Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдори рус: "Аз ҳар нерӯе, ки зидди ДИИШ бошад, пуштибонӣ мекунем" ВИДЕО


Дар ҳоле, ки расонаҳои мухталифи ҷаҳон аз эҳтимоли анҷоми амалиёти низомии Русия дар Афғонистон бар зидди гурӯҳҳои террористӣ гузоришҳо нашр мекунанд, як мақоми порлумони Русия мегӯяд, ки барои анҷоми чунин як иқдоме, Русия заминаи ҳуқуқӣ дар ихтиёр надорад. Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи ин мақомдори рус, Русия аз ҳар нерӯе, ки бар зидди ДИИШ қарор дорад, пуштибонӣ мекунад.

"Вазъи Афғонистон аз Сурия фарқ мекунад"

Дар ҳоле, ки Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон аз эҳтимоли мудохилаи низомии кишвараш дар умури Афғонистон изҳори беэътилоӣ кард, Франс Клинтсевич, муовини аввали раиси Кумитаи дифоъ ва амнияти Шӯрои Федератсияи Русия имрӯз, 29-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки кишвараш бо Афғонистон шартномаи ҳамкориҳои низомӣ надорад ва ба ин далел, наметавонад ба таври мустақим ба мавзеъҳои гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар, ҳамла кунад.

Давоми ду соли ахир мақомҳои ғарбӣ борҳо Русияро ба ҳимоят аз гурӯҳи Толибон муттаҳам кардаанд.

Вай дар мавриди ҳузури низомии Русия дар Сурия гуфт, ки нисбати ин кишвар вазъ тамоман дигар буд, зеро мақомоти Димишқ аз Маскав расман дархости кӯмаки низомӣ дар мубориза бо гурӯҳҳои тундрав карда буд. Аммо ҳукумати Афғонистон чунин дархостеро то ба ҳол ироа накардааст.

Мансабдори рус: "Аз ҳар нерӯе, ки зидди ДИИШ бошад, пуштибонӣ мекунем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00

Франс Клинтсевич ин ҳарфҳоро дар ҳошияи ҳамоиши байналмилалии "Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ", ки рӯзи 29-уми сентябр дар Маркази таҳқиқоти стратигии Тоҷикистон оғоз шуд, матраҳ кард. Дар ин ҳамоиш мақомот ва коршиносон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва Афғонистон ширкат доранд.

Вай дар посух ба ин суоли Радиои Озодӣ, ки "оё хабарҳо дар бораи таъмир шудани васоили ҷангии Толибон дар пойгоҳи низомии 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон то кадом андоза воқеият дорад", гуфт, ки дар ин бора иттилои дақиқ дар даст надорад. Вале вай афзуд, ки "Толибон ҳамчунон душмани Русия ҳастанд, аммо ин фикри ҷолиб аст ва Русия барои муқобила бо гурӯҳи "Давлати исломӣ", бояд рақибони ин гурӯҳро тақвият диҳад."

Ҳабси абад барои айбдоршавандаҳо ба ҷиноятҳои террористӣ

Дар ҳамоиши Душанбе эълон шуд, ки порлумони Русия тарҳи ислоҳот ба қонуни ҷиноии ин кишварро таҳия кардааст, ки тибқи он, ҳама айбдоршавандаҳо ба ҷиноятҳои террористӣ, ба ҳукми абад маҳкум мешаванд. Виктор Заварзин, муовини раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба кишварҳои ИДМ Виктор Заварзин гуфт, ки чунин иқдом ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои террористӣ дар қаламрави кишвараш гирифта мешавад.

Виктор Заварзин.
Виктор Заварзин.

Вай афзуд: "Мо дар фикри он ҳастем, ки қонунгузорӣ дар робита ба амалҳои террористиро ташдид кунем. Таҳқиқи ҳодисаҳои ахири террористӣ дар қаламрави Русия собит карданд, ки бархе аз онҳоро муҳоҷирони корие кардаанд, ки ақидаҳои ифротгароии гурӯҳҳои террористиро қабул доранд. Аммо ин кори дастҷаъмона аст ва мо мехоҳем, ки дар куллияи кишварҳои ИДМ чунин қонунҳо яксон бошанд."

Ин дар ҳолест, ки беш аз 1 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ва ахиран бархе аз онҳо ба гумони даст доштан дар амалҳои террористӣ, боздошт шудаанд.

Русия ва Толибон

Аз сӯи дигар, дар ду соли ахир мақомҳои ғарбӣ борҳо Русияро ба ҳимоят аз гурӯҳи Толибон муттаҳам карданд. Аз ҷумла, дар моҳи апрели соли ҷорӣ Фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон аз эҳтимоли ирсоли силоҳҳои русӣ ба гурӯҳи Толибон хабар дод ва гуфт, ки агар Маскав барои шӯришиён кӯмаки таслиҳотӣ кунад, Вашингтон бо ин мухолифат хоҳад кард.

Аз ин қабл як афсари баландпояи амрикоӣ ба хабарнигорон гуфта буд, ки Русия силоҳҳое монанди "Калашников" ва абзорҳои ҷангии миёна, назири пулемётро дар ихтиёри Толибон мегузорад. Ин афсари аршад, ки номаш фош нашуд, гуфта буд, ки Толибон аз ин силоҳҳо дар вилоятҳои Ҳилманд, Қандаҳор ва Урузгон истифода мекунанд.

Шаҳри Кундуз пас аз ҳамлаи Толибон. Тирамоҳи соли 2015.
Шаҳри Кундуз пас аз ҳамлаи Толибон. Тирамоҳи соли 2015.

Соли 2016 низ як намояндаи Хадамоти ҷосусии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфта буд, ки Маскав гурӯҳи Толибон дар Афғонистонро бо пул ва силоҳ таъмин мекунад. Ин намояндаи Хадамоти ҷосусии Амрико ба хабаргузори Associated Press гуфта буд, Русия равобиташро бо гурӯҳи Толибон таҳким бахшида ва аз ин гурӯҳ ҷиддан пуштибонӣ менамояд. Баъзе мақомҳои Афғонистон низ охири соли гузашта гуфтанд, ки Толибон аз тариқи марзҳои баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ аз тарафи Русия таъмин ва танкҳояшон таъмир мешавад.

Русия ирсоли аслиҳа барои Толибонро радд мекунад ва ба гуфтаи мақомҳои русӣ, тамоси онҳо бо Толибон, танҳо даъвати онҳо ба музокироти сулҳ бо ҳукумати Афғонистон аст. Русия ҳамчунин хостори лағви таҳримҳо алайҳи он раҳбарони Толибон мебошад, ки ба гуфтугӯҳои сулҳ бо ҳукумати Афғонистон ва раванди оштии миллӣ, ҳамкорӣ мекунанд.

Коршинос: "Русия ҳаққ надорад мустақиман зарба занад"

Маҳдӣ Собир, коршиноси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон дар шарҳи ин мавзӯъ гуфт, ки воқеан Русия ҳаққ надорад мустақим ба маҳаллҳои таҳти назорати гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, ҳамла кунад ё зарбаҳои мушакӣ занад. Ба эътиқоди Маҳдӣ Собир, агар террористҳо аз марзи Тоҷикистон убур кунанд, танҳо дар он ҳолат нерӯҳои СПАД ва Русия метавонанд ба Тоҷикистон дар мубориза бо ин гурӯҳҳо кӯмак кунанд.

Маҳдӣ Собир, коршиноси тоҷик.
Маҳдӣ Собир, коршиноси тоҷик.

Маҳдӣ Собир дар идома гуфт, "Тоҷикистон набояд интизори мудохилаи низомии Русия ба умури Афғонистон бошад. Ҳоло Душанбе нерӯи зарурӣ барои ҳифзи сарҳадҳои худро дар ихтиёр дорад. Аз сӯи дигар, бояд нерӯи чанд миллионнафарии тоҷикони шимоли Афғонистонро дар муқобала бо гурӯҳҳои террористӣ истифода кард."

Толибон кистанд?

Зимнан, Толибон як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар миёнаҳои солҳои 90-и асри гузашта дар фазои сиёсии Афғонистон арзи вуҷуд карда, дар соли 1996 Кобул ва аксари қаламрави Афғонистонро тасарруф кард. Режими Толибон, ки дар манотиқи таҳти назораташ меъёрҳои шадиди мазҳабиро ҷорӣ карда буд, дар поёни соли 2001 аз сӯи эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико сарнагун карда шуд. Аммо ин гурӯҳ ба муқовиматаш идома дод ва баъди хуруҷи нирӯҳои ҷангии эътилоф дар ду соли пеш, ба пешрафтҳое ноил шуда, ҳатто бархе аз манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро тасарруф кардааст.

XS
SM
MD
LG