Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Тошканд аз роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбакистон


Тошканд аз мавқеи Бишкек дар робита ба бунёди роҳи оҳани Чин - Қирғизистон - Узбакистон пуштибонӣ кардааст. Ин нуктаро Сафар Исҳоқов, сардори Шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон дар ҳошияи сафари президент Алмосбек Отамбоев ба Узбакистон баён доштааст. Исҳоқов гуфтааст, зимни мулоқоти раҳбарони Қирғизистону Узбакистон дар Самарқанд тамоми масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла тарҳҳои байналмилалӣ ва лоиҳаҳое, ки ҷониби Пекин онҳоро тарҳҳои дар доираи камарбанди Роҳи абрешим меномад, баррасӣ шуданд.

"Масалан, тарҳи роҳи оҳани сеҷониба ҳаст, ки Узбакистон аз мавқеи Қирғизистон дар робита ба сохтмони он ҷонибдорӣ мекунад", - афзудааст Исҳоқов. Ба гуфтаи вай, се кишвар дар бораи иҷрои ин тарҳ назари ягона доранд. Роҳи оҳани мазкур Чинро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мепайвандад ва тариқи Афғонистон, Эрон ва Туркия роҳро ба Аврупои Шарқӣ боз хоҳад кард.

Ёдрас мешавем, Ҳасани Руҳонӣ, президенти Эрон дар ҳошияи гуфтугӯяш бо Отамбоев, изҳор дошт, ки Теҳрон ташаббуси бунёди роҳи оҳанро пуштибонӣ мекунад. "Ин роҳи оҳан кишварҳои минтақа, аз Чин то Халиҷи форсро ба ҳам мепайвандад. Ба назари мо, ин ба нафъи на танҳо Қирғизистону Эрон, балки ба манфиати тамоми кишварҳои минтақа аст", - афзуд Руҳонӣ.

XS
SM
MD
LG