Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳром Ҳамроев гуфтааст, дар зиндон шиканҷа шуд


Баҳром Ҳамроев
Баҳром Ҳамроев

Ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ва узви зиндонии созмони "Мемориал", Баҳром Ҳамроев, гуфтааст, рӯзи 23-юми январ дар зиндони вилояти Владимири Русия латукӯб шуд.

Дар ин бора ҳамсараш, Зуҳро, ба расонаҳо хабар дод. Зуҳро аз шавҳараш мактуб гирифтааст.

Баҳром Ҳамроев аз шароити зиндон шикоят ва талаби бартарафсозии қонуншиканиҳоро кардааст.

"Зиндонбоне, ки Баҳромро латукӯб кардааст, ҳамзамон ӯро дашном додааст. Ба сару рӯ ва тахтапушти Баҳром задаанд. Аз зарбае, ки ба сараш задаанд, аз ҳуш рафтааст", - гуфт ҳамсари Баҳром Ҳамроев.

Ҳамроевро дар моҳи феврали соли 2022 боздошт карданд. Ӯро дар даъват ба терроризм ва ташкили фаъолияти созмони террористӣ айбдор карданд. Моҳи майи соли 2023 додгоҳи Русияро Ҳамроевро 14 сол зиндонӣ кард.

XS
SM
MD
LG