Пайвандҳои дастрасӣ

Дар як соли охир муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия бо чолишҳое наве мисли болоравии нархи патенти кор, зарурати супоридани санҷиши донистани забони русӣ ва таъриху асосҳои қонунгузории ин кишвар, бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия ва коҳиши маблағҳои интиқолӣ ба хонаводаҳои худ ба Тоҷикистон ва даргириҳои гурӯҳии миёни шаҳрвандони тоҷик дар дар он кишвар, рӯбарӯ буданд.

Назаралӣ, як муҳоҷири тоҷик мегӯяд, дар як соли охир кор ва зиндагӣ дар Русия хеле мушкил гашт ва ҳам патенти кор қиммат шуд ва ҳам пайдо кардани ҷойи кор душвор. Назаралӣ афзуд, се-чаҳор сол пеш ҳар моҳ то як ҳазор доллар аз тиҷорат дар бозор ба даст меовард ва агар 500 долларро ба хона мефиристод, боқимондаашро ба худ сарф мекарду зиндагии хубе дошт. Аммо ҳоло моҳе ҳамагӣ то 500 доллар мегирад ва ба хонаводааш тақрибан ҳеҷ маблағеро наметавонад ирсол кунад. Болои ин пайваста мавриди фишори ниҳодҳои махсус қарор доранд.

Болоравии нархи патенти кор, зарурати супоридани санҷиши донистани забони русӣ ва таърих, бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия ва коҳиши маблағҳои интиқолӣ ба хонаводаҳои худ ба Тоҷикистон аз чолишҳои умдаи муҳоҷирони тоҷик дар соли ҷорӣ буд.

Фахриддин, муҳоҷири дигари тоҷик, ки ҳудуди 10 соли ахир дар минтақаҳои гуногуни Русия ва чаҳор соли охир дар шаҳри Москваи Русия машғули тиҷорат дар бозорҳо аст, рӯзи 23 декабр аз мушкилоти феълии зиндагии худ дар пойтахти Русия ба Радиои Озодӣ қисса кард. Вай гуфт, соли 2016 муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия бо мушкилоти вобаста ба бӯҳрони иқтисодӣ ва зарурати харидории патенти кор ва супоридани санҷиш аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории ин кишвар рӯбарӯ шуданд.

Дар соли ҷорӣ мақомоти муҳоҷиратии Тоҷикистон ва Русия омори мухталиферо дар бораи ҳузури муҳоҷирони кории тоҷик дар ин кишвар пахш мекарданд, аммо ҳар ду ҷониб ба коҳиши ин омор таъкид кардаанд. Бо ин вуҷуд, соҳибназарон теъдоди умумии муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русияро ҳудуди 1 миллион нафар арзёбӣ мекунанд.

Бештаре аз коршиносон мегӯянд, ки мушкили аслии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия дар соли ҷорӣ, ҳамоно фишорҳои идории мақомоти Русия буд, ки ба ҳар баҳона ба ихроҷ ё депортасияи муҳоҷирон иқдом мекарданд.

Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи "Фараж".
Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи "Фараж".

Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи “Фараж”, ки пайваста мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷикро пайгирӣ мекунад, дар ин бора гуфт, ки соли ҷорӣ барои муҳоҷирони тоҷик аз афзоиши нархи патент ва зарурати супоридани имтиҳони донистани забони русӣ оғоз шуд.

Сардабири нашрияи "Фараж" афзуд, дар тӯли сол ҳодисаҳое ба мисли қазияи оромгоҳи Хованское рух доданд, ки дар онҳо муҳоҷирони тоҷик кушта шуданд ва Русия ҳамчунон бо ҳар баҳона муҳоҷирони тоҷикро депорт мекард. Ба гуфтаи Хуршеди Атовулло, "дар охири сол мушкили иртиботи ҳавоӣ миёни Русия ва Тоҷикистон рух дод, ки асли қазия ба мавзӯи қимати билет вобаста аст. Фурсате фаро расидааст, ки давлати Тоҷикистон аз истифодаи “қартаи муҳоҷирон” аз сӯйи давлати Русия ҷилавгирӣ кунад.”

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон, асосан аз муҳоҷирони кории тоҷик ба миқдори 1 миллиарду 432 миллион доллари амрикоӣ маблағ ворид шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 14,5 дарсад камтар мебошад. Коҳиши интиқоли маблағҳо аз Русия ба Тоҷикистон дар соли гузашта низ беш аз 53 дарсадро ташкил дода буд. Чунин коҳиши маблағҳои интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон дар тӯли се соли ахир мушоҳида мешавад. Ба ин хотир давлати Тоҷикистон ба ниҳодҳои зирабти кишвар дастур додааст, ки барои кори муҳоҷирони тоҷик кишварҳои дигареро мушаххас кунанд.

Абдулфаттоҳ Шафиев, коршиноси тоҷик дар умури муҳоҷират 23 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки яке аз вижагиҳои дигар дар умури муҳоҷирони кории тоҷик ин нуқта буд, ки ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногуни Русия барои ҳимояи худ садо баланд карданд, ки ҳодисаи задухӯрд дар қабристони Хованское далели он мебошад.

Абдулфаттоҳ Шафиев.
Абдулфаттоҳ Шафиев.

Вай афзуд, вижагиҳои дигаре низ буданд, ки боиси нигаронии мақомоти Русия ва Тоҷикистон шудааст. Ба гуфтаи ҷаноби Шафиев, дар соли ҷорӣ шуморе аз муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба сафи созмонҳои ифротӣ ва террористӣ пайвастаанд ва давлати Тоҷикистон низ изҳор дошт, ки бештар аз ҳудуди як ҳазор нафар узви тоҷики “Давлати исломӣ” ба ҳангоми муҳоҷиратӣ корӣ дар Русия ба сафи ин созмони ифротгаро пайвастаанд.

Вай aфзуд, таҳавуллоти дигари муҳим ин аст, ки дар як соли охир ифротгароӣ дар миёни муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони кории тоҷик бештар мушоҳида шуд ва ахиран дар Москва ниҳодҳои интизомӣ чанд тан аз зодаҳои Тоҷикистонро маҳз ба далели қасди амали террористӣ дар пойтахти Русия, боздошт кардаанд

Абдулфаттоҳ Шафиев ҳамчунин гуфт, ки Русия аз тағйири масири муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои пасошӯравӣ ба самти Аврупо нигаронӣ карда, дирӯз, 22 декабр қонунгузории муҳоҷиратиро тағйир дод. Ҳамакнун дар бархе аз минтақаҳои ин кишвар, аз ҷумла шаҳр ва вилояти Москва, Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград барои қоидавайронкунии муҳоҷирони корӣ ба ҷойи ихроҷ ё депортасия ҷаримаи 7 ҳазор рублӣ пешниҳод мешавад. Дар ин санад омадааст, ки муҳоҷир барои қоидавайронкунии аввал ҷарима ва дар сурати такрори чунин қоидавайронкунӣ ихроҷ мешавад.

Моёншоҳ Маҳмадбеков, сардори раёсати Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 23 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тасмими ахири Русия ба қаблан ихроҷшудаҳо ҳеҷ рабте надорад ва онҳо метавонанд танҳо баъд аз анҷоми мӯҳлати муқаррароти худ ҳаққи вуруд ба Русияро дубора пайдо кунанд. Вай гуфт, ки теъдоди муҳоҷирони депортшудаи тоҷик аз Русия беш аз 330 ҳазор нафар аст ва онҳо наметавонанд дар муддати аз се то панҷ сол дубора вориди қаламрави Русия шаванд.

Қаблан мақомоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки дар бархе аз маврид муҳоҷирони тоҷик барои қарзи 50 рублӣ аз ширкатҳои телефонҳои мобилӣ ва нақзи қоидаи убур аз роҳ аз кишвар ихроҷ карда мешаванд. 9 ниҳоди давлатии Русия ҳаққ доранд муҳоҷирони кориро бо ҳукми додгоҳ депорт кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG