Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили муҳоҷирон -- бекасбӣ, ноогоҳӣ ё чизи дигар?


Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, зиёда аз 70 фоизи муҳоҷирони корӣ ба омӯзиши касб эҳтиёҷ доранд.

Сафиаллоҳ Девонаев, сарвари ин ниҳод, бекасбӣ ва надонистани забони хориҷиро аз сабабҳои аслии нокомии муҳоҷирини кории тоҷик унвон кард.

Ӯ афзуд, раванди муҳоҷират дар садсолаҳои наздик мақоми худро гум намекунад ва аз падидаҳои нав дар равандҳои ҷаҳонӣ дар асри 21 боқӣ хоҳад монд: “Чунин ҳолат моро водор мекунад, ки муҳоҷирони кории дорои касбу ҳунари муайянро тайёр намоем, зеро ҷаҳони имрӯза ба муҳоҷирони меҳнатии соҳибкасб ниёз дорад, на ба мардикори беихтисос. Нисбати ҳалли масъалаҳои касбомӯзӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ дар байни муҳоҷирини меҳнатии Тоҷикистон бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.”

Сафиаллоҳ Девонаев, раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон
Сафиаллоҳ Девонаев, раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бар афзоиши теъдоди омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ дар кишвар таъкид карда ва гуфт, бояд 150 ҳазор шаҳрванди кишвар солона ба онҳо ҷалб шаванд. Ба қавли ӯ, ҳоло дар Тоҷикистон 68 омӯзишгоҳи касбию техникӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 18 ҳазор нафар касб меомӯзанд.

Таъкиди мақомоти масъули Тоҷикистон бар соҳибихтисосӣ ва забондонии муҳоҷирини меҳнатии тоҷик бори аввал нест. Аммо иддае аз коршиносон ин сӯҳбатҳоро як гуна ҳамнавоӣ бо изҳороти ахири мақомоти Русия медонанд.

Ахиран Владимир Путин, сарвазир ва довталаби курсии президенти Русия дар матлабе таҳти унвони “Русия: масъалаи миллӣ” баладӣ ба касби муайян ва донистани забону фарҳанг, таърих ва қонунгузории Русияро барои муҳоҷирон ҳатмӣ дониста, ҳатто таъкид кардааст, ки дар ин заминаҳо аз муҳоҷирин имтиҳон гирифта шавад.

Коршиносон мегӯянд, бархӯрди мақомоти ду кишвар як гуна фирор аз воқеияти ҳол аст, зеро тайи 20 соли ахир аксари муҳоҷирони меҳнатии тоҷик соҳиби касбу кори муайян ва ҳам ба забони русӣ балад ҳастанд.

Коршинос Хилватшоҳи Маҳмуд мегӯяд, табиист, ки касе ба кадом давлате наравад, бидуни донистани забону дигар заруриёт ба сар бурдаву кор карда наметавонад. Вай афзуд, изҳороти ахири мақомот як гуна шона холӣ кардан аз масъулият аст: “Яке аз наздикони ман, ки дар Русия ширкати сохтмонӣ дошт ва ҳадди ақал то 400 муҳоҷири меҳнатӣ бо ӯ ҳамкорӣ мекарданд, ахиран лату кӯб шуд. Ӯ
Хилватшоҳи Маҳмуд
Хилватшоҳи Маҳмуд
забону фарҳанги русро хуб медонад. Қонунгузории Русияро хуб медонад, вагарна фаъолият карда наметавонист. Фикр мекунед, узбакҳову қирғизҳо аз мо беҳтар забону таърихи русро медонанд ё соҳибкасб ҳастанд? Мушкил дар надонистани забону дигар чизҳо нест. Мушкил ҷои дигар аст: муносибати сарди ду кишвар. Русия аз муҳоҷират ҳамчун қарта истифода мекунад ва Тоҷикистон наметавонад ба ин мушкил расидагӣ намояд.”

Муҳоҷират тайи 20 соли ахир ба яке аз равандҳои мушкилофар барои Тоҷикистон табдил ёфтааст. Тибқи иттилои расмӣ, то 1 миллион ва ғайрирасмӣ то 2 миллион сокини кишвар асосан ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд.

Музаффар Зарифов, аз маркази захираҳои Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди ташкили хадамоти вижа барои танзими раванди муҳоҷират ҳанӯз вобастагӣ аз Русия боқӣ мондааст.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ба ҷуз Русия, бо Украина, Қатар ва Кореяи Ҷанубӣ дар сатҳи ҳукуматҳо масъалаи ҳамкорӣ дар заминаи муҳоҷират идома доранд ва ҳам соли равон барои аз худ кардани бозори Аврупо бо кишвари Полша ё Лаҳистон гуфтугӯҳо хоҳанд шуд.

Кӯшишҳои Тоҷикистон барои коҳиш додани вобастагӣ аз Русия тайи солҳои ахир ба назар мерасанд, аз ҷумла соли 2009 бо Арабистони Саудӣ барои бо кор таъмин намудани 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон созишнома ба имзо расид. Аммо то ба ҳол ин созишнома амалӣ нашудааст, зеро ҷониби Арабистони Саудӣ маоши ба маротиб аз Русия паст пешниҳод кардааст.
XS
SM
MD
LG