Пайвандҳои дастрасӣ

Тереза Фаллон: Дар Роҳи абрешим "филҳои сафед" зиёданд. САДО


Давлати Чин ҳамин ҳафта як тарҳи азими байналмилалии тиҷоратиашро бо баргузории нишасте бо ҳузури раҳбарони чандин кишвар дар шаҳри Пекин муаррифӣ кард. Тарҳи "Як камарбанд – як роҳ" ва ё тарҳи Роҳи абрешим бояд тиҷорату додугирифт байни Аврупову Осиё ва Африқоро густариш ва нуфузи Чинро дар иқтисоди умумиҷаҳонӣ ва геополитика афзоиш диҳад.

Дар рӯзҳои аввали иҷрои “Як камарбанд – як роҳ” гирифтани қарз аз бонкҳои чинӣ осон буд. Агар мегуфтед, ки тарҳ дар чаҳорчӯби “Як камарбанд – як роҳ” қарз мегирифтед...

Чин гуфт, ки барои иҷрои барнома ва аз ҷумла сохтани роҳи оҳан, бандарҳо ва роҳҳои автомобилӣ 124 миллиард доллар ихтисос медиҳад. Карл Шрек, хабарнигори Радиои Озодӣ, дар бораи ин тарҳи баландпарвози Чин бо Тереза Фаллон, пажӯҳишгари умури Чин дар Маркази таҳқиқи Русия, Аврупо ва Осиё дар Брюссел сӯҳбат кард.

Радиои Озодӣ: Бо назардошти барномаҳои азими сармоягузорӣ ва миқёси васеи ҷуғрофиро дар бар гирифтани тарҳи “Як камарбанд - як роҳ” ин тарҳ то куҷо иҷрошуданӣ аст?

Тереза Фаллон: “Воқеан, ин як суоли хуб аст, чун худи Чин ҳам эълон кардааст, ки барнома ҳам мубҳам ва ҳам баландпарвозона аст. “Як камарбанд – як роҳ” барномаи фарогир аст ва тарҳҳои пешинаро ҳам ба он ҳамроҳ кардаанд. Барои ҳамин мегӯянд, ки ин барнома муваффақ аст. Масалан, дар Қазоқистон онҳо нахустин лӯлаи газро бе ҳузури ширкати русии “Транснефт” сохтанд. Сари он соли 1997 ба мувофиқа расиданд ва дар се марҳила сохтанд ва лӯларо аз Қазоқистон кашиданд ва ҳаминро бахше аз тарҳи “Як камарбанд – як роҳ” ҳисоб мекунанд. Яъне ин барнома як даҳсола пештар шурӯъ шудааст. Яъне, тарҳҳои кӯҳнаро ба барномаи “Як камарбанд – як роҳ” ворид кардаанд, то онро хуб нишон бидиҳанд.”

Тереза Фаллон
Тереза Фаллон

Радиои Озодӣ: Тарҳ барои Осиёи Марказӣ чӣ таъсир дорад?

Тереза Фаллон: “Дар Осиёи Марказӣ нигаронӣ ин аст, ки масалан таваҷҷӯҳи Чин ба сармоягузорӣ барои истихроҷи уран ва газ дар Узбакистон ба авҷи аъло расидааст. Дар Туркманистон лӯлаи газ то кунун сохта шудааст. Тарҳҳои бузурге амалӣ шудаанд. Бо вуҷуди онки пайвастани роҳҳои оҳани минтақа барои Осиёи Марказӣ хуб аст, вале ҳаракат дар ин роҳҳо бисёр суст аст. Сармоягузории Чин барои пайвастани иқтисоди кишварҳои минтақа ба манфиати кор аст. Аммо баъзеҳо нигаронанд, ки молу маҳсулот фақат аз тариқи қаламрави Осиёи Марказӣ ба Аврупо меравад ва дар воқеъ ба иқтисоди кишварҳои минтақа чандон кумак намекунад. Баъзе аз тарҳҳо дар инҷо амалӣ мешаванд, баъзе бо муваффақият ва баъзе сармоягузории бенатиҷа аст. Вале чунин ба назар мерасад, ки тарҳҳои азим батадриҷ мутаваққиф мешаванд.”

Аз тарафи дигар, Русия Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиёро таъсис додааст, ки як навъ рақобат бо барномаи Роҳи абрешими Чин аст. Аммо Русия дар иҷрои тарҳаш муваффақ нест, чун мисли Чин ҳамёни бузург ва пул надоранд.

Радиои Озодӣ: Чин бо ин барномааш то кунун ба чӣ мушкилоте дучор шудааст?

Тереза Фаллон: “Чиниҳо собиқаи бисёр баде дар сармоягузорӣ доранд. Нокомиҳои зиёде ҳоло дар пеш аст. Дар рӯзҳои аввали иҷрои “Як камарбанд – як роҳ” гирифтани қарз аз бонкҳои чинӣ осон буд. Агар мегуфтед, ки тарҳ дар чаҳорчӯби “Як камарбанд – як роҳ” қарз мегирифтед. Ин барнома гӯё як навъ иҷозаномаи ҳукумати Сӣ Ҷинпин буд ва агар шумо мехостед, дар Роҳи абрешим барномае амалӣ кунед, сармоя гирифтан бисёр осон буд. Онҳо хатар, қимату фоидаи тарҳҳро дуруст намесанҷиданд. Яъне, ба қавли мо "филҳои сафед" ва ба қавли чиниҳо "филҳои сурх" дар Роҳи абрешим зиёд аст. Манзур тарҳҳоест, ки аслан иҷро нашудаанд, ё канор гузошта шудаанд ва ё аслан фоидае надоранд.”

Радиои Озодӣ: Амрико дар ин тарҳ чӣ нақше дошта метавонад?

Тереза Фаллон: “Ширкатҳои амрикоӣ мехоҳанд, аз он чизе бигиранд. Чун барнома бисёр хуб садо медиҳад, чунин ба назар мерасад, ки тамоми тарҳҳои он иҷро мешаванд. Ширкатҳои амрикоӣ мехоҳанд, насибаи худро бигиранд. Аммо ин масъалаи суолбарангез аст, зеро тарҳро махсус барои манфиати иқтисоди худи Чин пеш гирифтаанд. Масалан, Ҷенерал Электрик баъзе аз тарҳҳоро соҳиб шуд ва мехоҳад, қарордодҳои бештар ба даст орад. Аврупо инҷо муввафақ набуд, вале бояд дид, ки Аврупо дар бораи ин ташаббус чӣ мегӯяд.”

Радиои Озодӣ: Муносибати Русия ба ин тарҳ чӣ гуна аст?

Тереза Фаллон: “Муносиботи байни Русияву Чин бисёр аҷиб аст. Онҳоро меҳвари роҳатӣ ё рафиқон аз ноилоҷӣ номидаанд. Русҳо дар сӯҳбатҳои хусусӣ ба шумо мегӯянд, ки нигаронанд, вале маърази ом худро ҷасур нишон медиҳанд. Рафтори чиниҳо ҳам айни ҳамин аст, дар назди ҷомеа ҳамкориҳоро ситоиш мекунанд, вале нигаронанд, ки агар тарҳ тамом шуд, чӣ кор мекунанд. Аз тарафи дигар, Русия Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиёро таъсис додааст, ки як навъ рақобат бо барномаи Роҳи абрешими Чин аст. Аммо Русия дар иҷрои тарҳаш муваффақ нест, чун мисли Чин ҳамёни бузург ва пул надоранд. Барои ҳамин баъзе дар Русия мефаҳманд, ки бояд барномаро қабул кунанд, баъзеи дигар бозӣ доранд ва мехоҳанд, мунтазир шаванду бубинанд, ки тарҳ оё дар воқеъ иҷро мешавад?”

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG