Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷират ба Русия беохир аст, ё кам (ё қатъ) хоҳад шуд? (ВИДЕО)


Рафтор ва ҷаҳонбинии муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва ҳам муносибат ба муҳоҷират ҳамчун падидаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон дар солҳои охир тағйир кардаанд.

Дар як гузориш, оид ба вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони тоҷик ва шароити будубоши онҳо дар Русия, ки аз ҷониби маркази ҳуқуқи инсон таҳия шудааст, гуфта мешавад, дар 3 - 4 соли охир вазъи муҳоҷирон дар ин кишвар, аз ҷумла бархӯрдашон бо пулис то андозае тағйир ёфтааст.

Барои мисол, дар сурати рӯбарӯ шудан бо кормандони пулис муҳоҷирони тоҷик дигар ба тарсу ҳарос намеафтанд ва ба илтиҷо намедароянд ва ҳам ҳодисаҳои бо додани пора ҳал кардани мушкил камтар шудааст.

НАМЕТАРСАНД?

Гузориши мазкур, ки дар пайи сӯҳбатҳо миёни муҳоҷирони кори тоҷик дар Русия ва ҳам Тоҷикистон анҷом шудааст, муҳоҷирон иброз доштаанд, агар қаблан санадҳояшон дуруст ҳам мебуд, аз милиса ҳарос доштанд ва дурӣ меҷустанд, аммо ҳоло бо онҳо оромона ҳамсӯҳбат шудаву ҳаққи худро талаб мекунанд. Нодира Абдуллоева, ҳамоҳангсози барномаҳо оид ба муҳоҷирати меҳнатии Маркази ҳуқуқи инсон, мегӯяд: “Албатта, бештар онҳое, ки забонро медонанд, метавонанд аз ин ҳолат ба осонӣ берун оянд, вале онҳое, ки дар ин маврид мушкил мекашанд, ба ҳар сурат аз эҳтиёт кор мегиранд.”

Аюбҷон Эгамов, як муҳоҷири тоҷик, ки чандин сол аст дар Маскав кору фаъолият дорад, бо ёдоварӣ аз солҳои аввали муҳоҷираташ дар соли 2004 мегӯяд, ҳоло воқеан муносибат бо онҳо чандон дурушт нест. Ӯ афзуд, шояд сабаб ин бошад, ки пулис ва мардуми рус ба муҳоҷирон дигар то ҷое одат кардаанд ва муҳоҷирон ҳам роҳу равиш дар ин кишварро каме омӯхтаанд. “Ёд дорам, соли 2004 муносибати пулис тамоман дигар, ҳатто даҳшатовар буд. Худам дар як ҳафта то ду-се бор ба дасти онҳо меафтидам. Агар ҳуҷҷатҳо дуруст ҳам бошад, боздошт мекарданд. Ба назар мерасид, дар қатори кормандони милиса афроди миллатгаро зиёд буданд. Дар ҳар як даромадгоҳи метро 2-3 корманди милиса меистод ва барои муҳоҷирон даромадан ба он қариб номумкин буд. Шояд ислоҳот дар соҳаи милисаи Маскав ё шояд одат кардани онҳо ба муҳоҷирон сабаб шуд, ки муносибат нармтар гардидааст.”

ТАҒЙИРОТИ АНДАК

Аммо боз ҳам бо вуҷуди андак тағйир ёфтани вазъ ба гуфтаи муаллифони гузориш дар робита ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон, ҳанӯз ҳам дар назарпурсиҳо қисме аз онҳо аз муносибати дағал ва бераҳмонаи пулис шикоят мекунанд. Онҳо аксаран аз он шиква мекардаанд, ки пулис аз салоҳияти худ берун омада, тамаъҷӯӣ мекунанд ва шиносномаҳои онҳоро мегиранду дар сурати депорт ё ихроҷ шудан, маҷбуран барои ба даст овардани маблағи чиптаи бозгашт онҳоро кор мефармоянд.

Нодира Абдуллоева, ҳамоҳангсози барномаҳо оид ба муҳоҷирати меҳнатии Маркази ҳуқуқи инсон, мегӯяд, дар сурати ба ҳуқуқвайронкунӣ дучор шудан, муҳоҷирон қабл аз ҳама аз миёнравҳо барои ҳалли мушкили худ кумак мехоҳанд: “Муҳоҷирон мегуфтанд, аввал ба миёнравҳо, дувум ба диаспораҳо ва дар охир мегуфтанд ба Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ва муассисаҳои дипломатӣ муроҷиат мекунанд. Сабаби аслии муроҷиати ками муҳоҷирон ба намояндагиҳои дипломатӣ ин нобоварии муҳоҷирон ба ин сохторҳо ва ҳамчунин маълумоти кам дар бораашон аст. Ғолибан муҳоҷирон дар ин кишвар дар ҳолати пеш омадани мушкил аввал кӯшиш мекунанд бо роҳи наздикони худ онро ҳал кунанд.”

19 МУШКИЛ

Дар маҷмӯъ, муҳоҷирон дар ин пурсишҳо аз 19 мушкили умдаи худ ёдрас шудаанд. Мавҷуд набудани шартномаи меҳнатӣ ва фиреб хурдан аз сӯйи корфармо, тамаъҷӯӣ аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, гирифтани иҷозат барои кор, кор дар рӯзҳои иду истироҳат, гирифта шудани шиносномаҳо аз сӯи корфармоҳо аз ҷумлаи ин мушкилот будаанд. Дар гузориш оид ба вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони тоҷик дар Русия гуфта мешавад, аз 70 то 80 дар сади муҳоҷирон бе шартнома кор мекунанд, ки ин дар натиҷа барояшон мушкилоти зиёде эҷод мекунад. Агарчӣ аксаран ноогоҳии ҳуқуқӣ ва надонистани забонро як омили ба мушкил дучор шудани муҳоҷирон дониста мешавад, аммо Аюбҷон Эгамов мегӯяд, ҳоло қонунҳои муҳоҷирати Русия бештар аз ҳама барои муҳоҷирон дарди сар эҷод карда, боис ба қоидавайронкунии онҳо шудааст. Эгамов афзуд: “Инҷо гап-гап ҳаст, ки то соли нав бояд муҳоҷиронро боз ҳам камтар кунанд. Аслан сабаби ҳамаи мушкили муҳоҷирон ин номукаммалӣ ва душвории қонунгузории Русия дар самти муҳоҷират аст. Онҳо тавре кардаанд, ки пурра риоя кардани ин қонун қариб номумкин аст. Ҳар як муҳоҷир метавонад қонунро вайрон кунад. Масалан, ҳоло аз рӯйи қонун муҳоҷир бояд дар ҷое, ки сабти ном шудааст, зиндагӣ кунад, аммо ин номумкин аст, чун бисёри муҳоҷирон дар маҳалли кори худ зиндагӣ меунанд. Ман ба ҳуҷҷатгузорӣ бисёр аҳамият медиҳам ва кӯшиш мекунам, иштибоҳе наёбанд, аммо боз мешавад чунин ҳолатҳо.”

БАДБИНИИ РУСӢ?

Дар зимн, дар гузориш оид ба ҳуқуқи муҳоҷирон ҳам омадааст, ки тағйирот ба қонуну қарорҳои будубоши муҳоҷирон дар Русия боис шуда, ки дар аввали соли 2014 омадани муҳоҷирони тоҷик ба ин кишвар ба фарқ аз авоили соли 2013 беш аз 20 дар сад коҳиш ёбад. Муҳоҷирон бо сабабҳои мухталиф аз ҷумла напардохтани пули ҷаримаи пулиси роҳ ё қарздор шудан аз пули об ё газу барқ аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум мешаванд. Назари мардуми ин кишвар ҳам мисли қонуну қоидаҳояш дар нисбат ба тоҷикону Тоҷикистон чандон нарму нек нест.

Натиҷаҳои чанд пурсиши афкори умум дар Русия ҳам маълум кардааст, ки худи мардуми рус ҳам нисбат ба тоҷикону Тоҷикистон чандон нигоҳи нек ё муҳаббате надоранд. Ҳарчанд баръакси ин пажӯҳишҳое, ки дар Тоҷикистон анҷом мешаванд, муҳаббати зиёди тоҷиконро ба Русия бозгӯ мекунанд. Барои мисол як назарпурсӣ дар соли 2013 нишон дод, ки тақрибан 62 дарсади аҳолии Тоҷикистон нисбат ба Русия назари мусбат доранд. Аммо, албатта, тағйирот дар қонунҳои марбут ба муҳоҷират, ронда шудани даҳҳову ҳазорҳо муҳоҷир ва маргу мири муҳоҷирони корӣ ба андешаву афкори бархе аз сокинони ин кишвар ҳам бетаъсир намондааст, ки мисли қаблӣ чандон орзӯи Русияро намекунанд. Хабарнигори Озодӣ аз чанд сокини пойтахт пурсид, оё аз нигоҳи онҳо муҳоҷират ба Русия беохир хоҳад буд ё билохира кам хоҳад шуд? Назари сокинонро дар ин видео бубинед:

Бино ба иттилои расмӣ, шумораи муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик аз Русия аз 200 000 нафар гузаштааст. Вале мақомоти Тоҷикистон саъй доранд, то ҷое, ки мумкин аст, ин депортшудагон мавриди афв қарор гиранд. Аз сӯи дигар чӣ теъдод аз онҳо шаҳрвандии Русияро гирифтанд ва дар ин кишвар муқим шуданд, дақиқ нест. Аз суҳбат бо муҳоҷирон ва сокинони Душанбе рӯшан мешавад, бо вуҷуди бархӯрди гуногуни онҳо ба муҳоҷират, ҳамагон бар ин боваранд, ки ин раванд ба зудӣ ва солҳои наздик қатъ нахоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG