷом мешавад. Ягон афзалият ба Чин ё кишвари дигар вуҷуд надорад. Эътилофҳои мухталифе миёни кишварҳо вуҷуд дорад. Аммо ҳадафи аслии Эътилофи ахир – Чин, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон он аст, ки мушкилоти аслӣ дар Афғонистон, манзур ноамниҳо ва бесуботиҳо ба Осиёи Марказӣ нагузарад. Ҷилави ин ноамниро гирифтан лозим, то кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бесубот нашаванд ва ба Чин низ таъсир накунад."

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG