Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э. Миллард: “Эҳтироми ҳуқуқи башар - роҳи беҳтарини таъмини сулҳу амният аст”. ВИДЕО


Аз замони барқарории равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Амрико 25 сол сипарӣ шуд. Ин сана ба рӯзҳои таҷлил аз ҷашни истиқлоли Амрико рост омад. Ҳамчунин ба фаъолияти дипломатии Элизабет Миллард ба унвони сафири Амрико дар Тоҷикистон чор моҳ пур мешавад. Радиои Озодӣ ба ин муносибот сӯҳбати ихтисосиеро бо хонум Миллард анҷом дод.

Шарикии амиқ

Радиои Озодӣ: Хонуми сафир аз фаъолияти шумо ба унвони сафири ИМА дар Душанбе чор моҳ сипарӣ мешавад. Бо омадани шумо ба унвони сафири ҷадид дар ин муддат чӣ пешрафтҳое дар муносибатҳои миёни Амрико ва Тоҷикистон ба назар мерасад?

Элизабет Миллард: Имсол 25-умин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Амрико аст ва ин шарафу масъулияти бузург барои ман, ҳамчун сафир дар Тоҷикистон мебошад, то бештар барои густариш ва тақвияти равобиту ҳамкориҳои дуҷониба хизмат кунам. Воқеан чор моҳ боз ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон фаъолият дорам ва ба баъзе аз ҷойҳои Тоҷикистон сафар кардам ва оянда низ сафар хоҳам кард. Он чи маро бештар ба ҳайрат овардааст, ин шарикии амиқе аст, ки мо бо Тоҷикистон дорем. Ин аст, ки ба Тоҷикистон барои таҳкими сулҳу субот ва амният ва ҳамчунин барои беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум кӯмак мерасонем.

Фарқ миёни терроризм ва мухолифони осоишта

Радиои Озодӣ: Марҳилае, ки шумо дар Тоҷикистон ба кор оғоз кардаед, аз ду соли пеш ва ҳатто як соли пеш ба куллӣ фарқ мекунад. Ҳоло баҳси риояи ҳуқуқи башар дар кишвар бо таҳдидҳои амниятӣ тавҷеҳ мешаванд ва матбуот низ пайваста таҳти фишор қарор дорад. Албатта, барои сафири як кишвар қабл аз ҳама барқарор кардани равобити хуб дар байни ватани худ ва кишваре, ки дар он сафорат дорад, аз бартариҳои кор ҳисоб мешавад. Аммо Амрико дар самти эҳтиром ба ҳуқуқи башар ва рушди демократия вазифаҳои муҳиме низ

Элизабет Миллард дар мусоҳиба бо Хуршеди Ҳамдам
Элизабет Миллард дар мусоҳиба бо Хуршеди Ҳамдам

дорад. Шумо дар ин ҳолат чӣ тавр корро пеш мебаред, ки, ба қавли тоҷикҳо, ҳам “лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад”, яъне ҳам Тоҷикистон бо Амрико дӯст бошад ва ҳам дар масъалаи ҳимояи ҳуқуқи инсон ва озодии баён масъулият эҳсос кунад?

Элизабет Миллард: Раҳмат барои ин суоли муҳим. Дуруст аст, ки Тоҷикистон ба таҳдидҳои ҷиддӣ, назири терроризм ва ифротгароӣ рӯ ба рӯ мешавад ва барои ҳар кишвар ин вазифаи осон нест. Аммо дар масъалаи ифротгароии хушунатомез ва мухолифати осоишта бояд фарқ гузошта шавад.

Миллард: Эҳтироми ҳуқуқи башар роҳи беҳтарини таъмини субот аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:11 0:00

Хомӯш кардани садои мухолифон...

Радиои Озодӣ: Нозирони умур мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ҳадафи саркӯби мухолифони озодандеши худро пеш гирифтааст. Аз назари шумо, оё ин самти дуруст аст ва тааҳҳудоти байналмилалии Тоҷикистон чӣ мешавад?

Элизабет Миллард: Паёми мо ба тамоми ҷаҳон ин аст, ки эҳтироми ҳуқуқи башари инфиродӣ ва демократия роҳи беҳтарин барои таъмини сулҳу субот, амният ва рушди пайвастаи дарозмуддат аст.

Радиои Озодӣ: Сафари фармондеҳи ситоди фармондеҳии Амрико генерал Вотел ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат гирифт, ки мақомоти Тоҷикистон аз таҳдидҳои амниятӣ, бахусус хатари терроризм ва экстремизм пайваста нигаронӣ мекунанд ва дар як соли охир теъдоди зиёди шаҳрвандони ин кишвар дар заминаи узвият ба гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ боздошт ва муҷозот шудаанд. Амрико то чӣ ҳад ин нигарониҳои ҳукумати Тоҷикистонро воқеӣ мешуморад ва чӣ қадарашро миф?

Элизабет Миллард: Бисёр кишварҳо бо масъалаи нигоҳ доштани мувозинат байни риояи озодиҳои инсон ва таъмини амният рӯ ба рӯ мешаванд ва ҳеҷ давлате нест, ки бигӯяд, дар ин масъала мукаммал аст. Мо омода ҳастем, ки дар ин масъала кӯмак кунем. Бо вуҷуди он, мо боварӣ дорем, ки хомӯш кардани садои мухолифон омили пайдо шудани кӯшишҳое барои даст задан ба иқдомҳои дигар аз ҷониби афроди муайян мешавад. Он тавре, ки пештар таъкид кардам, фаъолияти мо дар Тоҷикистон барои таъмини сулҳу субот ва амният равона шудааст. Кӯмаки мо барои таъмини амният гуногунҷанба аст ва ин кӯмакҳо барои таҳкими марзҳои Тоҷикистон ва мубориза бо таҳдидҳое, назири терроризм ва қочоқи маводи мухаддир афзоиш хоҳад ёфт. Ҳадафи кӯмакҳо ин аст, ки нирӯҳои амниятии Тоҷикистон дар сатҳи ҳирфаӣ фаъолият кунанд. Аммо дар масъалаи риояи ҳуқуқи башар мо аз таҷрибаи пешқадами худ истифода бурда нирӯҳои амниятии Тоҷикистонро омӯзиш медиҳем.

Иттифоқе, ки қабл аз оғози кори сафири нав афтод

Радиои Озодӣ: Оё давлати Тоҷикистон барои пайдо ва ё маҳв кардани Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи тоҷик, ки ба сафи гурӯҳи «Давлати Исломӣ» пайваст ва Амрико онро террористи хатарнок мешуморад, муроҷиат кардааст. Агар муроҷиат карда бошад, посухи шумо чӣ буд?

Элизабет Миллард: Ин амр қабл аз шурӯи фаъолияти сафирии ман дар Тоҷикистон иттифоқ афтод ва барои ҳамин шарҳ додани ин масъала душвор аст. Аммо таҳдидҳои амниятӣ ҳамеша на фақат барои Тоҷикистон, балки барои тамоми ҷаҳон мояи нигаронианд, хусусан таркишҳои ахири моҳи Рамазон аз он далолат мекунад, ки вуқӯи ин ҳаводис ба ҷони ҳазорон мусулмонони ҷаҳон хатар эҷод кардаанд.

Фаъол будани маркази таълимии Амрико дар Турсунзода

Радиои Озодӣ: Соли 2009 дар замони сафирии Трейсӣ Ҷейкобсон, Амрико ваъда кард, ки дар шаҳри Турсунзода як тамрингоҳи низомӣ месозад? Оё ин барнома ҳанӯз ҳам ҳаст ё лағв шуд?

Элизабет Миллард: Агар манзури шумо фаъолияти маркази таълимие дар шаҳри Турсунзода аст, ман ахиран ба онҷо сафар кардам. Шуморо бовар кунониданиам, ки ин марказ фаъол аст ва зимни сафари ахири ман мавзӯи ҳуқуқи башар дар меҳвари тадрис қарор дошт.

Манофеи Амрико - рушди иқтисоди Тоҷикистон

Радиои Озодӣ: Чанде пеш муовини ёвари котиби давлатии ИМА Даниел Розенблум дар Сенат гуфт, ки Амрико мизони кӯмакҳо ба Тоҷикистонро дар соли 2017 зиёд мекунад ва айни замон аз Тоҷикистон мехоҳад, ки ба ҳуқуқи мардум эҳтиром гузорад. Ва ӯ гуфт, ки саркӯб кардани мухолифону озодии баён метавонад ҳамкориҳои дуҷонибаро маҳдуд кунад. Яъне Амрико метавонад дар сурати идомаи вазъ ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро камтар кунад ва ё манзур аз ин гуфта чист?

Элизабет Миллард: Яке аз ҳадафҳои мо дар Тоҷикистон рушду густариши демократия маҳсуб меёбад. Ин албатта сирру асрор нест, ки Амрико бо давлатҳое, ки ба ҳуқуқи башар ва демократия эҳтиром мегузоранд, муносибати наздиктар дорад. Аммо мо дар Тоҷикистон ҳадафҳои дигар ҳам дорем ва дар ҷанбаҳои мухталиф бо Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунем, то муносиботи худро густариш бахшем.

Радиои Озодӣ: Хонуми сафир, Амрико чӣ манофеи аввалиндараҷаро дар Тоҷикистон ва дар Осиёи Марказӣ дунбол мекунад?

Элизабет Миллард: Таъкид карданиам, ки таваҷҷӯҳи асосии мо дар Тоҷикистон таҳкими суботу амният ва рушди иқтисоди кишвар аст, то аз ин тариқ сатҳи зиндагии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон беҳтар шавад.

Радиои Озодӣ: Аммо, хонум сафир, кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба истиснои Туркманистон, пойбанди сиёсати Русия ҳастанд ва баъзе коршиносон мегӯянд, агар дар Маскав борон борад, раҳбарони минтақа дар кишварҳои худ чатр боз мекунанд. Магар Амрико ҳадаф дорад, ки ин давлатҳо аз доираи нуфузи Русия берун бошанд ва ба истиқлоли (мустақилияти) воқеӣ бирасанд? Пас барои ин кадом омил (фактор) метавонад нақши муҳим бозад?

Элизабет Миллард: Мо боварӣ доррем, ки Тоҷикистон бояд бо ҳама давлатҳо муносибатҳои дӯстона дошта бошад. Бо ҳамсояҳои худ ва минтақа ва ҳатто бо ИМА ин муносибат густариш ва тақвият пайдо кунад.

Дар ин замина бо ИМА ташаббуси нав оғоз ёфт. Сафари Ҷон Керрӣ ба минтақа ва баргузории нишасти “5 +1”, ки охири соли гузашта дар Самарқанд баргузор шуд, оғози ин ташаббус аст. Ин гурӯҳ кишварҳои минтақаро бо ҳам дар масъалаи тиҷорат ва муносибатҳои инсонӣ наздик мекунад. Алабатта аз фаъолияти ин гурӯҳ натиҷаҳо ва дастовардҳои муҳимеро ба даст овардан мумкин аст.

ВАО-и мустақил – омили пешгирикунандаи таҳдидҳои амниятӣ

Радиои Озодӣ: Созмонҳои байналмилалӣ ва ҳатто вазорати хориҷаи Амрико ва сафорат ҳам дар робита ба муроот нашудани озодии баён дар Тоҷикистон изҳори ташвиш кардаанд. Аммо мушкилот дар ин замина, ба хусус дар заминаи блок ё сайтбандиҳо то ҳол ҳал нашудааст. Яъне ин ба ин маънист, ки ҳушдорҳои ҷомеаи байналмилалӣ ба Тоҷикистон кора намекунад? Иқдомҳои амалӣ чӣ буда метавонанд?

Элизабет Миллард: Мо боварӣ дорем, ки васоити ахбори оммаи мустақил на натиҷаи таҳдидҳои амниятӣ, балки омили пешгирикунандаи ин таҳдидҳо аст. Масоили марбут ба мушкилоти озодии баён, аз ҷумла мавориди сайтбандиҳоро ҳамеша бо ҳукумати Тоҷикистон ва ҳатто дар Вашингтон матраҳ мекунем. Албатта ин масъала барои Амрико дар дар авлавият қарор дорад.

XS
SM
MD
LG