Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба "Қалъаи Афросиёб" харобшавӣ таҳдид мекунад. ВИДЕО


Таърихшиносони Суғд мегӯянд, дар замони Шӯравӣ ба омӯзиш ва ҳифзи қалъаҳо дар Ашт - ноҳияи ҳаммарзи Узбакистон аҳамияти ҷиддӣ дода мешуд, вале баъди фурӯпошии он, таҳқиқоти археологҳо дар нимароҳ монда ва ин мавзеъҳои таърихӣ торафт ба харобазор табдил меёбанд.

Сулаймон Азимӣ, таърихшиоси тоҷик мегӯяд, вақте онҳо мактабхон буданд, барои омӯзиш ба инҷо меомаданд, дар теппаи инҷо ба намуди шиор навишта шуда буд, ки “Бозёфҳои таърихӣ аз тарафи давлат ҳимоя мешавад”. Вале ҳоло он навиштаҷотро танҳо пояаш мондааст.

Ду қалъа дар масири "Роҳи Абрешим"

Қалъаи Тудаи Хурд,Тудаи калон ва Қалъаи Афросиёб, воқеъ дар деҳаи Аштро олимони шӯравӣ солҳои 50-уми асри гузашта таҳқиқ кардаанд ва тибқи маълумоти онҳо, дар гузашта инҷо шаҳраке будааст. Ин ду қалъаи хурд, дар "Роҳи Абрешим" қарор гирифта, корвонҳо ҳаминҷо таваққуф мекардаанд.

Бостоншиноси рус Салтовcкая дар натиҷаи омӯзишҳои археологияш маълум кардааст, ки байни ин қалъаҳо роҳи зеризаминие мавҷуд аст ва деворҳои он ба шакли муҳофизатӣ сохта шудаанд. Сулаймон Азимӣ мегӯяд, ривояти таърихие ҳаст, ки вақте аҷнабиҳо кӯшиши ҳуҷум мекунанд, аз яке ин қалъаҳо ба нишони омодабош оташ рӯшан мекарданд ва мардуми дигар қалъаҳо ба мубориза омода мешуданд.

Бостоншиносон Қалъаи Афросиёбро мутааллиқ ба асрҳои 6-4 пеш аз милод медонанд. Онҳо аз дохили қалъаи Афросиёб, қабати девори қалъа хумчае ёфтанд ва ин бозёфтро ба асрҳои IV-I пеш аз милод мансуб донистаанд ва ҳоло дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.

Таърихи 5-ҳазорсолаи қалъаи Афросиёб

Сулаймон Азимӣ ҳам мегӯяд, вақте як пажӯҳишгари чинӣ ба ин қалъа омад, яке аз сокинон дар ҳамсоягии қалъа, ба ӯ як табақчаи сафолинро пешкаш кард ва он хеле нафис буду дар пасаш бо хатти мехӣ навиштаҷоте мавҷуд буд. Агар аз рӯи таърихи паҳншавии хатти мехӣ ҳисоб шавад, қалъаи Афросиёб таърихи на кам аз 5-ҳазор сола дорад.

Солҳои ахири қарни 18 атрофи ин қалъа деворнигораҳо доштааст, аммо заминдорон барои хокаш онҳоро вайрон кардаанд. Ҳатто мухолифати шаддиди сокинон натавонистааст ин ёдгориро аз валангор шудан, нигаҳ дорад. Ҳудуди ҳифзшуди он пештар 2 гектар будааст ва ҳоло ҳамин қалъаи боқимонда ба ҳисоби таърихшинос Сулаймон Азимӣ, 15 дарсади масоҳати аслии он аст ва ба гуфтаи ин таърихшинос, "ҳоло ҳамин бахши ёдгориро низ хатари нест шудан таҳдид дорад."

Ёдгориҳои таърихии Ашт хароб мешаванд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:21 0:00

Масъулони фарҳанги Суғд мегӯянд, ҳарчанд барномаи мукаммали давлатӣ барои солҳои 2012-2020 дар бораи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ба тасвиб расидааст, вале то ҳол маблағгузорӣ нагардидаанд. Абдушариф Абдураҳимов, мутахасиси раёсати фарҳанги Суғд мегӯяд, “хуб мешуд, ки аз ҷониби вазорати фарҳанг ва ҳукумати Тоҷикистон бо маблағгузорӣ ин ёдгориҳои таърихӣ барқарор ва аз нав эҳё мегаштанд.”

Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд дар чаҳорчӯбаи барномаи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ 25 қалъа, 7 мақбара, 5 мадраса, 30 масҷиди таърихӣ, 30 маъбади қабл аз исломӣ бояд тармиму бозсозӣ шаванд.

Дар Суғд беш аз 750 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла дар Ашт ҳудуди 40 ёдгориҳои таърихӣ мавҷуд аст, ки мадфану мазорҳо, теппаву қалъаҳо ва тахтасангҳои беш аз ҳазорсоларо дарбар мегирад ва қисме аз онҳо бояд таъмир ва нигоҳубин шаванд.

Дар соли 2015 наздики 235 ҳазор сайёҳон аз Суғд дидан кардаанд, ки аксари онҳо нисбат ба мавзеҳои экологӣ ба ҷойҳои таърихию қадимӣ низ афзалият медиҳанд. Бар ҳисоби Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, як сайёҳ метавонад ба кишвари мизбон ба ҳисоби миёна 500 доллар даромад биёрад. Масъулони соҳаи сайёҳӣ ва таърихшиносон мегӯянд, дар зери ин хоктудаҳои қалъаи Афросиёб бозёфтҳои нодири археологӣ вуҷуд доранд, ки бояд ҳимоя ва кашф шаванд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG