Пайвандҳои дастрасӣ

Қатару Корея – алтернативаи Русия барои муҳоҷирони тоҷик?


Вазорати меҳнату муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон тарҳи созишномаи "танзими нирӯи корӣ бо Қатарро" ба ҳукумат фиристод. Ин ниҳод бо Кореяи Ҷанубӣ низ чунин санади ҳуқуқиро таҳия кардааст. Коршиносон мегӯянд, дар сурати иҷрои созишномаҳо, муҳоҷирони тоҷик то ҳадде аз вобастагии Русия, аз ҷумла аз назари сиёсӣ, халос хоҳанд шуд. Русия ҳоло кишвари аслии кору даромади муҳоҷирони тоҷик ба ҳисоб меравад ва ҳар сол тахминан 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба он кишвар мераванд.

Муҳоҷирони корӣ дар ҳолатҳои бӯҳрон ё сар задани ихтилофҳои дипломатии миёни Тоҷикистону Русия, назири моҷарои халабонҳо, таҳти фишори пулис, боздоштҳои гурӯҳӣ ва ихроҷ қарор гирифтаанд.

Баҳси фиристодани нирӯи корӣ дар ҷаласаи ҳукумат

Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, тарҳи созишнома бо Қатарро рӯзи 27 апрел дар ҷаласаи ҳукумат шарҳ додааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, президент Эмомалӣ Раҳмон ба аҳамияти ин созишнома таъкид карда, аз масъулин хостааст, дар суръат бахшидани ҷараёни иҷрои он тадбирҳо андешанд.

Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон
Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон

Тавофуқи ба роҳ мондани муҳоҷирати кории расмии шаҳрвандони Тоҷикистон ба Қатар дар сафари охирини расмии президент Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар ҳосил шудааст, ки моҳи феврали имсол сурат гирифт. Он замон миёни ду давлат дар маҷмӯъ 8 санади ҳамкорӣ имзо шуда, мавзӯи интиқоли нирӯи кори Тоҷикистон ба ин кишвар яке аз тавофуқоти аслӣ буд.

Қатар ба муҳоҷирони бештар ниёз дорад?

Усмоналӣ Латифӣ, сардори Раёсати байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рӯзи 28 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, “матни созишнома дар тамоми вазорату идораҳои кишвар ҳамоҳанг шуда, дар ҷаласаи рӯзи гузаштаи ҳукумат дар робита ба имзои он қарор содир шуд. Масъулияти имзои созишномаҳои байналмилалиро Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба ӯҳда дорад.”

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни сафараш ба Қатар. Моҳи феврали 2017
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни сафараш ба Қатар. Моҳи феврали 2017

Мақомоти тоҷик мегӯянд, аз рӯи дурнамои давлати Қатар дар даҳ соли оянда ин кишвари арабӣ ба нирӯи корӣ аз хориҷ зиёд ниёз хоҳад дошт. Зеро дар соли 2022 ин кишвар мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол ҳисоб ёфта, дар ин муддат дар Қатар бояд варзишгоҳу меҳмонхонаҳо ва иншооти зиёди зерсохторӣ бунёд шавад. Аз ин лиҳоз, имкон дорад мутаххасисону коргарони ширкатҳои сохтмонии Тоҷикистон дар иҷрои тарҳҳои Қатар барои баргузории Бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки ҳазинааш 200 миллиард доллар арзёбӣ мешавад, ширкат кунанд.

Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ ва таҷрубаи Узбакистон

Яке дигар аз самтҳои ирсоли нирӯи корӣ аз Тоҷикистон – давлати Кореяи Ҷанубӣ мебошад. Ин мавзӯъ дар музокироти Сумангул Тағойзода бо ҳамтояш – вазири кору муҳоҷирати Кореяи Ҷанубӣ Ли Ки-Квон будааст, ки рӯзи 27 апрел дар Душанбе ҷараён гирифт. Усмоналӣ Латифӣ гуфт, моҳи октябри соли гузашта лоиҳаи созишнома дар ин замина ба ҷониби Корея ирсол шуда ва дар назар аст дар ояндаи наздик ин санад имзо шавад.

Баъзе аз муҳоҷирони узбакистонӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Баъзе аз муҳоҷирони узбакистонӣ дар Кореяи Ҷанубӣ

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбакистон аз пуртаҷрибатарин ҳамкорҳои Кореяи Ҷанубӣ дар заминаи муҳоҷирати корӣ мебошад. Созишномаи ин ду кишвар аз соли 2007 амал карда, феълан 22,5 ҳазор шаҳрванди ин кишвар ба таври расмӣ дар Корея фаъолият мекунанд. Узбакистониҳо дар Корея дар бахши сохтмон, корхонаҳои истеҳсоли ғизову маҳсулоти саноатӣ ва дигар бахшҳо кор мекунанд.

Пизишки тоҷик: Дар Яман тарҷумонҳо кумак мекарданд

Ба бовари масъулони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мумкин аст дар марҳилаи аввали муҳоҷирати нирӯи кории Тоҷикистон ба кишварҳои арабӣ ва Корея мушкилоте чун донистани забон, азхудкунии тахассуси замонавӣ ва мутобиқшавӣ ба шароити кори ин кишварҳо пеш ояд. Ҳамзамон, онҳо таъкид доштанд, ки дар Қатар донистани забони арабӣ ҳатмӣ набуда, дар сурати суҳбат кардани мутаххасис ба забони арабӣ ё англисӣ аз имтиёзи бештаре бархӯрдор хоҳад буд. Тибқи лоиҳаи созишнома бо Қатар қонунҳои ин кишвар ҳуқуқи муҳоҷирони кориро ҳамаҷониба ҳимоят карда ва дар назди корфармо масъулияти бештар гузошта мешавад.

Таҷаммӯи пизишкон дар Яман алайҳи рабуда шудани пизишки тоҷик Гулрухсор Рофиева дар чанд соли пеш. Рофиева баъдан раҳо ва ба Тоҷикистон оварда шуд.
Таҷаммӯи пизишкон дар Яман алайҳи рабуда шудани пизишки тоҷик Гулрухсор Рофиева дар чанд соли пеш. Рофиева баъдан раҳо ва ба Тоҷикистон оварда шуд.

Як пизишки тоҷик, ки худро Шӯҳрат муаррифӣ карда ва муддати 5 сол дар кишвари арабии Яман фаъолият кардааст, гуфт, дар солҳои аввал ба пизишкони тоҷик дар бемористон тарҷумонҳо кумак кардаанд. Сипас, пизишкон калимаву ибораҳои заруриро аз худ карда ва ба таври кӯтоҳ суҳбат мекарданд.

Ба гуфтаи вай, то замони даргириҳо дар Яман дар соли 2014 дар ин кишвар 500 мутахассиси тиб аз Тоҷикистон фаъолият карда ва ба ҳисоби миёна аз 1000 то 1500 доллар маош мегирифтаанд. Вале баъд аз шурӯи ҷангҳо ҳукумати Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз ин кишвар берун баровард ва танҳо гурӯҳи хурди коргароне мондаанд, ки ихтиёран ва бо назардошти хатарҳои амниятӣ нахостанд ҷойи сердаромади худро хунук кунанд. Ин мутахассисон дар муассисаҳои давлативу хусусии тиббӣ машғули кор ҳастанд.

Беш аз 130 мактаби касбомӯзӣ

Анвар Бобоев
Анвар Бобоев

Усмоналӣ Латифӣ гуфт, Вазорати меҳнати Тоҷикистон шарту шароити кори муҳоҷирони тоҷик дар Қатар ё Кореяи Ҷанубиро дар назар гирифта, барои боло бурдани малакаи корӣ, азхудкунии ихтисосҳои замонавӣ ва забономӯзӣ чораҳои зарурӣ андешидаанд. Дар ин росто 61 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 73 маркази таълимии калонсолон фаъолият мекунанд.

Дар дохили Тоҷикистон ҳам иқтисоддонҳо ва ҳам сиёсатшиносон солиёни дароз аст, ки мегӯянд, вобастагии кишвар танҳо аз бозори кори Русия барои ин кишвар дар баробари манфиат, паёмадҳои муайяни манфӣ ҳам доштааст. Муҳоҷирони корӣ дар ҳолатҳои бӯҳрон ё сар задани ихтилофҳои дипломатии миёни ду давлат, назири моҷарои халабонҳо, таҳти фишори пулис, боздоштҳои гурӯҳӣ ва ихроҷ қарор гирифтаанд.

Аз сӯи дигар, таъсири бӯҳрони иқтисодии ду соли охири Русия, ки баъд аз ишғоли Қрим ва ҳам низоъҳо дар шарқи Украина бо таҳримҳои иқтисодии Аврупову Ғарб рӯбарӯ шуд, дар даромад ва шуғли нирӯи кории хориҷӣ таъсиргузор шуд. Даромади муҳоҷирони тоҷик дар муқоиса бо панҷ соли пеш тахминан ду баробар кам шуд ва дар иқитсоди Тоҷикистон ҳам аз роҳи болоравии нархҳо ва қурби асъор инъикос гардид. Ба гуфтаи мақомоти Русия, пуле, ки муҳоҷирони тоҷик ба ватан интиқол медиҳанд, ҳоло беш аз 40 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Асосан ба Русия ва Қазоқистон мераванд

Вале ҳамоно бахши аслии муҳоҷирони тоҷик барои пайдо кардани кор ба Русия ва Қазоқистон мераванд. Теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия як миллион нафар арзёбӣ мешавад.

Анвар Бобоев, коршиноси масоили муҳоҷират мегӯяд, бо вуҷуди бузургу фарогир будани бозори кории Русия Тоҷикистонро лозим аст, ки бозорҳои дигарро дар кишварҳои Осиё ва Аврупо ҷустуҷӯ кунад. Вай гуфт, “аз як кишвар вобаста будани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дуруст нест. Мумкин аст, ҳузури муҳоҷирон дар бозиҳои сиёсӣ ё баҳсҳои мухталиф истифода шавад. Ҳоло нирӯи корӣ дар Тоҷикистон зиёд ва мизони бекорӣ боло аст, бояд бозорҳои нави кор ҷустуҷӯ шуда ва масъалаи интиқоли расмии муҳоҷирон ба кишварҳои хориҷӣ ҳал шавад. Ба хотири ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ намояндагиҳои давлати Тоҷикистон дар ин кишварҳо таъсис шавад.”

Теъдоди муҳоҷирон дар Лаҳистону... Олмон маълум нест

Ба гуфтаи Бобоев, ҳоло ба таври ғайрирасмӣ теъдоди зиёди муҳоҷирони тоҷик дар Имороти Муттаҳидаи Араб, Кореяи Ҷанубӣ, Лаҳистон, Шветсия ва Олмон кору зиндагӣ мекунанд. Масъулони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфтанд, имкон дорад, муҳоҷирони тоҷик аз тариқи ширкатҳои хусусӣ ба таври ғайрирасмӣ барои дарёфти кор ба кишварҳои хориҷӣ рафта, вале дар мавриди теъдоди ин афрод маълумоти мушаххасе дар даст надоранд.

Коршиносон ва ҳам худи муҳоҷирони ботаҷриба таъкид мекунанд, ки дар ин раванд риоя шудани меъёрҳои қонунӣ, ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷирони тоҷик дар хориҷа бар асоси созишномаҳои хоси дуҷониба хеле муҳим аст, то ки дар сурати зарурат Тоҷикистон тавонад аз ҳуқуқи шаҳрвандонаш дар хориҷи дур ҳимоят кунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG