Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги орзуҳои пасошӯравӣ - Кишварҳои фасодзада ва бе демократияи Осиёи Марказӣ


Акс аз бойгонӣ

Матбуоти ғарбӣ вазъи демократия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро "марги орзуи баъд аз Шӯравӣ" тавсиф кардаанд. Нашрияи бритониёии Guardian дар мақолае 25 соли истиқлоли кишварҳои минтақаро ба баррасӣ гирифта ва гуфтааст, раҳбарони минтақа ин фурсатро на барои рушди демократия, балки "барои мустаҳкам кардани пояҳои худ" истифода намуданд.

Марги диктаторони собиқ даҳ соли пеш дар Туркманистон ва ахиран дар Узбакистон ба ислоҳоти сиёсӣ наовард

Кӣ аз кӣ забонкӯтоҳ аст?

Муаллифи мақола Шон Уокер барои тақвияти гуфтаҳояш аз аксҳои дар ҳама ҷойи Тоҷикистон овезони Эмомалӣ Раҳмон, ҳайкали тиллоии Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар Туркманистон, унвони "Элбасӣ"-и Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ва, инчунин, талоши ба Остона гузоштани номи ӯ мисол овардааст.

Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев
Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев

"Дар ҳамаи панҷ кишвари минтақа аъзои хонавода ва афроди наздик ба ҳукуматдорон сарватманд шуданд. Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои фасодзадаи ҷаҳон аст, вале сармоягузорону сиёсатмадорони хориҷӣ ба хотири даст ёфтан ба захираҳои табиӣ ва истифода аз пойгоҳҳои ҳарбии ин кишварҳо аз муошират бо худкомагон хиҷолат намекашанд. Ҳамчунон ки дар гузашта моҷароҷӯёни хориҷӣ ба хотири рушди тиҷораташон ба амирони қаламрави Роҳи абрешим хушомад мезаданд", - навиштааст Guardian.

"Марги диктаторҳо ислоҳот наовард"

Дар ин мақолаи нашрияи бритониёӣ таҳдиди асосӣ дар Осиёи Марказӣ "исломи радикалӣ" гуфта шудааст. Вале муаллиф мегӯяд, ҳукуматҳои минтақа бо саркӯби ҷараёнҳои муътадили исломӣ онҳоро ба оғӯши ифротгароӣ тела медиҳанд.

Ислом Каримов дар замони раҳбарӣ
Ислом Каримов дар замони раҳбарӣ

"Марги диктаторони собиқ даҳ соли пеш дар Туркманистон ва ахиран дар Узбакистон ба ислоҳоти сиёсӣ наовард, балки султони дигарро дар садри ин ҷараён нишонд", - таъкид кардааст нашрияи бритониёӣ. Дар ин мақола гуфта шудааст, ҳарчанд аҳолии ин кишварҳо ҳанӯз дар ботлоқи фақр буда ва бӯҳрони молӣ дар Русия интиқоли пулро ба Осиёи Марказӣ коҳиш додааст, аммо раҳбарони минтақа барои ба даст овардани ҳадди аксари фоида бо қудратҳои бузург моҳирона бозӣ мекунанд.

Дар қатори фасодзадатаринҳои дунё

Дар ҳамин ҳол, вебсайти амрикоии International Business Times дар мақолаи "Кишварҳои фасодзадатарини ҷаҳон кадомҳоянд?" Туркманистону Узбакистонро дар ҷойҳои ҳафтуму ҳаштум қарор додааст. Дар сафи аввали ин феҳрист Куриёи Шимолӣ, Сомалӣ ва ба дунбол Афғонистону Судон ва Ироқу Либия ҷой доранд.

Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ба истиснои Қирғизистон, дар 25 соли бидуни Шӯравӣ раҳбарони худро хеле кам иваз кардаанд. Туркманистон дар соли 2007 ва Узбакистон дар соли 2016 танҳо баъди марги раҳбарони аввали ин кишварҳо ба интихоби президенти нав маҷбур шуданд. Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури 76-солаи Қазоқистон, аз замони фурӯпошии Шӯравӣ дар ин кишвари нафтхези Осиёи Марказӣ раҳбарӣ дорад.

Тоҷикистон: 3 раҳбар дар 25 сол

Тоҷикистон ҳам аз даврони азҳампошии Шӯравӣ се бор раҳбари худро иваз кардааст. Ду раҳбари аввалаш - Қаҳҳор Маҳкамов ва Раҳмон Набиев - дар маҷмӯъ каме бештар аз як сол сари қудрат буда, ҳарду ҳам зери фишори мухолифон ба номаи истеъфояшон имзо гузоштаанд.

Қаҳҳор Маҳкамов моҳи июни соли 2016 даргузашт
Қаҳҳор Маҳкамов моҳи июни соли 2016 даргузашт

Аммо 24 соли охир зимоми қудрат дар дасти Эмомалӣ Раҳмон аст, ки соли 1992 ба ҳайси раиси Шӯрои олӣ ва аз соли 1994 то кунун дар чаҳор интихоботи президентӣ ба унвони раиси ҷумҳури Тоҷикистон интихоб шудааст. Интихоботи ахири президентӣ дар кишвар моҳи ноябри соли 2013 баргузор шуд ва оқои Раҳмон ҳақ дошт, то соли 2020 дар сари қудрат бимонад. Вале ислоҳи Қонуни асосӣ баҳори имсол ба ӯ имкон дод, ки бидуни маҳдудият дар интихоботҳои президентӣ иштирок кунад.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG