Пайвандҳои дастрасӣ

China Southern Airlines тоҷиконро ба 40 кишвари дунё мебарад. САДО


Шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин ба баъд имкон доранд, ки тавассути ширкати China Southern Airlines аз шаҳри Урумчии Чин ба 200 самт ваё 40 кишвари дунё парвозҳо анҷом диҳанд. China Southern Airlines, ки бузургтарин ширкати ҳавонавардии Осиё ба шумор меравад, аз соли 2008 ба ин тараф дар бозори ҳавонавардии Тоҷикистон фаъолият мекунад, имконияти парвозҳои хориҷаи дурро барои тоҷикистониҳо афзоиш дод.

Ба ин тартиб, дар баробари ширкати Turkish Airlines, Уралские авиалинии ва чанд ширкати дигари фаъол дар Тоҷикистон, дар бозори парвозҳои ҳавоии ин кишвар як ширкати нави анҷомдиҳандаи парвозҳои байналмилалӣ зиёд шуд ва баробар бо ин, ҳузури Чин дар Тоҷикистон дар симои як ширкати калони ҳавоӣ тавсеа ёфт.

Транзит: Ба Аврупо тавассути Чин арзонтар аст ё Туркия?

Дар маросими муаррифии парвозҳои ширкати China Southern Airlines, ки рӯзи 16 май дар меҳмонхонаи Hayyat Regency дар Душанбе доир шуд, таъкид шуд, ин ширкат дар масири байналмилалии "Як камарбанд, як роҳ" ё тарҳи "Роҳи абрешим" амал карда, аз бузургтарин васоили мусофирбарӣ ҳисоб меёбад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин ба баъд имкон доранд, ки тавассути ширкати China Southern Airlines аз шаҳри Урумчии Чин ба 200 самт ваё 40 кишвари дунё парвозҳо анҷом диҳанд

Ба гуфтаи Чен Лин, муовини раиси дафтари намояндагии ин ширкати ҳавоӣ дар Шинҷони Чин, мусофирони тоҷик метавонанд аз ин ба баъд аз шаҳри Урумчӣ ва Гуанҷоуи Чин аз тариқи транзит дар хатти ин камарбанд ба беш аз 200 масир дар 40 кишвари ҷаҳон парвоз кунанд. Ҳамзамон, Чен Лин ба саволи Радиои Озодӣ дар мавриди таруфаҳои билетҳои ҳавопаймо гуфт, “нархи билетҳо барои мусофирони оддӣ дастрас аст”.

Ширкати чинӣ ба ин тартиб имкони сафарҳои транзитии шаҳрвандони Тоҷикистонро ба хориҷа бештар карда, вобастагии мусофиронро танҳо аз роҳҳои ҳавоии Маскав ё Истамбул, ки умдатарин нуқтаҳои транзитӣ барои тоҷикистониҳо маҳсуб мешаванд, коҳиш медиҳад.

Ширкати чинӣ мегӯяд, ки ба хотири кори муназзами парвозҳо ҳоло мақомот масъалаи ҷорӣ кардани “визаи 24-соата”-ро баррасӣ мекунанд, ки тибқи он, мусофири хориҷӣ метавонад дар муддати 24 соат бо визаи сабуки транзитӣ аз Урумчӣ ба шаҳрҳои дигар парвоз кунад. Ҳоло аз рӯи муқаррарот, барои анҷоми парвоз то Чин барои шаҳрвандони Тоҷикистон визаи комил тақозо мешавад.

Рақобат ба манфиати мусофирон аст

Коршиносони тоҷик мегӯянд, ки роҳандозӣ шудани имкони парвозҳои транзитӣ ба хориҷа тавассути Урумчии Чин рақобатро дар бозори ширкаҳои ҳавоӣ бештар карда дар ниҳояти амр ба манфиати мусофирон меанҷомад. Сӯҳроб Ҷӯраев, коршиноси масоили ҳавонавардӣ гуфт, ширкати чинӣ пеш аз ҳама рақиби ширкати Turkish Airlines мешавад ва фаъолияти он эҳтимолан дар оянда ба сиёсати нархгузорӣ ҳам таъсиргузор шавад.

Сӯҳроб Ҷӯраев мегӯяд, бартарии парвозҳо тавассути ширкати туркӣ дар он аст, ки барои тоҷикистониҳо дар Истамбул мушкили дарёфти визаи транзитӣ вуҷуд надорад. Ҳамзамон, гуфт ӯ, ҳузури ширкатҳои бузурги ҳавонавардии хориҷӣ дар Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ ба фаъолияти ширкатҳои ватанӣ монеъ намешаванд. “Ба фикри ман “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” ба рақобат омода ҳастанд. Аз рақобат асосан мусофирон бурд мекунанд. Чунки ҳар ширкати ҳавоӣ барои беҳбуди сафари мусофирон кор мекунанд”.

Моҷароҳои ҳавоӣ

Хабари тавсеаи имкониятҳои парвозҳо тавассути ширкати чинӣ дар ҳолест, ки дар ним соли гузашта мақомоти тоҷик бо ҳамкоронашон дар Русия имкони ба бозори ҳавонавардии Тоҷикистон ворид шудани ширкати нави русии «Ямал»-ро хеле доғ баҳс карданд. Мушкил, аз назари Душанбе, дар адами паритет ё баробарӣ дар шумори парвозҳо буд, вале коршиносони мустақил сиёсати нархгузориро дарунмояи ин баҳсҳо мегуфтанд. Дар ин байн Русия барои муддати кӯтоҳ парвози ширкати «Сомон Эйр» ба қаламравашро маҳдуд кард. Вале баъди музокираҳо ширкати “Ямал” иҷозати парвозро ба даст овард ва зоҳиран нархи билетҳо ҳам баъди ин ба самти коҳиш ҳамоҳанг шуд.

Вазорати нақлиёт: Дар парвозҳо ба Чин баробарӣ риоят шудааст

Бар асоси Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи иртиботи ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Чин, ки 15 январи соли 2007 дар шаҳри Пекин имзо шуда буд, ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистону Чин аз шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд ба Урумчии Чин парвозҳо анҷом медиҳанд. Юсуф Раҳмон, сардори раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар ҳамоиши Душанбе рӯзи 16 май гуфт, ки дар масъалаи танзими парвозҳо миёни ниҳодҳои ҳавонавардии Тоҷикистону Чин ихтилофи назарҳое вуҷуд надошта ва парвозҳо бар асоси принсипи баробарӣ ё паритет сурат мегирад.

Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, “ширкати China Southern Airlines ҳафтае ду парвоз ба Душанбе ва як парвози дигар ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон анҷом медиҳад. Ба навбати худ ширкати “Сомон Эйр” ҳафтае ба Урумчии Чин ду маротиба ва ширкати “Тоҷик Эйр” як маротиба парвоз мекунанд”. Аз сӯи дигар, аз аввали соли 2016 ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” ҳафтае як маротиба ба шаҳри Пекин парвоз карда ва ширкатҳои чинӣ дар ин масир парвоз надоранд. Дар ҳамин ҳол, масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар доданд, дар ояндаи наздик ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон ба масири нави Гуанжоу парвозҳои доимӣ анҷом хоҳанд дод.

Ширкати China Southern Airlines бузургтарин ширкати ҳавоӣ дар қораи Осиё маҳсуб шуда ва дар радабандии ширкатҳои ҳавоии ҷаҳон дар зинаи чорум қарор дорад. Ин ширкат дорои 700 ҳавопаймои мусофирбару борбар буда ва ҳавопаймоҳои он ҳамарӯза дар 200 самт дар 40 кишвари ҷаҳон 2600 парвоз анҷом медиҳанд.

Коршиносони тоҷик мегӯянд, бо тавсеаи ҳамкориҳо бахшҳои ҳавонавардии Пекину Душанбе, ҳузури иқтисодиву тиҷоратии Чин дар бозори Тоҷикистон боз ҳам тавсеа меёбад.

Чин айни замон бузургтарин сармоягузори Тоҷикистон аст ва бисёре аз сохтмонҳои бузурги давлатӣ бахусус тарҳи зербунёдҳо ба истиснои нерӯгоҳи барқи обии Роғун, бо қарзи Чин амалӣ мешаванд. Айни замон қарзи хориҷии кишвар аз 2 миллиард доллар ҳам зиёдтар аст ва бештар аз 1 миллиард доллари онро Чин барои сохтани роҳу нақб, шабакаҳои барқӣ ва ҳам зербунёдҳои дигар ба Тоҷикистон додааст.

Пекин ба фарқ аз Маскав масъалаҳои байни ду давлатро пушти саҳна ва бе ҷалби матбуот ҳал мекунад. Бисёре аз шаҳрвандон аз "таҳдиди хазанда"-и Чин нигаронӣ мекунанд ва наздикии Тоҷикистони кӯчак бо ин абарқудрат, махсусан қарзгирӣ аз онро ба манфиати миллат намедонанд. Вале ин воқеиятро низ эътироф мекунанд, ки дар ин шароит Тоҷикистон интихоби зиёд надорад.

Дар солҳои ахир дар канори ҳамкориҳои иқтисодӣ Чин ба густариши ҳамкориҳои низомию фаннӣ бо Тоҷикистон низ талош мекунад, то аз таҳдидҳои амниятӣ аз самти Афғонистон ҷилавгирӣ шавад. Зеро густариши домани ноамниҳо дар шимоли Афғонистон ва наздик шудани нооромиҳо ба марзи вилояти Шинҷон - Чинро водор мекунад, ки кӯмакҳои низомӣ ба Тоҷикистонро ҳам афзоиш диҳад. Дар ин вилоят ҷудоихоҳони уйғуртабор барои ба даст овардани истиқлол аз Чин мубориза мебаранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG