Пайвандҳои дастрасӣ

Мизони табодули молу коло миёни Тоҷикистон ва Чин то соли 2020 то 3 миллиард доллар афзоиш меёбад. Ин нукта дар ҷараёни бизнес-форуми Тоҷикистону Чин садо дод, ки рӯзи 22 август дар Душанбе бо иштироки раиси Палатаи савдои Тоҷикистон Шариф Саид ва соҳибкорони вилояти Хайняни Чин дар Душанбе ҷараён гирифт.

Дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон рӯзи 23-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, дурнамои то 3 миллиард афзоиш ёфтани гардиши савдо миёни ду кишвар то соли 2020 бори аввал зимни сафари Си Ҷин Пин, раисҷумҳури Чин дар соли 2014 ба Тоҷикистон баён шуда буд. Шариф Саид низ бо ёдоварӣ аз ин гуфтаи раҳбари Чин ин нуктаро

Танҳо як вежагии сармоягузории Чин ин аст, ки кӯшиш мекунад, иҷрогари тарҳҳое, ки сармоягузорӣ кардааст, ширкатҳои худаш бошад ва ҳамчунон маҳсулоти сохтмон низ аз Чин харидорӣ шавад

дар ҷараёни форум баён дошт, гуфтанд дар Палатаи савдо.

Чин баъд аз Русия дуввумин шарики тиҷоратии Тоҷикистон аст. Беш аз 27 дарсади воридоти Тоҷикистон аз Чин аст. Мизони гардиши савдо миёни Тоҷикистону Чин дар соли 2016 - 885 миллион долларро ташкил дода, 11 дар сад бештар назар ба соли 2015 мебошад. Аз ин миқдор маблағ Тоҷикистон дар ҳаҷми 841 миллион доллар аз Чин мол ворид кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Бонки Авроосиёии Рушд дар гузориши тозааш мегӯяд, сармоягузориҳои Чин дар се соли оянда ягона манбаи рушди иқтисоди Тоҷикистон хоҳад буд. Дар ин гузориши Бонки Авроосиёи Рушд дар мавриди Тоҷикистон гуфта мешавад то соли 2020 “сармоягузориҳои Чин муҳимтарин омили рушди иқтисодӣ хоҳад буд”. Муаллифони ин гузориш навиштаанд, дар пасманзари коҳиши интиқолҳои пулии муҳоҷирони корӣ аз хориҷа, ки дар соли гузашта 54 дарсад кам шуд, ягона нерӯи пешбарандаи иқтисоди Тоҷикистон метавонад сармоягузориҳои Чин бошад.

Чин пешшарт надорад

Баҳром Шарипов, номзади илмҳои иқтисод рӯзи 22-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Чин ба фарқ аз шарикони дигари Тоҷикистон, ба ҳангоми сармоягузорӣ шарти зиёде намегузорад ва аз ин рӯ Тоҷикистон ҳам ба ҷалби чунин сармоягузориҳо иштиёқи бештар зоҳир мекунанд.

Ӯ гуфт: “Чин асосан ба барномаҳои рушде, ки худи давлат таҳия кардааст, сармоягузорӣ мекунад. Дар баъзе ҳолатҳо агар сармоягузорӣ ба истихроҷи ягон кону маъдан равона шуда бошад, як қисми соҳибмулкиро ба худ мегирад, яъне коршарики рушд мегирад. Аммо мисли дигар созмонҳои байналмиллалӣ ва давлатҳо пеш аз додани қарз даҳҳо пешшарт намегузорад, ки аз паи гузаронидани ислоҳоту талабҳои сиёсӣ шавад. Аз ин рӯ, ҳукумат низ ба ҷалби сармояҳои Чин манфиатдор аст”.

Бонки Авроосиёии Рушд менависад, созишномаи ҳамкории Тоҷикистон бо Чин то соли 2020 ширкати фаъоли ин кишварро дар сохтмони иншооти муҳими кишвар дар назар мегирад. Аз ҷумла, сохтмони лӯлаи интиқоли гази Чин аз қаламрави Тоҷикистон. Дар ин гузориш дар мавриди ҳаҷми сармоягузориҳои Чин дар се соли оянда чизе гуфта намешавад, аммо то ин замон танҳо ихтисоси 230 миллион доллари Чин барои сохтмони бинои порлумон дар шаҳри Душанбе маълумот дастрас шудааст.

Чин дар ҳоли ҳозир яке аз сармоягузорони аслӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аст. Қарзи Душанбе аз Пекин аллакай аз марзи 1 миллиард доллар гузашта ва ин тақрибан нисфи тамоми қарзҳои хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ин қарз асосан барои такмили сохторҳои зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони шоҳроҳҳо ва нақбҳо сарф шудааст. Ҳамчунин, Чин аз сармоягузорони аслӣ ба бахши саноати Тоҷикистон, умдатан дар шимоли ин кишвар маҳсуб меёбад. Чин қисмати асосии саҳмияҳои умдатарин корхонаи тиллои кишвар дар Зарафшонро низ дар даст дорад.

Дар ниҳояти амр - ҳадаф манфиати худи Чин аст

Баҳром Шарипов мегӯяд, сармоягузориҳои саховатмандонаи Чин ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа беҳадаф нестанд ва дар ниҳоят барои бештар шудани талабот ба маҳсулоти истеҳсолкардаи ширкатҳои худаш нигаронида шудаанд.

Вай гуфт: “Танҳо як вежагии сармоягузории Чин ин аст, ки кӯшиш мекунад, иҷрогари тарҳҳое, ки сармоягузорӣ кардааст, ширкатҳои худаш бошад ва ҳамчунон маҳсулоти сохтмон низ аз Чин харидорӣ шавад. Ба ин тартиб Чин талабот ба маҳсулоти худашро бештар карда ба таври ғайримустақим истеҳсолкунандагони ватаниашро дастгирӣ мекунад ва ҳам давлатҳои дигарро миннатдор. Дар натиҷа то 80 дарсади сармояҳои дар хориҷа гузоштаи Чин ба худаш бармегарданд”.

Шарипов гуфт, Бонки Авроосиёи Рушд як бонки таъсисдодаи Русия аст ва ба сармоягузориҳои Чин дар Тоҷикистон аз зовияи сиёсатҳои Кремлин назар мекунад. Бунёдгузорони Бонки Авроосиёи Рушд Қазоқистон ва Русия ҳастанд, ки аввалӣ 1 миллиард ва дуввуми 500 миллион доллар ба хазинаи ин бонк сармоягузорӣ карданд.

Тоҷикистон, Арманистон, Белорус ва Қирғизистон аз кишварҳои узви ин бонк ҳастанд, ки ҳар яке дар ин бонк сармоягузорӣ кардаанд. Тоҷикистон низ ба ин бонк 500 ҳазор доллар сармоягузорӣ кардааст. То ин замон Бонки Авроосиёи Рушд ва Бунёди рушд ва эътидоли Авроосиё, ки низ дар назди ин бонк фаъолият мекунад ба иқтисоди Тоҷикистон то 201 миллион доллар сармоягузорӣ кардаанд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG