Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон мехоҳад ба Қатар ва Корея муҳоҷири корӣ фиристад


Сумангул Тағоева, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

Мақомоти Тоҷикистон интизори ҷудо кардани квота аз сӯи Кореяи ҷанубӣ барои муҳоҷирати кории шаҳрвандонаш мебошад. Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи 19 январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки бидуни чунин квота ва ё саҳмия, фиристодани шаҳрвандони кишвар барои кор ба Кореяи Ҷанубӣ, ғайриқонунӣ дониста мешавад. Вай афзуд, ки ҳамчунин коршиносони ин вазоратхона бо ҷониби Қатар низ барои бо ҷои кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон музокирот мекунанд. Ба гуфтаи хонум Тағойзода, чунин музокирот бо Лаҳистон ва Олмон низ идома дорад. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Сумангул Тағойзода, дар соли 2016 сатҳи муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 8 дарсад коҳиш ёфта ва ба Қазоқистон 13 дарсад бештар шудааст.

Вай ҳамзамон гуфт, ки соли 2016 дар Тоҷикистон барои 8 ҳазор мутахассиси хориҷӣ ҳукумати кишвар саҳмия ҷудо кард. Гузашта аз ин, беш аз 11 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ аз тариқи ширкатҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба кор даъват шудабуданд, ки бештари онҳоро шаҳрвандони Чин ва Афғонистон ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи мақомоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар соли гузашта 204 шаҳрванди хориҷӣ барои нақзи қоидаҳои будубош дар Тоҷикистон, бо ҳукми додгоҳҳои кишвар, ихроҷ шудаанд. Аз онҳо ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG