Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси кумитаи порлумони Тоҷикистон мегӯяд, ки поин овардани мақоми дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва маҳдуд шудани фаъолияти он, ба ҳамкориҳои усулии ин созмони бонуфузи байналмилалӣ бо Тоҷикистон асари ҷиддӣ намегузорад.

Олим Салимзода, раиси Кумитаи байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони, рӯзи 5-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон ҳамчунон ба ҳамкориҳо бо Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бахшҳои иҷтимоӣ, низомӣ, мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ ҳамчунон идома медиҳад. Баъди пофишории зиёди ҳукумати Тоҷикистон, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо қарор кард, мақоми намояндагиаш дар Душанберо, ки яке аз бузургтарин намояндагиҳои минтақавии созмон буд, дигар кунад.

Тағйири мақом аз бузург ба хурд

Шӯрои доимии созмон рӯзи 1-уми июн қарор қабул кард, ки сар аз моҳи июл мақоми дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо тағйир дода шавад ва минбаъд ба ҳайси “Дафтари барномаҳои OSCE дар Душанбе” фаъолиятҳояшро идома бидиҳад.

Агар Созмони амнияту ҳамкории Аврупо мақсади ташкили муколамаи мухолифон бо давлатро медошт, ҷониби Тоҷикистонро огоҳ мекард, то ин муколама бо омодагии ҳамаҷониба ва пурсамар, анҷом шавад.

Тағйири мақоми намояндагӣ ба маънии маҳдуд шудани фаъолиятҳои созмон дар Тоҷикистон аст, ки то кунун барои рушди демократия, мурооти ҳуқуқи инсон, ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ ба кишвар кӯмак мекард.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ, аз кӯмакҳои фаннии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон, муҷаҳҳаз кардани дидбонгоҳҳо дар марз ва таъсиси Коллеҷи минтақавии омӯзиши марзбононро ёдоварӣ кард, ки дар он марзбонон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дарс мегиранд.

Коллеҷи мазкур соли 2012 ба кор шурӯъ кард, ки илми низомиро ба забонҳои англисӣ, русӣ ва форсӣ омӯзиш медиҳад. Тамаркузи асосӣ дар коллеҷи идораи марзҳо рӯи марзбонҳои Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказист. Ҳамчунин, бо мусоидати Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, садҳо афсари тоҷик дар донишгоҳу муассисаҳои низомии кишварҳои Аврупо омӯзиш мегиранд.

Баъди тағйири мақоми намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, яке аз нигарониҳои аслӣ ин мебошад, ки мумкин аст будҷаи ин коллеҷ кам шавад ва фаъолиятҳояш ҳам маҳдуд гардад. Ҳам дипломатҳои Амрико ва ҳам кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо хостаанд, ки дар будҷаи имсолаи дафтари иҷрои барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон, аҳамияти коллеҷ ба инобат гирифта шавад ва он фаъолияташро бе мушкилӣ идома бидиҳад.

Чаро равобит бо САҲА сард шуд?

Олим Салимзода, вакили Маҷлиси Намояндагон эътироф кард, ки сабабҳои сард шудани равобити Тоҷикистон бо САҲА ширкати гурӯҳҳои мухолифони давлати Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи ин созмон дар шаҳри Варшава дар моҳи сентябри соли гузашта буд.

Тазоҳурот дар назди дафтари САҲА дар Душанбе. Тобистони соли 2016.
Тазоҳурот дар назди дафтари САҲА дар Душанбе. Тобистони соли 2016.

Вай гуфт, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба унвони шарик ва ҳамкори Тоҷикистон дар мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ набояд ба ҳузури аъзои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва намояндагони гурӯҳҳои дигари мухолифон, ки фаъолияти онҳо дар кишвар мамнӯъ аст ва бархе аз онҳотеррорист эълон шудаанд, иҷозат медод.

Ба гуфтаи вай, “агар Созмони амнияту ҳамкории Аврупо мақсади ташкили муколамаи мухолифон бо давлатро медошт, ҷониби Тоҷикистонро огоҳ мекард, то ин муколама бо омодагии ҳамаҷониба ва пурсамар, анҷом шавад.”

Соли гузашта гурӯҳе аз аъзо ва тарафдорони Ҳизби мамнӯинаҳзати исломӣ рӯзи 19 сентябр ба ҷаласаи Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар мавзӯи демократия ва ҳуқуқу озодиҳоиинсон ворид шуданд ва нисбатба боздошту зиндонӣ карданиаъзои ин ҳизб дар Тоҷикистон эътироз карданд.

Пас аз ин ҳайати Тоҷикистон бо ин гуфта, ки созмон “ифротгароёну террористонро ба ҷаласа роҳ додааст”, ҳамоишро тарк кард. Дар Тоҷикистон ҳам гурӯҳе аз ҷавонон дар назди дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҷамъ омада ва бадару девори он санг андохтанд.

Нишасти САҲА дар Варшава.
Нишасти САҲА дар Варшава.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳамчунин яке аз созмонҳои байналмилалии аслӣ ва нозири интихоботҳоиТоҷикистон аст. Нозирони ин созмон гуфтаанд, то кунун ҳеҷ яке аз интихоботҳои Тоҷикистон одилонаву демократӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат нагирифтаанд.

Раиси Кумитаи байналмилилӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ибрози умедворӣ кард, бо вуҷуди ихтилофи назарҳои мавҷуда САҲА ва Тоҷикистон дар заминаҳои рушди демократия, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, муқобила бо хатарҳои террористию ифротгароӣ бо ҳам ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Ҳамчунин, ба гуфтаи вай, парлумони Тоҷикистон бо Ассамблеяи Парлумонии САҲА ҳамкориҳои густарда дорад ва ҳайати парлумонии Тоҷикистон мунтазам дар ҷаласаҳои ин ниҳод ширкат мекунад. Дар назар аст, ҳайати парлумонии Тоҷикистондар ҷаласаи Ассамблеяи Парлумонӣ дар шаҳри Минск, пойтахти Белорус дар дар моҳи оянда ширкат кунад.

Коршинос: Баста шудани бахшҳои САҲА ба нафъи Тоҷикистон нест

Дар назар аст, сар аз якуми июл панҷ дафтари минтақавии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки дар Ғарму Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Шаҳритус кор мекарданд, баста шаванд, ҳарчанд созмон ҳақ дорад, ба иҷрои барномаҳои гуногун дар манотиқи Тоҷикистон идома бидиҳад.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Ба эътиқоди Абдумалик Қодиров, коршиноси мустақил, аз фаъолият бозмондани бахшҳои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар минтақаҳои Тоҷикистон, ба ҳеч ваҷҳ ба манфиати кишвар нест. Ба гуфтаи вай, САҲА аз ҷумлаи шумори ками созмонҳои байналмилӣ буд, ки дар минтақаҳои Тоҷикистон дафтарҳояш фаъолият карда, на фақат дар рушди демократия, балки кумакҳои молӣ ҳам мекарданд. Барномаҳои рушди маҳал ва иқтисодӣ доштанд, марказҳои бӯҳронии занонро дастгирӣ менамуданд ва барои бунёди сехҳои дӯзандагӣ ё хоҷагии деҳқонӣ, сармоя ҷудо мешуданд.

“Ин бахшҳо бо назардошти талаботи он минтақа барномаҳо таҳия карда ва дар сайти САҲА ҷойгир мекарданд. Созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳидаи ҷаҳон пас аз ошноӣ бо ҳадафҳо ин ё он барномаро дастгирӣ мекарданд. Дар сурати баста шудани бахшҳо ин гуна барномаҳо низ таҳия намешавад”, гуфти Абдулмалик Қодиров.

Ба эътиқоди ин коршинос, дар сиёсати дарозмуддат равобити сард бо САҲА ба манфиати Тоҷикистон нахоҳад буд. Зеро кишварҳои узви Созмони амнияту ҳамкории Аврупо қабл аз ҳамкорӣ бо кишваре ҳатман мавқеъи ин созмонро дар қиболи кишвари мазкур ба назар мегиранд. Сардии равобит ҳатто ба тасмимгирии ниҳодҳои байналмилалии молӣ ва сармоягузорони хусусӣ таъсиргузор аст. Сармоягузор қабл аз ворид кардани сармоя вазъи озодиҳоро дар он кишвар ба ҳисоб мегирад.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки аз соли 2002 дар Тоҷикистон кор мекард, соли 2008 фаъолиятҳояшро тавсиа дод ва марказро ба дафтари табдил дод. Будҷаи дафтар дар соли 2016-ум 7 миллиону 756 ҳазор евроро ташкил медод ва дар он 28 корманди хориҷӣ ва 193 корманд аз дохили Тоҷикистон кор мекарданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG