Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази нав барои посбонони марзи Тоҷикистону Афғонистон


Марзи Тоҷикистону Афғонистон
Марзи Тоҷикистону Афғонистон

Ҳукумати Тоҷикистон дар наздикии марзи Афғонистон як маркази бузурги таълимӣ барои омода намудани сарбозон барои посбонии сарҳад бунёд кард. Маркази таълимии “Ҳалқаёр”, воқеъ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон рӯзи 8-уми декабр мавриди истифода қарор гирифт.

Хадамоти матбуотии Нерӯҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, ки дар марказ посбонони марзи Тоҷикистону Афғонистон, тирандозӣ меомӯзанд. Он ҷо барои 800 сарбоз ҷойи хоб омода кардаанд ва соле беш аз ҳазор нафар таълимӣ марзбонӣ мегиранд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар марказ сарбозон, минаҷӯён, нишонзанҳо ва тирзанҳо машқи тахассусӣ анҷом медиҳанд. Маркази таълимии “Ҳалқаёр” то соли 2005 дар ихтиёри русҳо қарор дошт, вале пас аз рафтани онҳо хароб шуд. Ҳоло Тоҷикистон онро дубора барқарор кардааст.

XS
SM
MD
LG