Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Билетҳои тақаллубӣ даҳҳо муҳоҷири тоҷикро саргардон кард


Даҳҳо тан аз муҳоҷирони кории тоҷикро бинобар доштани билетҳои тақаллубӣ иҷоза надоданд, ки тариқи ҳавопаймои хатсайри Санкт-Петербург-Душанбе, парвоз кунанд. Ин муҳоҷирон мегӯянд, ки аз ширкате бо номи "СомонТрейд" билет харидорӣ кардаанд.

Зиёуддин Неъматов, як муҳоҷири кории тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мебоист шоми 12 декабр аз шаҳри Санкт-Петербург ба Душанбе парвоз мекард, аммо дар фурудгоҳ ба вай гуфтанд, ки билеташ тақаллубӣ аст ва наметавонад вориди ҳавопаймо шавад. Зиёуддин гуфт, ки ӯ танҳо нест ва ҳудуди 260 муҳоҷири дигар тоҷик ба ин мушкил рӯбарӯ мебошанд. Ҳамаи ин муҳоҷирон аз ширкате бо номи "СомонТрейд" билет дарёфт кардаанд.

Ҳаҷми маблағи қаллобӣ 2 миллиону 200 ҳазор рубли русӣ - муодили тақрибан 300 ҳазор сомонӣ, гуфта мешавад."

"Ман як моҳ пеш - 12 ноябр бо арзиши 16 ҳазору 500 рубли русӣ билет харидам. Бачаҳои дигар 17-18 ҳазор рублӣ, хулоса, ҳар кас бо ҳар нарх билет харидаст. Ҳамаи ҳаминҳо саргардонанд. Аз фурудгоҳ баргардонданд. Дарди сари зиёд шудаст. Бисёриҳо танҳо то санаи парвозашон ҳуҷҷати истиқомат доштанд, акнун болои сӯхта намакоб, мумкин аст барои вайрон кардани қоидаҳои будубош ҷарима ва аз Русия ихроҷ ҳам кунанд", - афзуд Зиёуддин.

Парванда алайҳи "тақаллубгар"

Дар ҳамин ҳол, Қурбоналӣ Расулов, намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "СомонТрейд" бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ шартнома дошт ва чиптаҳои ин ширкатҳоро мефурӯхт. Ба гуфтаи Қурбоналӣ Расулов, як корманди ин ширкат бо номи Элмурод Тағоев, ки ҳамзамон шаҳрванди Тоҷикистон аст, давомӣ тақрибан 18 рӯз 260 билети тақаллубӣ фурӯхтааст.

"Айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса мақомоти шаҳри Петербург парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ва Элмурод Тағоевро дар тақаллубкорӣ муттаҳам мекунанд. Ҳам 260 муҳоҷир ва ҳам ширкати "СомонТрейд" ҷабрдида эътироф шудаанд", - афзуд намояндаи вазорати меҳнати Тоҷикистон.

2,2 млн рубли русӣ дар ҷайби Элмурод Тағоев

Дар ҳоли ҳозир ҳаҷми маблағи қаллобии Элмурод Тағоев 2 миллиону 200 ҳазор рубли русӣ - муодили тақрибан 300 ҳазор сомонӣ, шумурда шудааст. Қурбоналӣ Расулов мегӯяд, масъалаи рӯёнидани ин зарар дар додгоҳ баррасӣ мешавад ва "ҷабрдидаҳо метавонанд даъвои ҷубронпулӣ низ кунанд."

Аммо Зиёуддин Неъматов -- муҳоҷире, ки мебоист ин соатҳо ба Тоҷикистон мерасид, мегӯяд, дар навбати аввал ӯро на ҷубронпулӣ, балки ба поён расидани муҳлати будубош ва ҳам харҷи беҳудае, ки дар пайи ин кашмакашҳо хоҳ-нохоҳ аз ҷайби муҳоҷир мерӯёнанд, ба ташвиш овардааст.

Ҷабрдидаҳо чӣ кор бикунанд?

Тамоси мо бо ширкати "СомонТрейд" дар шаҳри Петербург бенатиҷа буд. Танҳо хазинадори ин ширкат бо номи Манижа гӯширо бардошт ва баъди шунидани суол гуфт, "раис нест, биёяд худаш ҷавоб медиҳад".

Дар ҳамин ҳол, намояндаи вазорати меҳнати Тоҷикистон аз қавли "СомонТрейд" мегӯяд, ширкат бо Роҳи оҳани Тоҷикистон барои баргардонидани ҷабрдидаҳо гуфтугӯ дорад. Дар сурати ҳосил шудани мувофиқа, муҳоҷирони фиребхӯрда мумкин аст, аввал аз Санкт-Петербург ба Москва ва аз он ҷо тавассути қатор ба Тоҷикистон фиристода шаванд.

Дар як ҳодисаи ҳамсоне соли 2013 ҳам даҳҳо мусофири хатсайти Хуҷанд-Маскав аз тақаллубӣ будани билетҳояшон шикоят карданд. Парвоз мебоист рӯзи 13 маи он сол анҷом мешуд, вале бо сабаби тақаллубӣ будани билети 100 мусофир ҳамаи онҳо аз парвоз ба Маскав боздошта шуданд. Дар натиҷа, маълум шуд, ки ҳамаи онҳо билетро аз ширкате харидаанд, ки худро гӯё ҳамкори ширкати ҳавоии "Тоҷик-эйр" муаррифӣ карда, дар асл даст ба тақаллуб ва азхудкунии пулҳо задааст. Ин ҳодиса баъдан барои таҳқиқи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG