Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санҷиши бакорат дар Эрон. Ҳифзи обрӯ, зарурат ё таҳқири зан? ВИДЕО


Ҳазорон зану духтар дар Эрон барои исботи покдомании худ қабл аз издивоҷ ночор аз санҷиши бакорат мегузаранд. Ҳарчанд ин озмоиш ҳатмӣ нест.

Агар натиҷаи санҷиши бакорат ба фоидаи занон набуд, бархе талош мекунанд бо харҷи зиёд ва кӯмаки табибон ба қавле “обрӯ”-и худро барқарор кунанд. Зеро дар акси ҳол арӯс метавонад "нодухтар" эълон шавад ва қазия бо фоҷеа ва ҳатто куштори номусӣ анҷом ёбад. Созмони ҷаҳонии беҳдошт санҷиши бакоратро амали ғайриинсонӣ унвон кардааст.

Пизишкон мегӯянд, санҷиши бакорат асоси тиббӣ надорад, аммо бисёре аз оилаҳо дар Эрон ин санадро талаб мекунанд. Миқдори пули маҳри арӯс низ аз ҳамин вобаста аст. Як духтари ҷавонӣ эронӣ, ки барои исботи бакорати худ ба назди пизишкон омада буд, дар сӯҳбат бо журналист мегӯяд, ин ҷо аз рӯи зарурат, на бо хоҳиши худ омадааст.

Ӯ гуфт: “Мо ин санҷишро намехоҳем. Вале маҷбурем покдомании худро бо ин озмоиш собит кунем. Ман ҳоло ин ҷо ба хости худам наомадаам, бо исрори хонаводаам омадам”. Аксари духтарон ҳам, ки бо исрори волидон маҷбуранд аз санҷиши бакорат гузаранд, мегӯянд, ин амалро таҳқир нисбати худ медонанд. Пизишкон мегӯянд, ин таҳқиру тавҳини занону духтарон ҳам барои ҷойи холии пардаест, ки илми пизишкӣ вуҷуди онро зери суол бурдааст.

Фаримоҳ Фароҳанӣ, духтури занона аст ва ҳамарӯза даҳҳо муштарӣ дорад. Ӯ аз таҷрибааш мегӯяд: “Пардае ба исми пардаи бакорат вуҷуд надорад. Ин ҳама афсона аст. Дар воқеъ, узве, ки мо дар риштаи пизишкӣ онро гормон мегӯем, бофтае аст, ки дар ҳамли зан байни узвҳои пешобдон ва таносул шакл гирифтааст ва то замоне, ки бача ба дунё меояд, ин макон боз шуда, дигар пардае вуҷуд нахоҳад дошт. Ҳамаи ин афсонаест, ки, мутаассифона, ба мо гузоштаанд”.

"Бокира набуд, бокира набуд..."
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00

Табиби дигари эронӣ аз таҷрибаи кори худ мегӯяд, аксаран хонаводаҳои худи духтарон барои гирифтани санади бакорат талош мекунанд ва духтаронро маҷбур ба озмоиш меоранд. “Чизе, ки ман дар таҷрибаи худам мебинам, ин аст, ки 90 дар сад хонаводаҳои духтарон инро мехоҳанд. Аксаран вақте якҷо барои санҷиш меоянд, писарон мегӯянд, “ман худам духтарро қабул дорам, вале хонаводаи худаш барои гирифтани санҷиши бакорат пофишорӣ доранд”. Баъзан ба зеҳнам ин суол меояд, ки оё ҳамон писаре, ки барояш духтарро ин ҷо меоранд, воқеан худаш ҳам дастнохӯрда аст?”

Созмони ҷаҳонии беҳдошт талаби гувоҳии бакоратро хушунат айлаҳи занон ва як амали ғайриинсонӣ унвон кардааст. Сомона Саводӣ, як ҳомии ҳуқуқи занон мегӯяд: “Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ дар охирин гузориши худаш хоҳони манъи муоинаи бакорат дар тамоми кишварҳо шудааст. Дар ин гузориш онҳо муоинаи бакоратро аз нигоҳи тиббӣ беэътибор ва хушунати зан хондаанд.

Онҳо ба ин бовар ҳастанд, ки ин муоина хилофи обрӯ ва шаъни инсонӣ аст. Ба ҳар ҳол, ин муоина дар Эрон ба шакли густарда анҷом мешавад”. Ҷашни бакорат, дастмолгардонӣ ва чанд маросими дигар, аз ҷумла намоиши рахти хунолуди шаби тӯй чун исботи бакорати духтарон ҳанӯз ҳам дар бархе аз минтақаҳои Эрон ҳифз шудааст. Ҳамин фишорҳои руҳиву равонӣ боис шуда, ки гурӯҳе занону духтарон талош мекунанд бо харҷи зиёд “обрӯ” ё бакорати худро барқарор кунанд.

Ин ҷарроҳии гаронбаҳо дар бисёре аз нуқоти Эрон муштариёни худро доштааст. Аммо коршиносони динӣ тармими пардаи бакоратро "ҳаром" хондаанд. Фаримоҳ Фароҳанӣ, духтури занона мегӯяд: “Мутаасифона, ин барқарорсозӣ як роҳи даромаде шудааст барои касоне, ки медонанд, ки бисёре аз хонаводаҳои эронӣ ва ё ҳар ҷойи дигар бо масъала мушкил доранд ва ин барояшон хеле муҳим аст.

Онҳо даҳони маҳбал ё узви занонаро медӯзанд ва ҳангоми робитаи ҷинсӣ ҷойи духташуда кушода ва боиси хунрезӣ мешаваду ҳолате ба вуҷуд меояд, ки мардум интизораш ҳастанд. Аммо ин амали пизишкӣ ва дар тиб шинохташуда нест”. Бокира будан ҳанӯз ҳам дар бисёре аз гушаҳои ҷаҳон як мавзӯи маргу зиндагӣ барои духтарон боқӣ мемонад. Набудани як қатра хун, ки обрӯи хонавода аз он вобаста аст, баъзан метавонад барои духтарон бо фоҷиа ва “қатли номусӣ” анҷом ёбад.

Зуҳро Боқиршод, як муҳаққиқи масоили занон дар Эрон мегӯяд: “Агар хонавода фикр кунад, ки духтар бакорат надорад ва пеш аз издивоҷ робитае доштааст, кор метавонад ба қатли номусӣ анҷом ёбад. Яъне падар ва аъзои хонавода, ҳатто модар духтарро нанги хонавода бидонанд ва фоҷеа сар занад.” Баҳси бакорат ё талоши исботи духтар будани арӯсон дар Тоҷикистон ҳам боиси сар задани моҷароҳои зиёде шудааст. Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ба мавзӯи бокирагии духтарон ҷиддӣ бархӯрд мешавад. Дар сурати ифшои ба истилоҳ "нодухтарӣ" дар аксар маврид арӯсро аз хонаи шавҳар берун мекунанд. Дар гузашта моҷаро бар сари бакорати арӯсон то ба додгоҳ расидаву боиси марги духтарон ҳам шудааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG