Як кумитаи Думаи давлатӣ ё порлумони Русия рӯзи чоршанбе аз тарҳи нави қонуне ҳимоят кард, ки шартҳои гирифтани патент ва иҷозаи иқомат ё РВП-ро барои муҳоҷирони корӣ бисёр сахт мекунад. Тарҳи қонун, ки ҳукумати Русия пешниҳод кардааст, ҳадаф дорад, назорат бар даромад ва ҳузури хориҷиён ва бахусус муҳоҷиронро дар ин кишвар пурзӯр кунад.
Агар фарзанди муҳоҷир 18-сола шуд...
Дар сурати қабули ин қонун, муҳоҷирони корӣ вазифадор мешаванд, ки на танҳо барои худ, балки барои ҳар узви хонаводаи худ, ки дар Русия ҳузур доранд, пешопеш молиёт ё андози собит супоранд.
Ҳамчунин, замони иқомати муҳоҷир ва пайвандони ӯ мустақим ба муҳлати қарордоди кории ӯ вобаста хоҳад буд. Агар қарордоди корӣ бо корфармо қатъ шавад, муҳоҷири тоҷик ё ҳар муҳоҷири дигар ва хонаводааш маҷбуранд, ки Русияро тарк кунанд.
Яке аз бандҳои баҳсбарангези тарҳи қонуни нав ин аст, ки фарзандони муҳоҷирон пас аз расидан ба 18-солагӣ, агар асоси дигари қонунӣ барои мондан надошта бошанд, бояд дар давоми 30 рӯз аз Русия берун шаванд. Фарқ надорад, ки волидони онҳо дар Русия кор мекунанд ё на.
Мақомоти Русия пешниҳод доранд, ки патенти муҳоҷир дар сурати мавҷуд набудани маълумот дар бораи даромади ӯ ё кам будани музди кораш беэътибор карда шавад. Даромади муҳоҷир набояд аз меъёри ҳадди ақали зиндагӣ барои худаш ва ҳар як узви оилааш камтар бошад.
Бе рухсатӣ ва бидуни беморӣ
Агар қонуни нав қабул шавад, зиндагии онҳое ҳам сахт хоҳад шуд, ки иҷозаи иқомати муваққатӣ (РВП) ё ҳаққи иқомати доимӣ (ВНЖ) доранд. Масалан, агар шахс дар давоми сол камтар аз 10 моҳ кор кунад, ҳуҷҷатҳояш беэътибор карда мешаванд.
Ба ибораи дигар, муҳоҷир ҳаққи бемор шудан, ба рухсатии дарозмуддат ба Тоҷикистон рафтан ё муваққатан бекор монданро надорад, зеро фақат таваққуф ё бемории думоҳа метавонад, боиси аз даст додани ҳуҷҷатҳо ва ихроҷ аз Русия шавад.
Бисёре аз тоҷикон бо умеди гирифтани шаҳрвандии Русия аввал ҳаққи иқомати муваққатӣ ва сипас ҳаққи иқомати доимӣ мегиранд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Тарҳи мазкур ҳамчунин муҳоҷиронро ба як манбаи даромади буҷаи Русия табдил дода, мондани оилаҳои онҳоро дар ин кишвар тақрибан номумкин мекунад.
Масалан, дар Маскав, ки гаронтарин шаҳри Русия барои муҳоҷирон аст, имрӯз муҳоҷир танҳо барои патенти худ тақрибан 7500–8000 рубл месупорад. Баъд аз тасвиби қонун ӯ бояд барои ҳамсару фарзандони худ низ "андози собит" супорад.
Ба ҳисоби оддӣ, як марди тоҷик бо ҳамсар ва ду фарзандаш дар Маскав бояд ҳар моҳ танҳо барои ҳаққи мондан дар ин кишвар шояд беш аз 25-30 ҳазор рубл молиёт ё андоз супорад.
Ба ақидаи баъзе аз муҳоҷироне, ки Радиои Озодӣ бо онҳо ҳамсуҳбат шуд, дар сурати қабули қонуни нав, ин санад пеш аз ҳама ба садҳо ҳазор хонаводаи тоҷик, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, зарбаи сахт хоҳад зад.
Русия, кишваре, ки худро шарики стратегии Тоҷикистон меномад, садҳо ҳазор муҳоҷири кории онро ба як абзори фишори сиёсӣ ва ҳам василаи арзони пур кардани буҷаи худ табдил додааст.