Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон 5 пул ва як гузаргоҳи марзӣ бо Афғонистонро баст. САДО


Тоҷикистон панҷ пул (купрӯк) ва як гузаргоҳ бо Афғонистонро баста, фаъолияти панҷ бозори марзӣ дар ҳудуди вилояти Бадахшону ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлонро қатъ кардааст. Инчунин, аз тариқи гузаргоҳи марзӣ дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор интиқоли молу коло сурат намегирад. Дар ҳоли ҳозир гузаргоҳи Шерхон Бандар, роҳи аслии интиқоли молу маҳсулот миёни ду кишвар боз аст.

Аз кишвари дӯстамон таваққӯъ ин аст, ки ба ҳоли мардуми Бадахшони Афғонистон таваҷҷӯҳ дошта бошад. Марзҳо боз бошад, то мардум озодона кори худро анҷом бидиҳанд
Аҳмад Файсал Бекзод

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухунгӯи нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 13-уми декабр дар сӯҳбати кутоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳеч дастури расмӣ барои бастани марз вуҷуд надорад.

​Аммо ду ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ дар мақомоти вилояти Хатлон гуфтанд, ки “пулу гузаргоҳҳои марзӣ бо далелҳои амниятӣ муваққатан баста шуд”. Як мақоми маҳаллӣ дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон рӯзи 13-уми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бозорҳо дар марз ба хотири корҳои "профлактикӣ" ва гузаргоҳҳо ба хотири сахттар кардани чораҳои амниятӣ муваққатан баста шудаанд. ​

Баъзе аз таҳлилгарон низ мегӯянд, зоҳиран ин посухи мақомоти тоҷик ба боди таҳдидҳои амниятист, ки аз он сӯи Ому мевазад. Дар ин авохир мақомоти Афғонистон аз фаъол шудани гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар шимоли он кишвар хабар дода, гуфтанд, ҷангҷӯёни гуруҳ чандин рустои ноҳияҳои Дарзобу Қуштеппаро таҳти назорат гирифтаанд.

Аҳмад Файсал Бекзод, раиси Бадахшони Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00
Линки мустақим

Аҳмад Файсал Бекзод, волии вилояти Бадахшони Афғонистон, рӯзи 13-уми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, талош доранд, то ҷониби Тоҷикистонро итминони хотир бидиҳанд, ки марзро боз намояд. “Фаъол будани пулҳо, фаъол будани бозорҳо бисёр муҳиму ҳаётӣ барои мост. Мо роҳи хуб бо марказ надорем. Бахусус дар ин шабу рӯз ва барфбориҳо роҳ ба марказ мушкилгузар аст. Аз ин рӯ, тамоми маводи ғизоӣ аз самти Тоҷикистон ворид мешавад”, - афзуд ӯ.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марзи муштарак дорад, ки яке аз қаламравҳои мавриди таваҷҷӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир ва ҳам гурӯҳҳои силоҳбадаст аст. Солона дар ин марз даҳҳо ҳодисаҳои кӯшиши убури ғайриқонунии марз ба қайд гирифта мешавад.

Тоҷикистон пулу гузаргоҳҳо ва бозорҳои марзиро баъди он баст, ки шаби 2-юми декабр дар задхӯрд бо қочоқбарони дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Хайриддин Аҳтамов, полковники марзбон низ кушта, чаҳор сарбозу афсар маҷрӯҳ шуданд. Мақомот мегӯянд, гурӯҳи мусаллаҳе, ки ба афсарону сарбозони тоҷик ҳамла кардааст, эҳтимол дар ҳудуди улусволии Чаёби вилояти Тахор ва ё улусволии Шаҳрибузурги вилояти Бадахшони Афғонистон пинҳон шудааст.

Дар болои рӯдхонаи Панҷ, ки марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро аз ҳам ҷудо мекунад, ҳафт пул бунёд шудааст. Сохтмони аксари ин пулҳоро созмонҳои байналмилалӣ маблағгузорӣ кардаанд.​

Дар назди пулҳо дар ҳудуди вилояти Бадахшон фаъол шудаанд, бозорҳои наздимарзӣ низ фаъолият мекунанд, ки ҳоло фаъолияташон қатъ шудааст.

XS
SM
MD
LG