Пайвандҳои дастрасӣ

Сиёсати нави Амрико дар Афғонистон чӣ гуна хоҳад буд? САДО


Генерал Ҷозеф Вотел, фармондеҳи Фармондеҳии марказии Амрико

Дар ҳоле ки маъмурияти Доналд Трамп стратегияи Амрикоро дар қиболи Афғонистон муайян мекунад, як мақоми аршади низомии ин кишвар рӯзи 25 апрел бо мақомоти Тоҷикистон мулоқот кард. Генерал Ҷозеф Вотел гуфт, бинобар таҳдидҳои амниятӣ, Амрико омодааст, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон кумак кунад.

Русия дар Тоҷикистон 7 ҳазор сарбозу афсар дорад, ки бузургтарин пойгоҳи низомиаш дар хориҷ ҳисоб меёбад.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марзи муштарак дорад ва таҷаммӯи гуруҳҳои мусаллаҳ дар наздикии марз мояи нигаронии мақомоти Душанбе шудааст.

Тақрибан 2 миллиард $ кумаки Амрико

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо генерали амрикоӣ асосан “дурнамои ҳамкорӣ дар бахши низомӣ ва таъмини амнияту субот дар минтақа” баррасӣ гардидааст. Иёлоти Муттаҳида дар 25 соли гузашта ба Тоҷикистон ба ҳисоби 1,8 миллиард доллар ёрӣ кардааст, ки аз ин ҷумла 262 миллион доллари он барои дастгирии бахши амният ҷудо шудааст.

Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо фармондеҳи Фармондеҳии марказии Амрико дар Душанбе. 25 апрели 2017
Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо фармондеҳи Фармондеҳии марказии Амрико дар Душанбе. 25 апрели 2017

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфт, дар чанд соли ахир Амрико барои сохтмону таъмири дидбонгоҳҳо ва омӯзиши афсарони марзбон низ миллионҳо доллар харҷ кардааст. Дар як пажӯҳише, ки созмони Security Assistance Monitor, қароргоҳаш дар Вашингтон, анҷом додааст, гуфта мешавад, дар миёни даҳ кишваре, ки Амрико ба онҳо кӯмакҳои низомӣ ироа мекунад, се кишвари шӯравии пешин – Гурҷистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон низ шомиланд.

Таъкид ба ҷойгоҳи махсуси Тоҷикистон

Ба бовари коршиносони тоҷик, сафари мақомоти баландпояи низомии Амрико ба Афғонистон ва партоби бомбаи бузург ба паноҳгоҳи ДИИШ аввалин намунаҳоянд, ки эҳтимол сиёсати Доналд Трамп аз сиёсати президенти қаблӣ дар баробари яке аз нооромтарин нуқоти ҷаҳон – Афғонистон фарқ кунад.

Нуралӣ Давлат
Нуралӣ Давлат

Нуралӣ Давлат, коршиноси мустақил, мегӯяд, ҳоло Доналд Трамп талош мекунад, ки нуфуз ва ҷойгоҳи Амрикоро дар Афғонистон таҳким бахшад. Ба қавли ӯ, Тоҷикистон метавонад дар ин росто ҷойгоҳи махсусеро касб намояд. Ӯ гуфт, “аз ибтидои амалиёти Эътилофи зиддитерроризм дар Афғонистон ба раҳбарии Амрико Тоҷикистон барои ин эътилоф як кишвари муҳим ва калидӣ ба шумор меравад. Танҳо ба далели зери сояи Русия қарор доштани Тоҷикистон Амрико аз бунёди пойгоҳи низомӣ дар ин кишвар худдорӣ кард.”

Нуралӣ Давлат мегӯяд, Тоҷикистон аз стратегияи ҷадиди Амрико дар қиболи Афғонистон пуштибонӣ мекунад. Зеро Тоҷикистон ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ва аз миён рафтани хатари терроризм аз ин кишвар манфиатдор аст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон борҳо пешниҳод карда буд, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз хатари терроризм, ифротгароӣ ва маводи мухаддир дар атрофи Афғонистон камарбанди амниятӣ эҷод шавад.

Дар канори Русия, Чин ва Эрон

Қосими Бекмуҳаммад
Қосими Бекмуҳаммад

Дар ҳамин ҳол, Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси масоили минтақавӣ мегӯяд, Амрико на бо таҳдидҳои лафзӣ, балки иқдомҳои амалӣ барои пурзӯр шудани нуфузи низомӣ ва амниятии худ дар Афғонистон саъю талош мекунад.

Вай гуфт, “ин вазъ ба Амрико имкон хоҳад дод, ки ҳам таҳаввулоти Афғонистон, Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Марказиро назорат карда ва ҳам дар ин минтақаи геополитикӣ дар канори рақибони муҳиме назири Русия, Чин ва Эрон қарор бигирад. Музокироти Амрико бо ҳамсояҳои Афғонистон ва кумакҳои молию фаннӣ ба нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон як амри табиӣ дар ҳимояи манофеи миллии Амрико ва нуфузаш дар минтақа ҳисоб меёбад.”

"Тоҷикистон пойабанди Русия мемонад"

Ҳамзамон, ин коршинос мӯътақид аст, ки Тоҷикистон дар заминаи ҳамкориҳои низомию амниятӣ ба як кишвар ё як меҳвар маҳдуд нашуда, дар канори Амрико бо Русия ва Чин низ чунин ҳамкориҳоро роҳандозӣ мекунад. Вай ҳамчунин, андешаҳо дар мавриди он ки Амрико аз тариқи тавсеаи ҳамкориҳои низомию амниятӣ бо Тоҷикистон барои берун бурдани пои Русия дар минтақа талош мекунад, бепоя хонд. Зеро, ба гуфтаи Қосими Бекмуҳаммад, Русия шарики стратегии Тоҷикистон буда, Тоҷикистон ба блокҳои низомие чун СПАД, ки таҳти нуфузи Русия аст, шомил аст.

Марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон
Марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон

Ҳамчунин, Русия дар Тоҷикистон 7 ҳазор сарбозу афсар дорад, ки бузургтарин пойгоҳи низомиаш дар хориҷ ҳисоб меёбад. Русия борҳо гуфтааст, ки дар сурати таҳдиди хатар ба амнияти Тоҷикистон аз хориҷ ин нирӯҳо барои дафъи хатар ба нирӯҳои Тоҷикистон кумак хоҳанд кард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG