Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

С.Сафаров: "C5+1 бар зарари ҳеҷ кишваре нест". ВИДЕО


Коршиносони тоҷик дар робита ба изҳори назари вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров, ки гуфт, Амрико набояд аз музокирот дар чаҳорчӯбаи гурӯҳи С5+1 сӯистифода кунад, мегӯянд, ки ин консепсия бар зарари ҳеҷ кишваре нест.

Лавров: "Амрико набояд аз С5+1 сӯистифода кунад"

Сергей Лавров рӯзи душанбеи 15-уми январ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи вазорати умури хориҷии Русия, иброз дошт, ки ИМА набояд аз ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи ин гурӯҳ, сӯистифода кунад. Гурӯҳи С5+1 аз Амрико ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ -Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон ташкил шудааст.

Дар меҳвари музокироти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва ИМА умдатан масоили марбут ба амнияти минтақа ва масоили ҳуқуқи башр қарор доранд.

Вазири умури хориҷии Русия дар ин нишасти хабарӣ аз ҷумла гуфт, ки кишвараш ба доштани шарикони хориҷии кишварҳои Осиёи Миёна мухолифате надоранд, аммо ин равобит бояд бо эҳтиром ба ӯҳдадориҳое, ки байни Русия ва ин кишварҳо вуҷуд дорад, амалӣ шавад.

Оқои Лавров гуфтааст, ки ба онҳо гузоришҳое дар бораи қасди Амрико барои сӯистифода аз C5+1 мерасанд, ки дар гузаштаҳо тарҳи Осиёи Миёнаи Бузург номида мешуд. Хабаргузории ТАСС аз қавли вазири умури хориҷии Русия навиштааст, ки лоиҳаи Осиёи Миёнаи Бузург амалӣ кардани барномаҳои кишварҳои ғарбӣ бо иштироки кишварҳои Осиёи Миёна ба самти ҷанубиро бидуни ширкати кишвараш дар назар дорад.​

"С5+1 ба суди минтақа аст"

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон дар робита ба изҳори назари вазири хориҷаи Русия гуфт, ки ҳарфҳои Сергей Лавров воқеият дорад, вале ин кӯшиши Амрико ба фоидаи кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Сиёсати хориҷии Русия дар соли 2017-ум натиҷагирӣ шуд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:55 0:00

Вай афзуд "дар ҳақиқат чунин як консепсия дар сиёсати хориҷаи Амрико вуҷуд дорад ва соли гузашта дар Душанбе таҳти унвони “CA and SA” як конфронси минтақавӣ бо ширкати беш аз 50 меҳмон баргузор шуд. Аммо фаҳмише, ки дар нисбати ин консепсия вуҷуд дорад, чандон дуруст набуда, балки ҳадафаш барои ҳамгироӣ ва ё худ интегратсияи кишварҳои Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ мебошад."

Сайфуллоҳ Сафаров афзуд, "шояд Амрико зери ин мафҳум ақидаи худашро дошта бошад, ҳадафи аслии он ба зарари ҳеҷ кадом аз кишварҳои Осиё намебошад. Муалифи ин консепсия Фредрик Стар менависад, аслан дар ибтидо вай як китоб навишта, собит кардааст, ки дар гузашта кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ бо Осиёи Миёна робитаву ҳамкориҳои зич доштаанд."

Сайфуллоҳ Сафаров
Сайфуллоҳ Сафаров

​Ба бовари муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон дар гузашта Ҳиндустон Чин ва ҳамин тавр Эрону Афғонистон бо Осиёи Миёна робитаи зич доштанд ва Амрико дар фикри зинда кардани ҳамин робитаҳо ҳаст ва ин бар зарари ҳеҷ кишваре, аз ҷумла Русия намебошад. "Русия худ мехоҳад бо кишварҳои Осиё робитаҳои танготанг дошта бошад",-афзуд ҷаноби Сафаров.

"Русия ҳассосият нишон медиҳад"

Вазири умури хориҷии Русия дар нишасти хабарии рӯзи 15-уми январ аз Тошканд ситоиш кардааст, ки баъд ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев равобиташ бо кишварҳои шӯравии пешинро тақвият бахшидааст.

Мирҳат Шарифҷон, коршиноси масоили Осиёи Миёна дар Радиои Озодӣ ҳам мегӯяд, ки "аслан изҳороти Лавров ба хотири дигаргуниҳо дар Узбекистон садо дод. Ва ба хотири ин, ки Лавров ба ин масъала посух диҳад, вай ба нуфузи Амрико дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қолаби “С5+1” ҳарф зад."

Ба бовари Мирҳат Раҳимҷон, шурӯъ аз оғози солҳои 90-уми қарни гузашта то солҳои 2000-ум Русия усулан нуфузи худро дар минтақа аз даст додааст ва Лавров ҳушдор дод, ки кишвараш намехоҳад домани Осиёи Миёнаро ҳамчун майдони манофеи геополитикӣ, сар диҳад.

Мерҳат Шарифҷон
Мерҳат Шарифҷон

"Бубинед, дар таърих мебинем вақте, ки Тоҷикистону Қазоқистону Узбекистон ва кишварҳои дигари минтақа дар ин ё он масъала мустақилона қарор қабул мекунанд, Русия ҳассосияти ҷиддӣ нишон медиҳад. Ё агар кишварҳои Осиёи Миёна бо ягон кишвари дигар машварАту маслиҳат мекунанд ва ин аз ҷумлаи кишварҳои рақиби Русия бошад, хашми Маскавро бармеангезад. Русия дӯст намедорад, ки кишварҳои таҳти нуфузаш мустақилона қарор қабул кунанд",-афзуд Мирҳат Шарифҷон.

​Зимнан, 26-уми сентябри 2015 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар ҳошияи нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид чаҳорчӯбаи нави ҳамкорӣ барои баррасии масъалаҳои минтақавиро муқаррар кардаанд. Ин шакли нави ҳамкориҳо С5+1 ном гирифтааст. Дар ин мулоқот чаҳорчӯбаи нави ҳамкорӣ барои баррасии масъалаҳои минтақавӣ муқаррар шуд.

Мулоқоти нахустини вазирони хориҷаи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва ИМА моҳи ноябри соли 2015 дар шаҳри Самарқанд баргузор шуд ва ширкаткунандагон дар заминаи ҳамкориҳо дар бахшҳои амният, иқтисодиёт ва муҳити зист ба мувофиқа расиданд. Дар нишасти дуюми формати “С5+1” дар моҳи августи соли 2016 дар шаҳри Вашингтон тавофуқ шуд, панҷ тарҳ барои иҷрои ин се самт роҳандозӣ ва Конгресси Амрико барои амалӣ шудани онҳо 15 миллион доллар маблағ ҷудо мекунад.

Дар меҳвари музокироти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва ИМА умдатан масоили марбут ба амнияти минтақа, иртибототи иқтисодӣ, мушкилоти муҳити зисту тағйироти иқлим ва ҳам масоили башарӣ қарор доранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG