Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Имтиёз ё шаҳрвандӣ надиҳед". Қоидаи нав барои муҳоҷирон дар Русия


Рейди зидди муҳоҷирон дар Новосибирск. Акс аз бойгонӣ
Рейди зидди муҳоҷирон дар Новосибирск. Акс аз бойгонӣ

Дар як талоши дигари намоишкоронае барои ҷомеа вакилони Думаи давлатии Русия тарҳи қонунеро таҳия кардаанд, ки мӯҳлати ташхиси ҳатмии тиббии муҳоҷиронро бисёр кӯтоҳ мекунад. Маълум нест, тарҳи қонуни нав кай баррасӣ мешавад, аммо аз ҳоло маълум аст, ки ба қонуну қоидаҳое, ки кори муҳоҷиронро дар Русия сахт кардаанд, як қонуни нав зам мешавад.

Вчеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ гуфтааст, бар асоси тарҳи наве, ки бояд баррасӣ шавад, муҳоҷироне, ки ба Русия меоянд, бояд на дар 90 рӯз, балки дар муддати фақат як моҳ ё 30 рӯз муоинаи тиббӣ шаванд ва хулосаи пизишкиро ба мақомот пешниҳод кунанд.

Ин қонун шифохонаву озмоишгоҳҳои тиббиро ӯҳдадор мекунад, ки маълумотро дар бораи сиҳатии муҳоҷирон ба Вазорати корҳои дохилӣ бифристанд ва агар муҳоҷир бемории сироятӣ дошт, ҳатман ба идораи «Роспотребнадзор» хабар диҳанд.

Вячеслав Володин
Вячеслав Володин

Ба қавли Вячеслав Володин, дар сурати сарпечии муҳоҷир ё ҳар хориҷии дигар аз муоинаи ҳатмии тиббӣ ӯро бояд ҷарима банданд ва дар сурати зарурат бо амри додгоҳ аз Русия ихроҷ намоянд. Раиси Думаи давлатии Русия гуфтааст, ки ҳамаи ин тадбирҳоро барои сахттар кардани назорат бар муҳоҷирон ва таъмини амният дар кишвар меандешанд. Дар шарҳи ин гуфтаи Владимир Володин дар Телеграм, садҳо нафар аз шаҳрвандони Русия навиштаанд, ки «чаро ба Русия овардани оилаҳои муҳоҷиронро манъ намекунед.»

Яке аз корбарон бо номи Марина дар саҳифаи Владимир Володин навиштааст, ки «мо мехоҳем, тамоми муҳоҷирон бо оилаҳояшон аз Русия ронда шаванд. Касе мехоҳад, кор кунад, биёяд муваққатан кор кунаду баргардад. Ҳеч гуна имтиёз ё шаҳрвандӣ дода нашавад. Бигзоред, аз кишварҳои худашон талаб кунанд. Ман набояд ғами онҳоро хӯрам. Мисли гадо ба Русия меоянд. Умедворам, баъди Путин ягон раиси ҷумҳури сахтгир меояд, ҳамаи имтиёзҳоро пас мегирад, дарҳоро мебандад ва ба ихроҷ оғоз мекунад.”

Корбари дигаре бо номи Диана Фиалка навиштааст: “Бо тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ низоми раводидро ба роҳ андозед. Ҳамаи муҳоҷиронро бо оилаҳояшон ба ватанашон баргардонед, бачаҳояшонро аз мактаб ронда ба мактабу қишлоқҳои азизашон ихроҷ кунед.”

Думаи давлатии Русия танҳо соли гузашта бо қабули бештар аз 25 қонун кору зиндагӣ барои муҳоҷирон аз ҷумла садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷикро сахт кард.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки вакилони мардумии Русия тақрибан ҳар моҳе масъалаи муҳоҷиронро доман мезананд, то таваҷҷуҳи мардумро аз мушкилоти фаровони иқтисодии дохилӣ, зиндагии сахти мардуми таҳҷоӣ ва ҷанги вайронгари Русия дар Украина ба дигар тараф бикашанд.

XS
SM
MD
LG