Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи эътирози "ҷавонони фаъол" дар хонаи Раҳматуллои Раҷаб (ВИДЕО)


Валамат Иброҳимзода мегӯяд, кори ин ҷавонон ғайриқонунӣ аст.
Валамат Иброҳимзода мегӯяд, кори ин ҷавонон ғайриқонунӣ аст.

Ҳамсари Раҳматуллои Раҷаб, яке аз аъзои зиндонии Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, даҳҳо ҷавон рӯзи 27-уми сентябр дар назди хонааш ҷамъ омада ва ба дару девори хона себу тухм андохтанд.

Тухму себандозӣ ба хонаи Раҳматуллои Раҷаб баъд аз айни эътироз дар назди хонаҳои дигар аъзои раёсати ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ сурат мегирад.

Валамат Иброҳимзода ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҷавононро як автобус ба дари хонааш овард ва онҳо ба зидди раҳбарони ҳизби наҳзат шиор доданд. "Шиор доштанд, ки нест бод терроризм, нест бод Кабирӣ, нест бод терроризм. Мо чӣ террор кардем?" - гуфт ӯ.

Ҳамсари Раҳматуллои Раҷаб ин рафторро беадолатӣ номид ва гуфт, ҷавонони ҷамъомада баъд аз он фирор карданд, ки духтараш онҳоро ба навор гирифтааст. Зоҳиран эътирози ҷавонон ба фаъолиятҳои Шӯҳрати Раҳматулло, фарзанди Раҳматуллои Раҷаб аст, ки бо гурӯҳе аз аъзои ҳизби мазкур дар хориҷ аст.

Навори видео инҷост:

Ҳамсари Раҳматуллои Раҷаб рафтори эътирозгаронро маҳкум кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:28 0:00

Аз хона ба хона барои эътироз

Тухму себандозӣ ба хонаи Раҳматуллои Раҷаб баъд аз айни эътироз дар назди хонаҳои дигар аъзои раёсати ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ сурат мегирад. Рӯзи ҷумъа, 23-юми сентябр гурӯҳе аз ҷавонон дар назди хонаи Саид Абдуллои Нурӣ, раиси собиқи Ҳизби наҳзати исломӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ, яке дигар аз аъзои зиндонии ҳизби мазкур ҷамъ омада ва ба зидди ин ҳизб ва раҳбари он Муҳиддин Кабирӣ шиор доданд. Ин эътирозҳоро ташкилшуда аз тарафи мақомот медонанд, чун дар кишвар касе бе иҷоза ҳаққи ҷамъомад надорад.

Эътирозҳои пай дар пай дар Душанбе ҳафтаи гузашта дар назди дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо баъди он шурӯъ шуд, ки гурӯҳе аз мухолифони давлати Тоҷикистон дар хориҷ ва аз ҷумла аз ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар нишасти солонаи созмон дар шаҳри Варшава ширкат карданд ва ҳукумати Тоҷикистонро ба нақзи ҳуқуқи инсон муттаҳам намуданд.

Ҷавононро як автобус ба инҷо овардааст.
Ҷавононро як автобус ба инҷо овардааст.

Баъди ҳузури мухолифон дар нишасти ченакҳои инсонӣ дар пойтахти Лаҳистон ҳайати Тоҷикистон нишасти мазкурро тарк кард. Ҳайати Тоҷикистон тарафдорони мухолифони давлат дар хориҷро “террорист” номида ва гуфт, ки онҳо набояд ҳаққи иштирок дар нишастҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро дошта бошанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи июни имсол 14 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, аз ҷумла Раҳматуллои Раҷабро бо гуноҳи барангехтани адовати милливу нажодиву мазҳабӣ, қатлу терорризм, талош барои сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ ва ошӯби мусаллаҳона гунаҳкор донист ва ба солҳои тулонии зиндон маҳкум кард. Яке аз онҳо Зарафо Раҳмонӣ ки ба ду соли зиндон маҳкум шуд, чанде пеш бар асоси қонуни афв озод шуд.

Додситонӣ мегӯяд аъзои раёсати ҳизб дар ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон даст доранд, вале аъзои ҳизб мегӯянд, ки иттиҳомот беасосанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон баъди ҳамин ошӯб дар моҳи сентябри соли гузашта Ҳизби наҳзатро ҳидоятгар ва дастандаркори ошӯб номид ва онро созмони ифротиву террористӣ эълон кард ва фаъолияташро мамнӯъ кард. Аъзои ҳизб ин иддаоро рад мекунанд.

Аксҳои бештар:

XS
SM
MD
LG