Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро "Интурист Тоҷикистон" довталабонро ба Ҳаҷ набурд?


Субҳи рӯзи 21-уми ноябр, як сокини шаҳри Хуҷанд ба дафтари РО тамос гирифта, худро Ҷалолиддин Соҳибов муаррифӣ намуд. Вай гуфт, ширкати «Интурист Тоҷикистон», ки ӯ ва ҳамсарашро мебоист ба Ҳаҷ барад, ноком шудааст ва онҳо беш аз як ҳафта мешавад наметавонанд маблағи пардохтаи худро бозпас гиранд.

Ҷалолиддин Соҳибов мегӯяд, мисли ӯ беш аз 300 нафари дигар аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд натавонистанд аз тариқи «Интурист Тоҷикистон» сафари Ҳаҷ кунанд ва талош доранд, ки маблағи пардохтаашонро баргардонанд. Вай афзуд, «Мо тамоми маблагро ба Интурист супорида будем. Ҳоло пули моро барнагардонидаанд.»

Ҳаҷ бо квотаи Қазоқистон: маблағи довталабонро ки бозпас медиҳад?

Вале як намояндаи ширкати «Интурист Тоҷикистон» дар Душанбе дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки шаҳрвандонро ба Ҳаҷ тибқи шартномае, ки «Интурист Тоҷикистон» бо ширкатҳои сайёҳии Қазоқистон, яъне дар чаҳорчӯби квота ё саҳмияи сафари ҳаҷи Остона, мехостанд ба зиёрат баранд: «Квотаро мо аз ҳисоби Қазоқистон гирифтаем. Ҳамаи асноди ба қайдгирифташуда дар мо ҳаст.»

Масъули дигари ширкати «Интурист Тоҷикистон» Набӣ Гулматов низ мегӯяд, тибқи қарордод бо ширкатҳои ҳавопаймоии Арабистони Саудӣ, мебоист ҳавопаймои "Arabian Dana Airlines" довталабонро барои адои зиёрат мебурд, вале ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон бо сабабҳои номаълум барои фуруд омадани ҳавопаймои ин ширкати арабӣ дар фурудгоҳи Тоҷикистон гузаргоҳ надодаанд.

Дар пойтахти Тоҷикистон наздики 230 нафари дигар натавонистаанд, ки аз тариқи ширкати «Интурист Тоҷикистон» ва ширкатҳои дигари хусусӣ ба Ҳаҷ раванд. Ба ин тартиб, аз тариқи ширкатҳои хусусӣ аз дохили Тоҷкистон, беш аз 500 шаҳрванди ин кишвар аз сафари Ҳаҷ маҳрум шудаанд.

Ҳоло масъалаи нокомии ширкатҳои хусусӣ дар роҳи расидан ба Арабистони Саудӣ як масъалаи дигар аст, вале масъалае, ки садҳо довталаби ҳаҷро дар ташвиш гузоштааст, чӣ гуна дарёфт кардани маблағҳои пардохтаашон мебошад.

Набӣ Гулматов мегӯяд, азбаски визаву билетҳои ҳавопаймо ва дигар сафархарҷиҳо ба ширкатҳои қазоқӣ муомила шудааст, бояд дар қадами аввал ин масъаларо дар онҷо ҳал кард. Ҷаноби Гулматов мегӯяд, маблағҳои мардум марҳила ба марҳила баргардонида хоҳанд шуд.

Кумитаи дин чӣ мегӯяд?

Дар ҳамин ҳол, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов мегӯяд, тибқи қавонини кишвар, масъулияти ба ҳаҷ бурдани шаҳрвандонро танҳо Кумитаи дин дорад. Вай афзуд, ки дар ҷараёни интиқоли мардум аз тарафи бахши Ҳаҷи ин ниҳоди давлатӣ, ҳеҷ мушкиле пеш наомадааст: «Танҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ дорад, ки маросими ҳаҷро таъмин кунад, мутобиқи шартномаи байнидавлатии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ. Дигар ҳеч ниҳоде ҳаққ надорад, ки Ҳаҷи фарзиро ташкил кунад. Дар ин бора қарори ҳукумат низ баромадааст.»

Ба иттилои Кумитаи дини Тоҷикистон, бо мусоидати ин кумита имсол 5 ҳазору 300 нафар аз сокинони Тоҷикистон ба Арабистони Саъудӣ сафар кардаанд. Дар соли равон роҳпулӣ ба ҳаҷ барои як нафар 3 ҳазору 191 долларро ташкил медод.

Вале аз тариқи «Интурист Тоҷикистон» роҳпулӣ бештар буда, наздики 4 ҳазор долларро дар бар мегирад. Зоироне, ки то кунун аз тариқи «Интурист Тоҷикистон» ба Ҳаҷ рафтаанд мегӯянд, сафархарҷӣ ба Ҳаҷ аз тариқи ин ширкат агарчӣ гарон ҳам бошад, вале рафту омад ва масъалаи меҳмонхона дар зиёратгоҳ осонтару роҳҳатар будааст.
XS
SM
MD
LG