Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ин паёми Русия барои идомаи ҳузураш дар Тоҷикистону минтақа аст" САДО


Дар пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон то охири имсол баталйони ҳавопаймоҳои бе сарнишин таъсис хоҳад шуд. Владимир Заруднитский, фармондеҳи нирӯҳои Округи низомии марказии Русия, рӯзи 26-уми май ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, ин пойгоҳ маҷмааи силоҳҳои муосири "Орланд" ва "Элерон"-ро низ дарёфт карда, бо системи партоби мушакҳои мавсум ба "Уруган" таъмин мегардад. Аммо мақоми низомии Русия мушаххас нагуфтааст, ки шумораи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар пойгоҳи 201-ум чӣ қадар хоҳад буд.

Таъсиси баталйони ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:29 0:00
Линки мустақим

Ин паёми ҷиддии Русия дар мавриди идомаи ҳузураш дар Осиёи Марказӣ аст ва баёнгари он аст, ки андешаи хориҷ шудан аз минтақаро дар сар надорад.

Боди хатар аз куҷо мевазад?

Кормандони дафтари матбуоти Округи марказии низомии Русия, қароргоҳаш дар шаҳри Екатеринбург, низ аз ибрози назар дар мавриди таъсиси баталйони ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар пойгоҳи низомии ин кишвар дар Тоҷикистон худдорӣ карданд. Онҳо гуфтанд, ки “наметавонанд ҳарфҳои генерал Заруднитскийро шарҳ диҳанд”.

Пойгоҳи 201-ум дар шаҳри Қӯрғонтеппа
Пойгоҳи 201-ум дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Коршиносон далели таҳкими пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистонро ба афзоиши ноамнӣ дар минтақа ва таҳдидҳои эҳтимолӣ аз Афғонистон рабт додаанд. Виктор Литовкин, коршиноси масоили низомии Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, "вазъият дар Афғонистон ноором буда, эҳтимоли вуруди гурӯҳҳои террористии “Давлати исломӣ”, “Ал- Қоида” ва дигар гурӯҳҳои террористиву ифротгаро аз ин кишвар ба хоки Тоҷикистон вуҷуд дорад. Ин амр, мумкин аст, барои барҳам хӯрдани субот дар Тоҷикистон сабаб шавад. Аз ин лиҳоз, Русия ҳам пойгоҳи низомии 201-ум ва ҳам нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро таҳким мебахшад."

Талоши Русия барои дилгармии кишварҳои ОМ

Ба қавли Литовкин, ба ин манзур Русия дар канори таъсиси батйалони ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ба пойгоҳи низомии худ дар Тоҷикистон системи партоби мушакҳои мавсум ба “Ураган”-ро интиқол хоҳад дод. Ин системаи ҷангӣ ҳама гуна ҳадафро дар масофаи 35 километр нобуд сохта ва ба далели қудрати баланди манёвр доштан ва зуд ба ҳолати ҷангӣ даромадан ин система барои Тоҷикистони кӯҳистонӣ мутобиқ будааст.

Аз 30 май то 1 июн дар тамрингоҳҳои “Ҳарбмайдон” ва “Лоҳур” бо ҳузури нирӯҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил машқҳои низомии байналмилалии “Душанбе-Антитеррор-2017” баргузор хоҳад шуд.

Ба андешаи Мирҳат Шарифҷон, як таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ, муҷаҳҳазгардонии пойгоҳи 201-ум бо силоҳҳои нави ҷангӣ “таҳаввулоти хеле муҳим аст”.

Вай гуфт, “ин паёми ҷиддии Русия дар мавриди идомаи ҳузураш дар Осиёи Марказӣ аст ва баёнгари он аст, ки андешаи хориҷ шудан аз минтақаро дар сар надорад. Дар ҳолест, ки дар чанд ҳафтае қабл Даниэл Розинблюм, муовини ёвари котиби давлатӣ ва Ҷозеф Вотел, фармондеҳи Фармондеҳии марказии Амрико ба Тоҷикистон омаданд. Ҳар ду сафар муҳим буд. Дар онҳо густариши ҳамкориҳои низомӣ ва вазъи амниятӣ дар минтақа баррасӣ шуданд. Дар пасманзари ин сафарҳо Русия ба Тоҷикистон мушакҳои “Искандар” мефиристад. Ин маънои талоши Русия барои дилгарм кардани кишварҳои Осиёи Марказӣ буда ва намоишгари он аст, ки Русия мавқеяшро дар минтақа бештар таҳким хоҳад кард."

"Душанбе – Антитеррор – 2017"

Пойгоҳи 201-уми Русия, бузургтарин воҳиди хушкигарди низомии Русия дар хориҷ аз он аст, ки ҳудуди 7 ҳазор низомиро дар бар мегирад. Аммо солҳои охир Русия теъдоди сарбозонашро дар ин пойгоҳ дар Тоҷикистон камтар кардааст.

Виктор Литовкин, таҳлилгари масоили низомӣ
Виктор Литовкин, таҳлилгари масоили низомӣ

Аз ҷумла, соли 2015 Русия нирӯ ва таҳҷизоти низомиашро аз минтақаи Кӯлоб берун кашида, дар размоишгоҳи Лоҳур дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир намуд. Ин пойгоҳ то соли 2042 ҳақ дорад, ки дар Тоҷикистон бимонад. Дар ҳоли ҳозир ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа мустақар мебошад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба хабарҳо, дар ҳудуди Тоҷикистону Қирғизистон дар соли ҷорӣ баргузории чанд тамрини низомии муштарак дар назар аст. Зимнан, бино ба иттилои Вазорати дифои Тоҷикистон, аз 30 май то 1 июни соли ҷорӣ дар тамрингоҳҳои “Ҳарбмайдон” ва “Лоҳур” дар вилояти Хатлони Тоҷикистон бо ҳузури нирӯҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил машқҳои низомии байналмилалии “Душанбе-Антитеррор-2017” анҷом хоҳад шуд.

“Искандар-М” дар тамрини Тоҷикистон истифода мешавад

Фаридун Маҳмадализода
Фаридун Маҳмадализода

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи вазорати дифоъ гуфт, барои аввалин бор дар машқҳои низомии муштарак аз системаи мушакҳои фавриву тактикии “Искандар-М” истифода хоҳад шуд. Ҳамчунин, дар тамрини низомӣ ҳавопаймоҳои бомбаандози СУ-24М, ҳавопаймоҳои ҷанганда, чархболҳои низомии Ми-8 ва Ми-24 ширкат хоҳанд кард.

Дар як соли ахир ин дувумин тамрини бузурги низомии муштарак дар ҳудуди Тоҷикистон аст. Дар моҳи марти соли гузашта дар размоишгоҳи “Ҳарбмайдон”, воқеъ дар ноҳияи Қубодиён, ба манзури муқобала бо гурӯҳҳои мусаллаҳи террористи шартӣ, ки қасди убур аз марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон доштанд, тамриноти низомӣ баргузор шуда буд.

XS
SM
MD
LG