Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги як шаҳрванди Тоҷикистон дар садамаи Саратов тасдиқ шуд


Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон ҳалокати як шаҳрванди кишвар дар садамаи нақлиётии вилояти Саратови Русияро, ки дар маҷмӯъ ҷони ҳафт нафарро рабуд, тасдиқ карданд. Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 15 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин шаҳрванди Тоҷикистон Нӯъмонов Илёр Набиҷонович, соли таваллудаш 1977 ва зодаи шаҳри Конибодом аст.

Ҳар сол, бино ба омори расмӣ, дар Русия ҳудуди 1000 муҳоҷири тоҷик аз олам чашм мепӯшанд.

"Панҷ шаҳрванди Қирғизистон ва як шаҳрванди Тоҷикистону як сокини Узбакистон барои убури марз мерафтаанд. Ҳоло намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо консулгарии Тоҷикистон дар Уфа ва раиси диаспораи тоҷикони Саратов Истадхон Аламова масъалаи таҳияи ҳуҷҷат ва интиқоли ҷасадро баррасӣ дорад", - афзуд Аҳмадов.

Субҳи барвақти 15 январ дар як садамаи нақлиётӣ дар ҳудуди вилояти Саратови Русия ҳафт муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ - ду зану панҷ мард - ҷон бохтанд. Намояндагии Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Саратов гуфт, ҳодиса дар километри 550-уми шоҳроҳи Нижний Новгород – Саратов рух дода, таҳқиқи садама шуруъ шудааст. ​ Бино ба аксу видеоҳое, ки вебсайти "Лайф.ру" нашр кард, мошини борбари навъи "Волво" ба худрави "Тойота"-и ҳомили муҳоҷирон бархӯрда ва боис ба ҳалокати онҳо шудааст.

Мақомоти тафтишотӣ дар вилояти Саратов гуфтанд, дар ҳоли ҳозир ҷасадҳо шиносоӣ ва иллатҳои садама маълум карда мешавад. Қаблан баъзе расонаҳои русӣ гуфта буданд, эҳтимол ин садама бо айби ронандаи мошини борбар рух додааст, ки ба фурӯшгоҳҳо гӯшти мурғ мекашонд. Худи ронанда, ки боздошт шудааст, дар бозпурсиҳои аввалия гуфтааст, ки маст набуд.

Раёсати умури дохилии вилояти Саратов ҳам гуфт, дар робита ба ин садама бар асоси моддаи "вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марги беш аз ду нафар шудааст" парвандаи ҷиноӣ боз карда ва ҷасадҳоро ба сардхона интиқол додааст. Дар ҳоле ки аксари хабаргузориҳо афроди ҳалокшударо шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбакистон медонанд, вале оҷонсии РИА Новости ҳамаи ин афродро сокинони Қирғизистон номбар кардааст.​

Бархе аз онҳо – дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳҳои қавмгаро, бархе – бар асари фалокат дар ҷои кор ҳалок мешаванд, шуморе аз маризиҳои мухталиф ба зиндагӣ падруд мегӯянд ва шуморе дигар – бар асари садамаҳои нақлиётӣ.​

Аз ин пеш ҳам дар чанд садамаи нақлиётӣ муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ҷон бохта буданд. Аз ҷумла, баҳори соли 2015 дар як садамаи пурқурбонӣ дар вилояти Брянски Русия 17 муҳоҷир аз Узбакистону Тоҷикистон мурданд. Онҳо барои задани мӯҳр дар шиносномаашон ба марзи Русия бо Украина мерафтанд.

Матбуоти Русия навишт, микроавтобуси ҳомили муҳоҷирон аз вилояти Брянск ба гузаргоҳи Покарни, яке аз гузаргоҳҳои марзӣ дар марзи Русия бо Украина мерафт, то онҳо битавонанд дар шиносномаҳои худ мӯҳр зада, дубора вориди Русия шаванд. Аммо соати 12-и шаби 15 март ин микроавтобуси навъи “Мерседес” дар километри 65-уми роҳи Брянск – Гомел ба кадом иллате ба роҳи муқобил баромада, ба мошини боркаши “Рено” бархӯрдааст. ​

Шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия беш аз 1 миллион нафар гуфта мешавад. Ҳар сол, бино ба омори расмӣ, дар Русия ҳудуди 1000 муҳоҷири тоҷик аз олам чашм мепӯшанд. Яъне, ба ҳисоби миёна, ҳар рӯз дар Русия дастикам 3 тоҷик аз дунё мегузарад. Бархе аз онҳо – дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳҳои қавмгаро, бархе – бар асари фалокат дар ҷои кор ҳалок мешаванд, шуморе аз маризиҳои мухталиф ба зиндагӣ падруд мегӯянд ва шуморе дигар – бар асари садамаҳои нақлиётӣ.​

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG