Вазорати дифои Амрико мегӯяд, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон дар соли 2017 аз ноамнӣ ва хатари амалҳои террористӣ дар Афғонистон нигарон буданд, ки мабодо ба қаламравҳои онҳо низ сироят накунад.
Ба гуфтаи вазорат, мояи асосии нигаронии панҷ кишвари минтақа бозгашти ҷангҷӯёни хориҷии гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ аз Сурия ва густариши эҳтимолии нуфузи “Вилояти Хуросон” яке аз ҳалқаҳои Давлати исломӣ дар минтақа аст. Арзёбии мазкур дар гузориши нимсолаи вазорати дифои Амрико ба Конгресс аст, ки рӯзи 15-уми декабр нашр шуд.
Дар ин гузориш омадааст, ки Осиёи Марказӣ ҳамчунон барои манофеи амниятии Иёлоти Муттаҳида муҳим аст, чун роҳи шимолии таъминоти нерӯҳои амрикоӣ аз қаламрави он мегузарад.
Вазорати дифои Амрико хостааст, ки ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа идома ёбад, қудрати Осиёи Марказӣ барои муқобила бо хатарҳои фароминтақавӣ тақвият бахшида шавад ва ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон мустаҳкам гардад.
Дар гузориш ҳамчунин гуфта мешавад, ки “Туркманистону Тоҷикистон ва Узбакистон бо кӯмакҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва сохтани зербунёдҳо ба Афғонистон кӯмак мекунанд, ки ба пои худ биистад.”
Рӯзи 7-уми декабр Сироҷиддин Аслов дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Вена ҳамчунин аз бозгашти аъзои гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ изҳори нигаронӣ кард ва онҳоро хатари ҷиддӣ барои Тоҷикистон ва фаротар аз он номид. Ӯ гуфт:
“Сар бардоштани нерӯҳои иловагии ифротӣ дар Афғонистон, бахусус бозгашти ҷангҷӯёни хориҷӣ аз ҷумла аъзои гурӯҳи Давлати исломӣ ба шимоли кишвар ба як хатари ҷиддӣ на танҳо барои Тоҷикистон балки барои сарҳади ҷанубии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо табдил меёбад. “
Сироҷиддин Аслов афзуд, Тоҷикистон ба ҳайси як ҳамсояи наздики Афғонистон манфиатдор аст, ки дар онҷо “сулҳу оромӣ барқарор шавад ва он кишвар аз назари иқтисодӣ рушд кунад. “
Толибон бо ҷанг ба ҷое намерасанд..
Вазорати дифои Амрико нерӯҳои Афғонистонро барои пешрафт дар ҷанг ба зидди тундгароён ситоиш карда ва аз Толибон хостааст, бо музокирот ба ҳукумат, “роҳи сулҳ ва машруъиятро” пеш бигирад. Дар гузориши нимсолаи вазорати дифоъ ба Конгресси Амрико омадааст, ки “манобеи амрикоӣ ва афғон мегӯянд, мубориза дар ин мавсим назар ба мавсими пешина бештар муввафақ будааст.”
Ҳадафи амалиёт, мутақоид кардани Толибон аст, ки онҳо дар майдони ҷанг пирӯз намешаванд.
Пентагон гузориши мазкурро рӯзи 15-уми декабр ба Конгресс фиристодааст ва ин аввалин гузоришест, ки баъди эълони стротегияи нави Амрико дар Афғонистон ба вакилон пешниҳод мешавад. Стротегияи навро раиси ҷумҳур Доналд Трамп рӯзи 21-уми август эълон кард.
“Дар ин муддат (1-уми июн то 30-уми ноябр) Толибон натавонистанд, ба ягон маркази вилоят таҳдид кунанд, назорати ноҳияҳои муҳимро аз даст доданд ва нерӯҳои артиши миллӣ ва амниятии Афғонистон назорати тамоми минтақаҳои бузурги сераҳолиро ба даст оварданд” – омадааст, дар ин гузориш.
Нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон ҳамин тирамоҳ гуфтанд, ки муноқиша дар кишвар дар “бунбаст” аст, чун нерӯҳои афғон тавони ақиб задани Толибону дигар гурӯҳҳои ифротиро надоранд.
Дар гузориш омадааст, ки ҳадафи Амрико дар Афғонистон аз соли 2001 бетағйир мондааст ва он ҳам, “роҳ надодан ба ин ки Афғонистон ба паноҳгоҳи амне барои гурӯӯҳои террористӣ табдил нашавад, ки дар ин ҷо амалҳои террористӣ ба зидди Амрико, шарикони он ва шаҳрвандони амрикоӣ дар хориҷро тарҳрезӣ ва амалӣ кунанд.”
“Мақсади мо Афғонистони ором, мустақил ва бомуросо бо ҳамсоягонаш аст”- гуфта мешавад, дар ин гузориш.
Дар идомаи он омадааст, ки “Ҳадафи амалиёт, мутақоид кардани Толибон аст, ки онҳо дар майдони ҷанг пирӯз намешаванд. Ҷанг аз роҳи музокироти сиёсӣ ба раҳбарии афғон ва ҷалби тамоми ҳизбҳо, ба шумули Толибон метавонад, хотима ёбад.”
Муаллифони гузориши вазорати дифои Амрико гуфтаанд, ки Толибон дар майдони ҷанг пирӯз намешаванд ва “бояд бидонанд, ки ягона роҳ ба сӯи сулҳ ва машрӯияти сиёсӣ музокира бо ҳукумати Афғонистон аст.”
Бар асоси стротегияи нав барои Афғонистон, Иёлоти Муттаҳида ба ин кишвар нерӯҳои нав фиристод. Ҳоло дар Афғонистон тақрибан 14 ҳазор сарбози амрикоӣ ҷойгиранд, ки назар ба соли гузашта 3 ҳазор нафар бештаранд.
Нерӯҳои амрикоӣ соли 2001 барои сарнагун кардани гурӯҳи Толибон ба Афғонистон омаданд. Амалиёти барканор кардани ин гурӯҳ аз ҳукумат баъди он шурӯъ шуд, ки Толибон ба ҷангҷӯёни созмони Ал-Қоида, масъули ҳамлаҳои террористии рӯзи 11-уми сентябр ба Амрико паноҳгоҳ дод.
Нерӯҳои Амрико бахше аз нерӯҳои ба раҳбарии НАТО дар Афғонистон монданд, ҳарчанд амалиётҳои низомиро хотима дода, масъулияти таъмини амниятро ба дӯши худи нерӯҳои афғон гузоштанд. Аз ҳисоби 100 000 сарбози хориҷӣ дар Афғонистон ҳоло фақат 16 ҳазор нафар мондаанд, ки нерӯҳои афғонро омӯзиш медиҳанд ва дар баъзе аз амалиётҳо ба зидди ҷангҷӯён ба онҳо кӯмак мекунанд.