Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуот: Умар Маҳмадиев ният дошт, ба "доишӣ"-ҳои Афғонистон пайвандад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Нирӯҳои амниятии Русия дар шаҳри Санкт-Петербург Умар Маҳмадиев, як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карданд, ки гуфта мешавад нияти пайвастан ба саффи гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар Афғонистонро доштааст.

Кормандони Хадамоти федеролии амнияти Русия Маҳмадиевро қабл аз парвоз дар масири Санкт-Петербург -Истанбул дастгир карданд. Расонаҳои русӣ рӯзи 9-уми декабр ба нақл аз қавли масъулони Хадамоти федеролии амният навиштанд, Маҳмадиев ҷонибдори фаъоли ДИИШ буд ва қасди анҷом додани амали террористиро дошт.

Ба гуфтаи тафтишот, Маҳмадиев ният доштааст аз Истанбул ба Афғонистон сафар карда, ба сафи ДИИШ бипайвандад. Рӯзи 9-уми декабр бо ҳукми додгоҳи вилояти Маскав Умар Маҳмадиев барои ду моҳ, яъне то 7-уми феврали соли 2018 ба ҳабс гирифта шуд.

Айни замон нисбат ба Маҳмадиев бо моддаи «қасди пайвастан ба созмоне, ки фаъолияташ дар қаламрави Русия террористӣ эътироф шудааст» парванда боз шудааст. Умар Муҳаммадиеви 28-сола зодаи шаҳри Истаравшани Тоҷикистон то ин дам дар шаҳри Всеволожски Русия ба сар мебурдааст.

XS
SM
MD
LG