Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия тарҳи Душанберо гардонд. Нафақаи муҳоҷиронро кӣ медиҳад? ВИДЕО, САДО


Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки Русия шартномаи пешниҳодии онҳо барои додани нафақа ба муҳоҷиронро напазируфт ва барои такмил баргардонд. Ҷониби Маскав иддао кардааст, ки бандҳои ин шартнома бо қонунҳои Русия мухолифат доранд ва бояд ислоҳ шаванд.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Коршинос: Пули нафақаи муҳоҷирон дар Русия монад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00

Бештари корфармоёни Русия бартарӣ медиҳанд, то муҳоҷирони кории кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро бидуни қарордод ба кор бигиранд.

Назокат Одиназода, муовини аввали раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, рӯзи 16 январ гуфт, ҳоло гурӯҳи корӣ барои пешниҳоди дубора ин шартномаро дуруст мекунанд. Вай афзуд, "мушкил дар он аст, ки Русия намехоҳад, маблағи нафақаи муҳоҷиронро ба ихтиёри Тоҷикистон диҳад, то муҳоҷирон дар ватан ҳаққи гирифтани нафақаро пайдо кунанд. Бисёр талош дорем, андози иҷтимоие, ки муҳоҷир пардохт мекунад, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шавад ва дар суратҳисоби муҳоҷир нигоҳ дошта шавад. Вале тарафи Русия ба ин масъала ризо нестанд."

Масъалаи нафақаи муҳоҷирони тоҷик дар нимароҳ монд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00
Линки мустақим

Аз долон ба... долон

Назокат Одиназода, муовини аввали раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон
Назокат Одиназода, муовини аввали раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон

Тарҳи созишномаи миёни Тоҷикистону Русия дар бораи танзими нафақаи муҳоҷирони корӣ ҳанӯз дар моҳи августи соли гузашта ниҳоӣ шуда буд. Дар сурати имзои ин созишнома 500 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳаққи дарёфти нафақаро пайдо хоҳанд кард.

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия бештар аз 20 соли пеш оғоз ёфта буд ва акнун онҳое, ки ба синни нафақа расидаанд, аз ҳеҷ гуна ҳифзи иҷтимоӣ ё ҳаққи бознишастагӣ бархӯрдор нестанд. Ин масъала аз муддатҳо пеш дар долонҳои ҳукуматӣ баррасӣ шуда ва ба порлумони кишвар низ роҳ ёфта буд. Мақомоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, онҳое бо нафақа таъмин хоҳанд шуд, ки корашон дар Русия расмӣ аст ва бо суғуртаи иҷтимоӣ фаро гирифта шаванд.

Корфармоён дасти сар намехоҳанд

Раҳмон Ӯлмасов
Раҳмон Ӯлмасов

Аммо бештари корфармоён дар Русия бартарӣ медиҳанд, то муҳоҷирони кории кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро бидуни қарордод ба кор бигиранд ва ҳамин шартро ба муҳоҷир пешкаш мекунанд, то аз пардохти андози иҷтимоӣ ва ташвишҳои изофии марбут ба он фориғ бошанд. Чун муҳоҷир чораи дигар надорад, маҷбур мешавад, ин гуна шартро бипазирад. Чунин муҳоҷирон аз дарёфти нафақа дар пиронсолӣ маҳрум хоҳанд монд.

Раҳмон Ӯлмасов, коршиноси масоили муҳоҷират, рӯзи 16 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон бояд шарти Русияро дар мавриди интиқол надодани маблағи нафақаи муҳоҷирон қабул кунад. Ба гуфтаи ӯ, ба ҳар шакле бастани шартнома ба манфиати муҳоҷирони тоҷик аст.

"Беш аз 800 ҳазор тоҷик дар Русия ҳастанд"

"Муҳим нест, ки ин пул ба Тоҷикистон интиқол меёбад ё не. Муҳим ин аст, ки ҳамин шартнома баста шавад. Ҳоло хубтараш муҳоҷир мустақим нафақаро аз Русия бигирад, чун то Тоҷикистон расидан бо гирифтани фоиз миқдораш кам мешавад. Ҳоло гирифтани нафақаи Русия дар Тоҷикистон тариқи чандин намуд кортҳои бонкӣ дигар кори мушкиле нест", - афзуд ӯ. Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, ҳар чӣ зудтар ба созиш расидани ҷонибҳо ба манфиати муҳоҷирони оддии тоҷик хоҳад буд.

Бино ба омори охири раёсати муҳоҷирати Вазорати умури дохилии Русия, ки дар нимаи дувуми моҳи декабри соли 2016 нашр кард, танҳо дар ду соли охир шумораи муҳоҷирони мавсимӣ аз Тоҷикистон 14 дарсад коҳиш ёфтааст. Ҳоло шумораи расмии муҳоҷирони тоҷик дар Русия каме беш аз 800 ҳазор нафар гуфта мешавад.

Шарҳҳоро бинед (16)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG