Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

25 соли Амрико дар Осиёи Марказӣ ва дар Тоҷикистон (ВИДЕО)


Дар остонаи солгарди 25-уми истиқрори равобити дипломатии Иёлоти Муттаҳида бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Вошингтон нишасти вазирони хориҷаи Амрико ва 5 кишвари ин минтақа дар чорчӯби С5+1 доир шуд.

Дар пайи нишасти рӯзи 3 августи вазирони хориҷаи Амрико ва 5 кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон – эълон шуд, ки Амрико барои иҷрои 5 тарҳи муштарак дар ин минтақа 15 миллион доллар ҷудо мекунад. Ин тарҳҳо аз мубориза бо терроризм то тағйири иқлимро дар бар мегиранд. Дар эъломияи муштараки ин гурӯҳ, ки бо номи С5+1 маъруф аст, ба зарурати тақвияти ҳамкориҳо дар чорчӯби С5+1, рушди коридорҳои нақлиётӣ ба хотири дастрасии беҳтар ба бозорҳо, идомаи ҳимоят аз Афғонистон ва аз ҳуқуқи инсону ниҳодҳои демократӣ ва ҳам ба таҳкими ҳамкорӣ дар амри муқобила бо таҳдидҳое, чун терроризму қочоқи силоҳи қатли ом таъкид шудааст.

Ҷошуа Бейкер, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико дар сӯҳбат бо телевизиони “Настоящее время” зарурати ҷазби кишварҳои Осиёи Миёна ба мубориза бо терроризм ва тундгароиро чунин шарҳ дод: “Ба ақидаи мо, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳоло ҳам нақш доранд, вале метавонанд дар амри мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва муқобили “Давлати исломӣ” нақши боз ҳам бузургтарро иҷро кунанд.”

Нишасти 5+1: Ҳадафи мулоқоти вазирон бо Ҷон Керрӣ чӣ буд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:58 0:00

Аввалин бор пешниҳоди таъсиси гурӯҳи С5+1 ҳамчун чорчӯби нави ҳамкориҳои Амрико бо Осиёи Марказӣ моҳи сентябри соли 2015 дар мулоқоти вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ бо ҳамтоёнаш аз ин минтақа дар ҳошияи иҷлосияи солонаи Маҷмаи умумии СММ садо дод ва алакай моҳи ноябри соли 2015 нахустин нишасти С5+1 дар Самарқанди Узбакистон доир шуд.

Медет Тулегенов, сиёсатшинос ва устоди Донишгоҳи Амрикову Осиёи Марказӣ дар Бишкек мегӯяд, чорчӯби нави С5+1 дар асл бештар як иқдоми рамзист, ки Вошингтон тавассути он мехоҳад нишон бидиҳад, ки ба рушди муносибатҳо бо ин минтақа арҷи тамом мегузорад: “Ин шояд сатҳи нави муносибатҳо набошад, вале ҷустуҷӯи роҳҳои нави бархӯрд барои кор бо ин минтақа аст. Ин чорчӯб имкон медиҳад, ки якбора ҳамаи кишварҳоро ҷамъ оварда, масъалаҳоро ҳал кунанд ва барои ташвиқи онҳо ба густариши ҳамкориҳои минтақавӣ талош кунанд. Вале масъала ин аст, ки минтақаи мо ҳамчун як минтақаи комил зиёд шакл нагирифтааст ва ин кӯшишҳо аз берун, ба мисли чорчӯби С5+1 гумон аст, ки ба ҷаҳиши қобили мулоҳиза дар рушди ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ ноил шаванд. Вале барои Амрико, бале, ин як қадами рамзӣ ва шояд як сатҳи нав аст, то нишон бидиҳад, ки як қудрати ҷаҳонӣ талош дорад, дар Осиёи Марказӣ дар сатҳи минтақавӣ кор кунад.”

25 соли Амрико дар Осиёи Марказӣ ва дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:07 0:00
Линки мустақим

Осиёи Марказӣ, қаламраве, ки дар он 5 кишвари пасошӯравӣ ҷой гирифтаанд, як минтақаи содаву осоне нест. Ихтилофи назари байни раҳбарону ҳукуматҳои ин кишварҳо бо вуҷуди гузашти 25 сол аз суқути Шӯравӣ то ҳол имкони ба ҳамгироӣ дар сатҳи минтақа азм кардани ин ҳукуматҳоро фароҳам наовардааст, ҳар раҳбари минтақа амбитсияҳои худро дорад, марзи байни ин кишварҳо то ҳол пурра таъйину аломатгузорӣ нашудаанд ва ҳар сари чанд вақт байни онҳо бар сари баҳсҳои марзӣ моҷароҳое сар мезанад, ки ҳатто мунҷар ба талафоти ҷонӣ мешаванд. Равуои мардум ҳатто барои тамошову саёҳат ваё тиҷорат байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба далели мушкилоти марзу виза хеле дар як сатҳи ночиз қарор дорад. Кишварҳои поёноби минтақа – Туркманистону Қазоқистон ва бахусус Узбакистон, ки аз захираҳои нафту газ бархӯрдоранд, ба қасди кишварҳои аз чунин захираҳои энержӣ маҳруми болооб – Тоҷикистону Қирғизистон – барои сохтани нирӯгоҳҳои бузург мухолифат нишон медиҳанд.

Медет Тулегенов ва таҳлилгарони дигар дар чунин шароит ба пешрафти умдае дар амри расидан ба ҳамгироии минтақавӣ расидани Амрико ва ҳар бозигари дигарро зери шак мегузоранд ва аз ҷумла ба таҷрибаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай ишора мекунанд, ки бо вуҷуди дар меҳвари Чину Русия – ду бозигари аввал дар саҳнаи Осиёи Марказӣ – ҷамъ овардани кишварҳои ин минтақа дар амри наздик кардани онҳо то ҳол чандон комёб нашудааст.

Нишасти инак дувуми гурӯҳи С5+1 дар Вошингтон дар ҳоле гузашт, ки минтақаи Осиёи Марказӣ дар рӯбарӯи як силсила чолишҳои ҷиддии иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсӣ ва амниятӣ қарор гирифтааст. Ва ин чолишҳо хоҳ-нохоҳ рӯи рӯзномаи нишасти Вошингтон таъсир гузошт.

Сироҷиддин Аслов
Сироҷиддин Аслов

Сироҷиддин Аслов, вазири хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти Вошингтон чанде аз ин чолишҳоро баршумурд ва ҳам интизороти кишвараш аз ҳамкориҳо бо Амрикоро баён дошт: “Ин возеҳ аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таҳдидҳо ва чолишҳои умумие, ба мисли терроризми байналмилалӣ ва тундгароӣ, ифротишавӣ, қочоқи маводи мухаддир ва талотумҳои иқтисодиву молиявӣ рӯбарӯ мебошанд. Маълум аст, ки бидуни ҳамкорӣ ва мушорикат муқобила бо ин чолишҳо мушкил аст. Дар асл, дахолати Ийолоти Муттаҳида дар Осиёи Марказӣ ба шукуфои иқтисодӣ ва амнияти минтақа мусоидат хоҳад кард. Ман бовар дорам, ки соҳибкорон, сармоягузорӣ, фанновариҳо ва машваратҳои Амрико метавонанд ба субот ва рушди иқтисодиву иқтимоии минтақа кумак кунанд.”

Як ақидаи роиҷ аст, ки Амрико дар ҳар гӯшаи ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ думболи манфиатҳои худ мегардад. Амрико дар Осиёи Марказӣ дақиқан чӣ манфиатҳое дорад? Ва инҷо чӣ меҷӯяд? – пурсидем аз Брюс Панир, шореҳи масоили Осиёи Марказӣ дар Радиои Озодӣ.

Брюс Панир мегӯяд, баъд аз ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 маҳз таъқиби ҳамкорӣ барои амалиётҳояш дар Афғонистон дар авлавияти сиёсатҳои Амрико дар Осиёи Марказӣ қарор гирифтааст: “Манфиати дигари Амрико дар Осиёи Марказӣ кумак ба кишварҳост, то ки ба андозае заиф нашаванд, ки аз нав таҳти нуфузи Русия биафтанд. Албатта, Амрико ҳам дар ин минтақаи ҳамҷавон бо Русияву Чин ва Эрон, кишварҳое, ки дар ин ё он мақтаи замонӣ метавонанд рақиби эҳтимолии Амрико арзёбӣ шаванд, бешак думболи пайдо кардани шарикони худ мебошад.”

ИМА аз Осиёи Марказӣ чӣ интизор дорад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

Афзоиши таҳдиди тундгароӣ, аз ҷумла ба сафи гурӯҳҳои ҷангҷӯ дар Сурияву Ироқ пайвастани то 3000 ҷангҷӯ аз Осиёи Марказӣ, торафт фаъолтар шудани гурӯҳҳои ифротӣ дар қаламравҳои бо Тоҷикистону Туркманистон ва ҳатто бо Узбакистон ҳаммарзи Афғонистон, вуҷуди даҳҳо ҷангии зодаи Осиёи Марказӣ дар таркиби ин гурӯҳҳои чирикии фаъол дар шимоли Афғонистон Амрико ва ҳамин тавр, бозигарони дигари асосӣ дар саҳнаи минтақаро маҷбур ба тамаркуз рӯи масоили амниятӣ дар ҳамкориҳояшон бо давлатҳои ин қаламрав мекунад.

Аммо мавзӯи дигаре, ки Вошингтонро ба бозбинии шакл ва сатҳи муносибатҳояш бо давлатҳои Осиёи Миёна ва иҷрои нақши фаъолтар дар ин қаламрав таҳрик медиҳад, ба бовари нозирони умур, як андоза ақиб монданаш аз бозигарони дигар, бахусус Чин аст, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ тавонист бо пешниҳоди сармоягузориҳои бузург ба шарики асосии давлатҳои Осиёи Марказӣ табдил биёбад ва дар сиёсати хориҷии бисёре аз давлатҳои он, аз ҷумла Тоҷикистон, баробари Русия мақоми “шарики стратегӣ”-ро ба даст биорад.

Медет Тулегенов аз Донишгоҳи Амрикову Осиёи Марказӣ дар Бишкек мегӯяд, Амрико дар ҳоли ҳозир дар роҳи таъмини нуфуз ва манфиатҳояш дар минтақа аз Чин аз лиҳози иқтисодӣ ва аз Русия аз лиҳози сиёсӣ ва ҳам фарҳангиву иттилоотӣ ақиб мемонад.

Вале Ҷошуа Бейкер, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико мегӯяд, дар арсаи Осиёи Марказӣ барои ҳамаи қудратҳои манфиатдор ҷо кифоят мекунад: “Мо фикр намекунем, ки нуфузамонро гум карда истодаем. Ва ин дар асл ҳатто бозӣ аз сифр ҳам нест. Шояд шумо масъалаи пойгоҳҳои низомиро дар назар доред ваё инки гӯё дар онҷо кадом мусобиқае байни Русия, Амрико ё таъсири Чин дар минтақа бошад. Амрико бар ин аст, ки ҳар кишвар бояд бо тамоми ҳамсояҳояш равобити хуб дошта бошад. Ва ҳамчунин бо Амрико. Дар онҷо паҳнои хеле бузурге барои густариш ва беҳбуди муносибатҳо вуҷуд дорад.”

Дар пайи амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон дар поёни соли 2001 Амрико ва дигар кишварҳои Ғарб ба як сурати бесобиқа вориди арсаи Осиёи Марказӣ шуданд ва Амрико барои таъмини нирӯҳояш дар Афғонистон дар Хонободи Узбакистон ва Бишкеки Қирғизистон пойгоҳҳои низомӣ ҳам таъсис дод.

Русия ҳузури низомии Вошингтон дар ин қаламраве, ки паҳнои нуфузи таърихии худ мешуморад, бо шубҳа қабул кард ва ҳукуматҳои Осиёи Марказиро ба кам кардани ҳамкориашон дар ҷанги таҳти раҳбарии Амрико дар Афғонистон ташвиқ мекард. Пойгоҳи Хонобод соли 2006 ва пойгоҳи Манас дар канори Бишкек соли 2014 баста шуданд.

Брюс Панир
Брюс Панир

Брюс Панир, шореҳи Озодӣ мегӯяд, ҳузури низомии Амрико дар минтақа боис шуд, ки Русияву Чин – ду бозигари дигар- ихтилофоти худро канор гузошта, ҳадди ақал барои кӯтоҳмуддат дар пешбурди сиёсатҳои худ дар Осиёи Марказӣ аз як гиребон сар бароранд: “Албатта, амният дар Осиёи Марказӣ ба нафъи ҳамаи ин кишварҳост. Ҳеҷ кас намехоҳад, дар минтақа ноамнӣ ва бебандуборӣ ба вуҷуд ояд. Ҳамаи бозигарон ба ин назаранд, ки ҳукуматҳо бояд босубот бошанд ва аз мушкилоти дигар ҷилавгирӣ карда шавад. Аз сӯи дигар, вақте Амрико дар Осиёи Марказӣ ҳузури низомӣ пайдо кард, Чину Русия ва Эрон аз ин ҳузур чандон хушнуд нашуданд. Ҳамаи ин кишварҳо як назар доштанд, ки Амрико душмани онҳост ва ҳузури сарбозони амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ ҳамон чизе буд, ки онҳо намехостанд. Русия аввал Аврупоро як манбаи муноқиша барои худаш медонист, Чин аз Тайвану Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон нигаронӣ дошт. Ҳузури ногаҳонии Амрико дар Осиёи Марказӣ сабаб шуд, ки он ду кишвар комилан ба самти муқобил рӯ биёранд, ба ҷое ки манфиатҳояшон вуҷуд дорад. Эрон, албатта, дер боз бо Амрико муносиботи бад дорад. Мавҷудияти нерӯҳои Амрико ҳам дар Ироқ ва ҳам дар Осиёи Марказӣ нохурсанд ва ба эҳтимоли ғолиб бисёр нигарон кард.”

Ҳоло Амрико дар ҳоле дар саҳнаи Осиёи Марказӣ барои касби як нақши фаъолтар азм мекунад, ки дар зеҳни як қишри мардуми сокини ин қаламрав, бахусус насли калонсол, то ҳол як навъ тасвири манфие аз он вуҷуд дорад. Дар як назарсанҷии соли гузаштаи Gallup, дар Тоҷикистон 93 дарсади пурсидашудаҳо аз Русия ва 61 дарсад аз Чин ба унвони қудрати лоиқи раҳбарии ҷаҳон пуштибонӣ кардаанд. Дар айни замон 54 дарсади пурсидашудаҳо дар Тоҷикистон гуфтаанд, мухолифи нақши раҳбарии Амрико бар ҷаҳон мебошанд. Нозирони умур чунин бардоштро натиҷаи тарғиботи матбуот, бахусус телевизионҳои Русия медонанд, ки то ҳол дар амри таъсир ба афкори ҷомиа дар ин минтақа аз нуфузи фавқулоддае бархӯрдоранд ва маъмулан Амрикоро бо рангҳои манфӣ тасвир мекунанд.

Ҷошуа Бейкер, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико низ мегӯяд, матбуот, бахусус шабакаҳои телевизионии Русия дар ин минтақа ба “тарғибот” машғуланд, на ба нашри ахбори мустақил. Ӯ афзуд, матбуоти Русия набояд дар Осиёи Марказӣ чунин нақши доминант дошта бошанд.

Мухолифони Амрико ин кишварро ҳамчунин айбдор мекунанд, ки дар пайи таъқиби манфиатҳояш чандин кишвар, аз ҷумла Афғонистону Ироқ ва Сурияро ба оташи ҷанг кашондааст. Исмоил Талбаков, раиси ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ҳарчанд онҳо аз сиёсати дарҳои бози Душанбе пуштибонӣ мекунанд, вале Амрико бояд дар сиёсати хориҷиаш баъзе “ислоҳҳо” ворид кунад ва аз ҷумла дар мавриди Тоҷикистон рӯи расондани ёриҳои иқтисодӣ тамаркуз кунад: “Вақте сиёсат аз нигоҳи қувваву аз нигоҳи силоҳ пеш бурда шавад, ин хоҳ-нохоҳ ба аксуламал меорад. Вақте масъалаҳо бо ёриҳои иқтисодиву башарӣ ҳал мешавад, ҳоҷат ба тонку тӯпу дигар василаҳо намемонад. Агар 10 ё 15 фоизи хароҷоте, ки барои ҷангҳои Афғонистон, Сурия, ё Либия сарф мешавад, барои кумак ба мардуми ин кишварҳо ҷудо карда шавад, мардум мебинанд, ки барои онҳо роҳ сохта истодаанд, об оварда истодаанд, ҷои кор ташкил мекунанд, онҳо ҳеҷ гоҳ даст ба муқовимат намезананд.”

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Ба фарқ аз Чину Русия, ки дар роҳи таъқиби манфиатҳои худ аз мушкилоте, чун ҳуқуқи башар ва озодиҳои демократӣ дам намезананд, Амрико ҳар сол дар гузоришҳои солонааш вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои Осиёи Марказиро башиддат интиқод мекунад. Аммо ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, кишварҳои Ғарб, аз ҷумла Амрико, дар солҳои охир асосан рӯи масоили мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ тамаркуз карда, дар пушти ин аз мушкилоти ҳуқуқи инсон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ як андоза чашм мепӯшанд. Онҳо мегӯянд, Вошингтон бояд мурооти ҳуқуқи инсон ва озодиҳои демократиро як шарти умдаи рушди ҳамкориҳояш бо давлатҳои ин минтақа қарор диҳад. Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, чорчӯби С5+1 низ бояд дар масъалаи беҳбуди вазъи ҳуқуқи инсон нақш бозӣ кунад: “Бидуни шак, механизми назоратӣ оид ба ислоҳи камбудиҳо дар робита ба ҳуқуқу озодиҳои инсон бояд бошад ва шарти асосии стратегияи густариши муносибатҳо ва дастгирии барномаҳои мухталиф дар Тоҷикистон ба чигуна риоя шудани ҳуқуқи инсон дар ин кишвар вобаста карда шавад. Ин бешубҳа обрӯву эътибори Амрикоро болотар мебарад.”

Вале Ҷошуа Бейкер, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико, ки ҳанӯз қабл аз нишасти С5+1 дар Вошингтон сӯҳбат мекард, гуфт: “Озодии сухан хеле муҳим аст, ҳуқуқи инсон хеле муҳим аст, поймол шудани ҳуқуқи инсон низ хеле муҳим аст. Мо мефаҳмем, ки ин масоил боаҳамиятанд, онҳо барои ҳукумати Амрико хеле муҳиманд, ин масоил барои мардуми Амрико ва ҳам барои мардуми ин минтақа муҳиманд. Вале маҳз дар мулоқоти Ҷон Керри бо вазирони хориҷаи ин 5 кишвар тамаркуз рӯи масоили иқтисод, тиҷорат, иртиботот, “Роҳи Нави Абрешим”, рӯи маҳз ҳамин масоил қарор мегирад.”

Бо ин ҳол, Брюс Панир, таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ дар Радиои Озодӣ мегӯяд, бархӯрди Вошингтон ба масъалаи ҳуқуқи инсон, як мавзӯи нохушоянд барои ҳукуматҳои аксаран худкомаи ин минтақа дар ин авохир як каме тағйир кардааст: “Мо бояд охирҳои соли 90-умро ба ёд биёрем, ки Амрико аксаран сиёсатҳои кишварҳои Осиёи Марказиро танқид мекард ва борҳо ошкоро нороҳатӣ аз ин сиёсатҳоро гуфтааст. Аммо баъди соли 2001-ум ва ба вуҷуд омадани эҳтиёҷ ба кӯмаки кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла ба пойгоҳу дигар чизҳо Амрико сиёсаташро андаке тағйир дод. Чун ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ нерӯҳои Амрикоро мизбонӣ мекарданд. Ва мо дидем, ки чӣ гуна баъди интиқоди Амрико аз амалкарди ҳукумати Узбакистон дар ҳодисаҳои хушунтабори Андиҷон дар соли 2005 Тошканд аз Иёлоти Муттаҳида хост, ки пойгоҳи Хонободро холӣ кунад. Паём ба Амрико ин буд, ки шумо меҳмони мо ҳастед ва шумо барои интиқоди мо ва шеваи давлатдории мо ҳақи камтар доред. Аз ин рӯ интиқодҳо камтар шуд. Бо вуҷуди онки созмонҳои ҳомии ҳукумати Амрикоро барои хомушиаш дар муқобили таъқиби дигарандешону журналистон намояндагони аҳзоби мухолиф танқид мекарданд, аммо Иёлоти Муттаҳида бо назардошти эҳтиёҷ ба Осиёи Марказӣ ин сукутро идома медод. Амрико дарк мекард, ки интиқодҳо дуруст аст, вале бо назардошти онки пойгоҳу кумакро аз даст надиҳад, сиёсаташро идома дод. Аммо бо камтар шудани ҳузури Амрико дар Афғонистон ҳоло ин сиёсат андаке тағйир ёфтааст ва ба фикри ман дар оянда таъкид ба ислоҳоти демократӣ ва даъват ба мурооти ҳуқуқи бунёдии инсон дар кишварҳои минтақа зиёдтар мешавад.”

Имсол аз истиқрори равобити дипломатии Амрико бо Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ 25 сол мегузарад. Амрико аз нахустин кишварҳои дунё буд, ки истиқлоли ин кишварҳои пасошӯравиро эътироф кард ва дар ҳамаи 5 пойтахти ин минтақа сафорат кушод. Дар 25 соли гузашта Амрико ба Тоҷикистон ба маблағи ҳудудан 1 миллиард доллар ёрӣ расондааст. Барои як кишваре, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилиаш дар як сол ҳамагӣ 8 миллиард долларро ташкил медиҳад, ин маблағи кам нест.

Вале дар ҳоле ки Эрон метавонад ба ҳайси чунин тимсол аз нирӯгоҳи Сангтӯда-2 ва нақби ҳарчанд нимкора, вале боз ҳам фаъоли “Истиқлол” дар ағбаи Анзоб бинозад, Чин бо шоҳроҳҳову нақбҳои сохтааш дар Тоҷикистон ифтихор мекунад, Русия нирӯгоҳи Сангтӯда-1 ва корхонаҳои саноатии дар замони Шӯравӣ сохта шударо ҳамчун намунаи ғамхориаш ба иқтисоди Тоҷикистон мисол меорад, ба гуфтаи як мусоҳиби мо дар Душанбе, ёриҳои Амрико сарфи тарҳҳои муҳим, вале ба чашми аксар нонамоён, ба мисли сохтани бемористонҳову мактабҳо, таъмини нирӯҳои марзбониву интизомӣ бо васоили муосир, тармими роҳҳову шабакаҳои обрасонӣ ва амсоли ин сарф мешаванд ва Вошингтон дар Тоҷикистон то ҳол як тарҳи бузурге надорад, ки ҳамчун муҷассамаи ҳамкориҳои ду кишвар ҷилва кунад. Ӯ мегӯяд, таъсиси як донишгоҳи қавии муҷаҳҳаз бо тамоми васоили муосир ва бо ҷазби устодони тавоно, барои мисол, метавонист ба ҳайси чунин ҳайкали муносибатҳои Вошингтону Душанбе намудор шавад.

XS
SM
MD
LG