Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ аз хатари афзоиши “популизми авторитарӣ” дар бархе кишварҳои узви САҲА ҳушдор дод. Ин суханҳоро ӯ дар нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви ин созмон дар шаҳри Ҳамбурги Олмон баён кард.
Дар қатори намояндагони ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ дар ин нишаст инчунин намояндагони Русия, ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо ҳам ҳузур доштанд. Ҷон Керрӣ гуфт:
Баъзе раҳбарон ба тағйири конститутсия ба хотири тамаркузи қудрат дар дасти худ мезананд. Керри
“Дар маконҳои хеле зиёд, дӯстони азиз, дар минтақаи САҲА мо дар вақтҳои охир шоҳиди болоравии ақидаҳои худкомагӣ ҳамроҳ бо поинравии нишондодҳои ҳуқуқи башар, маҳдудиятҳо дар кори матбуоти мустақил ва ҳам адами таҳаммул ва ҳам ҷиноятҳои марбут ба бадбинӣ мешавем”.
Вай гуфт, ки дар натиҷа, дар ин кишварҳо мизони фасоду ришват дар ҳоли афзоиш буда, раҳбарон талош мекунанд, аз роҳи тағйири конститутсияи кишварашон қудратро дар дасти худ тамаркуз кунанд. Вай гуфт:
“Ҳамаи мо мебинем, ки чӣ мегузарад – дар паи афзоиши фасод дар кишварҳои зиёд ва болоравии низоми худкома, баъзе раҳбарон ба тағйири конститутсия ба хотири тамаркузи қудрат дар дасти худ мезананд ва истифодаи шиканҷа ҳам дар баъзе мавридҳо раво дониста мешавад”.
Ин барои нахустин бор аст, ки вазири хориҷаи ИМА ошкоро мавзӯи тағйири конститутсия дар бархе кишварҳои узви САҲА мавриди интиқод қарор медиҳад. Ӯ аз бурдани исми мушаххаси кишварҳо худдорӣ кард. Дар чанд соли охир тайғироти конститутсионӣ ва ҳам тамдиди мӯҳлати раҳбарии президентони амалкунанда дар кишварҳои мисли Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва ҳам Туркманистони даврони Каримову Ниёзов мушоҳида шудааст.
Дар ҳамаи ин ҳолатҳо мухолифону созмонҳои ҷамъиятӣ аз нақзи қонун, сӯиистифода аз қудрат ва поймолшавии ҳуқуқи инсон дар кишварҳояшон изиҳори нигаронӣ кардаанд.
Керрӣ инчунин ба хатми хушунатҳо ва бурунрафт аз бӯҳрон дар Украина даъват кард. Дар ин кишвар, ки аз апрели соли 2014 нирӯҳои украинӣ бо шӯришиёни рӯ ба Русия меҷанганд, то имрӯз 9500 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
С5+1, Тоҷикистон ва САҲА
Дар ҳошияи нишасти САҲА дар Ҳамбург, Ҷон Керрӣ бо чор вазири хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Сироҷиддин Аслов аз Тоҷикистон дар чаҳорчӯби гурӯҳи С5+1 масоили ҳамкориҳои низомиву башариро баррасӣ кард. Ин чаҳорумин нишасти гурӯҳи мазкур буд, ки ин навбат дар Олмон ҷараён гирифт.
Зимнан, баъди он ки ҳайати ҳукумати Тоҷикистон нишасти ҳуқуқи башари САҲА дар Варшаваро рӯзи 23 сентябр бойкот кард, ин нахустин бор аст, ки як мақоми баландпояи ин кишвар дар як ҳамоиши ин созмон иштирок мекунад. Баъди ин моҳи ноябр Тоҷикистон аз ирсоли намоядагонаш ба ҳамоиши навбатии САҲА дар шаҳри Тошканд худдорӣ кард. Рӯзҳои 16 то 18 ноябр дар пойтахти Ӯзбакистон ҳамоиш оид ба истеҳсолоти судии ҷиноятӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд, вале на намояндагони давлат ва на созмонҳои ҷамъиятӣ ба ин нишаст нарафтанд ва чунин тасмими худро барои матбуот ҳам шарҳ надоданд.
Дар ҳоле, ки ҳеҷ нафари расмӣ ин ҳодисаро шарҳ надод, як нафар аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфт, ки "Тоҷикистон бо ин роҳаш мехоҳад САҲА-ро муҷозот кунад".
САҲА ва нишасти Варшава
Рӯзи 19 сентябри соли ҷорӣ гурӯҳе аз аъзо ва тарафдорони Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва дигар гурӯҳҳое, ки худро мухолифони давлати Тоҷикистон меноманд, дар ҳошияи ҳамоиши солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Варшаваи Полша бо баргузории як ҳамоиши эътирозӣ хостори озодии аъзои маҳкумшудаи раёсати ҲНИТ ва хатми шиканҷа дар боздоштгоҳҳо шуд.
Ин гурӯҳ баъдан вориди толоре шуд, ки он ҷо ҷаласаи Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо гузориши ҳукумати Тоҷикистонро ба раҳбарии омбудсмен Зариф Ализода дар мавзӯи демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон баррасӣ мекард. Эътирозгарон дар тан курта бо аксҳои аъзои маҳкумшудаи раёсати ҲНИТ доштанд ва дар канори толор саф оростанд. Баҳси тунде, ки баъдан дар ин ҷаласа ҷараён гирифт, мавриди нороҳатии ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон шуд ва рӯзи 23 сентябр бо пахши изҳороте онҳо толорро тарк карданд.
Ба нишони ҳамраъӣ бо ҳукумат ва ҳам маҳкумияти амалкарди мухолифон, дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанд гурӯҳи ҷавонони фаъоли тоҷик дар назди дафтари САҲА дар ду рӯзи баъдӣ эътироз ва ба манзили баъзе намояндагони мухолифон сангандозӣ карданд, ки наздиконашон дар Варшава ҳузур доштанд.