Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон барои муҳоҷиронаш масирҳои нав меҷӯяд. ВИДЕО


Дар соли гузашта теъдоди муҳоҷирони кории тоҷики озими Русия 8 дарсад коҳиш ёфта ва баръакс алоқамандони муҳоҷират ба Қазоқистон 13 дарсад афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон мақомоти тоҷик дар ҷустуҷӯи масирҳои нав барои муҳоҷирони кории тоҷик ҳастанд.

Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон имрӯз, 19 январ дар нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки дар соли 2016 беш аз 504 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар барои кор озими Русия шуда, ба Қазоқистон дар ҷустуҷӯи ҷойи кор ва маоши муносиб беш аз 12 ҳазор тоҷикистониҳо рафтаанд. Ин омор дар муқоиса бо соли 2015 шаш дарсад камтар ва дар мавриди Қазоқистон 13 дарсад бештар будааст.

Раҳмон Ӯлмасов
Раҳмон Ӯлмасов

Дар ҳамин ҳол коршиносон теъдоди воқеии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро ҳудуди 1 миллион нафар тахмин мезананд. Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти ин вазоратхона хабар дода буданд, ки беш аз 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳукми додгоҳҳои Русия аз ҳаққи вуруд ба қаламрави ин кишвар маҳрум карда шудаанд.

Коршиносони тоҷик сангинтар шудани шароити кори муҳоҷирони тоҷик дар Русия, бӯҳрони иқтисодӣ дар ин кишвар ва муносибати хашмини русиягиҳо нисбати тоҷиконро аз сабабҳои аслии коҳиши миқдори муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар арзёбӣ мекунанд.

Раҳмон Ӯлмасов, коршиноси тоҷик дар умури муҳоҷирати корӣ рӯзи 19 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар мавриди алоқамандии тоҷикон барои сафари меҳнатӣ ба Қазоқистон гуфт, ки дар он кишвар дар нисбати муҳоҷирони корӣ қоидаҳои сангин роҳандозӣ накардаанд ва Ба ин хотир муҳоҷирони кории тоҷик, ки аз Русия ихроҷ шудаанд ва ё нисбаташон бадрафторӣ шудааст, акнун Қазоқистонро маҳалли кори худ интихоб кардаанд.

Абдулфаттоҳ Шафиев, таҳлилгари тоҷик.
Абдулфаттоҳ Шафиев, таҳлилгари тоҷик.

Ба гуфтаи ин коршиноси тоҷик, гузашта аз ин, дар Қазоқистон нисбати тоҷикон ҳеҷ бадбиние нест: "То ҷое иттилоъ дорам, бархе аз тоҷикон дар минтақаҳои гуногуни Қазоқистон заминро ба иҷора гирифта, машғули зироатпарварӣ ҳастанд ва бештаре аз хешовандон ва ҳамдеҳаҳои худро ба кор ҷалб мекунанд. Онҳо ба Тоҷикистон маблағ не, бештар маҳсулоти кишоварзии худ ба мисли гандумро мефиристанд, ки ҳам барои иқтисоди Қазоқистон ва ҳам барои иқтисоди Тоҷикистон судовар аст."

Аммо Абдуфаттоҳ Шафиев, коршиноси мустақили тоҷик дар умури муҳоҷират мегӯяд, ки ба Қазоқистон асосан он шаҳрвандони тоҷике барои муҳоҷирати корӣ мераванд, ки қаблан аз Русия ихроҷ шуда буданд. Ба гуфтаи ҷаноби Шафиев, қоидаҳои будубош дар Қазоқистон низ чандон содда нест ва агар нафаре иҷозаи кор надошта бошад, вай маҷбур аст ҳар моҳ як дафъа аз марзи Қирғизистон убур карда ва дубора ба Қазоқистон баргардад: "Муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон маъмулан машғули он корҳое ҳастанд, ки пештар дар Русия анҷом медоданд. Яъне, дар арсаи сохтон, тиҷорат ва кишоварзӣ кор мекунанд."

Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии имрӯз гуфт, ки раҳбарияти кишвар низ машғули эҷоди масирҳои нав барои муҳоҷирони кории тоҷик аст. Вай афзуд, ки дар ин замина бо Кореяи Ҷанубӣ музокирот анҷом шуда ва мунтазири ҷудо кардани саҳмия ё квотаи ҳукумати он кишвар ҳастанд.

Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

Ҳамзамон бо мақомоти Қатар низ тавофуқ шудааст ва шарти асосӣ барои ин кор имзои созишномаи байнидавлатӣ аст. Ҳамчунин бо мақомоти Лаҳистон ва Олмон низ музокирот дар бораи истифодаи нерӯи кории тоҷиконро идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки соли гузашта 11 330 нафар шаҳрвандони хориҷӣ иҷозаи кор дар кишвар дода шудааст, ки бештарашон шаҳрвандони Чин ва Афғонистон мебошанд. Ба иттилои ин манбаъ, дар соли 2016 бо ҳукми додгоҳҳо 204 шаҳрванди хориҷӣ барои нақзи қоиадҳои будубош дар Тоҷикистон аз қаламрави кишвар ихроҷ шуда, аз онҳо ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.

Хонум Тағойзода афзуд, ки бештаре аз коргарони хориҷӣ дар Тоҷикистон шаҳрвандони Чин буданд, ки барои иҷрои тарҳҳои муштарак бо ин кишвари ҳамсоя ҷалб шудаанд. Вай афзуд, ки ин ширкатҳо ҳамзамон беш аз 21 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ҷойи кор таъмин кардаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG