Пайвандҳои дастрасӣ

Салимзода: Беш аз 60 гурӯҳи қочоқчии маводи мухаддир ошкор шуд. ВИДЕО


Шерхон Салимзода

Мақомоти Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон гуфтанд, ки соли гузашта беш аз 60 гурӯҳи қочоқбари маводи мухаддир, аз ҷумла чаҳор гурӯҳи фаромиллиро ошкор ва боздошт карданд. Шерхон Салимзода – раиси Оҷонсӣ – рӯзи 2 феврал гуфт, ба яке аз ин гурӯҳҳо, ки охири соли гузашта боздошт шуданд, як шаҳрванди Афғонистон Сиддиқӣ Муҳаммадзирак, шаҳрванди Тоҷикистон Нуралӣ Бобоев ва як шаҳрванди Қирғизистон шомил буданд. "Онҳо мехостанд, ки 208 кило маводи мухаддирро ба кишвари мо ворид кунанд", - афзуд ӯ.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон наздики 1400 километр марзи муштарак дорад, дар хатти аввали таҳдиди қочоқи маводи мухаддир истодааст.

Раиси Оҷонсии зидди маводи мухаддир дар Тоҷикистон гуфт, собит кардани гурӯҳи ҷиноии қочоқбарон чандон содда нест, "чун қонунгузорӣ ҳам дар ин бора шартҳоеро пешбинӣ кардааст. Аз ҷумла, қонун мегӯяд, гурӯҳи ҷиноӣ ба ҳаҷми маводи интиқолшаванда бастагӣ дорад."

Гузориши видеоӣ инҷост:

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон наздики 1400 километр марзи муштарак дорад, дар хатти аввали таҳдиди қочоқи маводи мухаддир истодааст. Ин масъала давоми солҳои истиқлол низ яке аз чолишҳои аслии ҳукумати Тоҷикистон будааст.

Шерхон Салимзода дар идомаи ин сӯҳбаташ гуфт, дар асл соли гузашта ҳаҷми қочоқи маводи мухаддири истеҳсолшаванда дар Афғонистон ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, соли 2016 ҳамаи ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 3 тоннаву 456 кило анвои мухталифи маводи мухаддирро мусодира кардаанд, ки дар муқоиса ба як соли пеш 1 тоннаву 250 кило камтар будааст.

​Коршиносон мегӯянд, эҳтимол ҳаҷми камшудаи қочоқ ба вазъи амниятии Афғонистон, ғолибан таҳти назорати гурӯҳҳои шӯришие мисли Толибон қарор гирифтани майдонҳои кишти хашхош дар ҷануби Афғонистон бастагӣ дорад. Маводи мухаддирро яке аз манбаъҳои аслии даромади гурӯҳҳои ҷангӣ меноманд. Аз сӯи дигар, Шерхон Салимзода гуфт, давлати Тоҷикистон ҳифозати марзаш бо Афғонистонро дар робита ба таҳдидҳои террористӣ тақвият дод ва ин чиз барои ҷилавгирӣ аз қочоқ ва убури марз аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноӣ мусоидат кард.

Салимзода гуфт, "ба ин далел, ҳоло қочоқчиёни афғон талош мекунанд аз тариқи масирҳои дигар мухаддиротро интиқол диҳанд. Ҳатто ҳолате буд, ки қочоқчиён талош карданд маводи мухаддирро аз қаламрави Эрон ба Озарбойҷон ва сипас ба Тоҷикистон интиқол диҳанд. Зимнан, бояд гуфт, иттилое, ки мо дар даст дорем, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки мусодираи маводи мухаддир дар кишварҳои ҳамсояи мо низ коҳиш ёфтааст. Вай афзуд, дар соли гузашта ниҳодҳои иктишофии мо мусоидат карданд, то як корхонаи тавлиди маводи мухаддир дар вилояти Бадахшони Афғонистон аз байн бурда шавад."

Соли 2016 даҳҳо гурӯҳи ҷиноии қочоқбари маводи мухаддир дар Тоҷикистон ошкор ва боздошт шуданд.

Ин дар ҳолест, ки гузоришҳои Созмони Милали Мутатҳид дар соли 2016, баръакс, мизони истеҳсол ва ё кишту парвариши хашхош ё нашъа дар худи Афғонистонро дар ҳоли афзоиш медонанд. СММ дар як гузорише тирамоҳи соли 2016 гуфт, тавлиди маводи нашъадор дар Афғонистон нисбат ба як соли пеш 43 дарсад афзоиш ёфта, 4,8 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Ин ниҳод хабар додааст, ки соли 2016 аз 34 вилояти Афғонистон дар 21 минтақа маводи мухаддир кишт шудааст.

Вале ин ниҳоди байналмилалӣ низ он замон гуфта буд, ки феълан бештаре аз маводи мухаддири тавлидшуда дар Афғонистон на аз масири ба истилоҳ “шимолӣ”, яъне қаламрави Тоҷикистону Осиёи Марказӣ, балки аз роҳи ба истилоҳ “балканӣ”, яъне тавассути қаламрави Эрон ва аз масири ҷанубӣ, яъне аз тариқи бандарҳои Покистон ба кишварҳои аврупоӣ интиқол дода мешавад.

Ҳамасола чандин тан аз қочоқбарони афғон аз сӯи марзбони тоҷик кушта мешаванд.
Ҳамасола чандин тан аз қочоқбарони афғон аз сӯи марзбони тоҷик кушта мешаванд.

Қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон солҳои 1990 ва оғози 2000-ум аз чолиши рақами яки сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар буд. Баъди пошхӯрии Шӯравӣ ва заифтар шудани ҳифозати марзу пурзӯр шудани гурӯҳҳои қочоқчӣ дар солҳои ҳассоси ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, солона ҳазорҳо сокини ин кишвар даст ба хариду фурӯши маводи мухаддир мезаданд. Як сабаби аслии зиёд шудани ингуна ҷиноятҳо дар болоравии мизони бекорӣ буд ва дар миёни қочоқчиён на танҳо мардону ҷавонон, балки занҳову кӯдакон ҳам боздошт мешуданд.

Соли 2016 Оҷонсии мубориза бо маводди мухаддир 289 мавриди қочоқи маводи нашъадорро ошкор карда, парвандаи 161 нафарро ба додгоҳ фиристодааст. Амнияти Абдуназар, таҳлилгари тоҷик, гуфт, "фақр боис мешавад, ки сокинони кишварҳои мусалмоннишин барои таъмини рӯзгори худ ба ҳама гуна аъмоли ҷиноятӣ даст мезананд. Ин мисли як қонуни нонавишта дар кишварҳои мусалмоннишин шудааст."

Амният Абдуназаров.
Амният Абдуназаров.

Коршиносон мегӯянд, ба қочоқи маводи мухаддир ҳоло бештар онҳое таваҷҷӯҳ мекунанд, ки аз роҳҳои танзимшудаи мафиёӣ ва ғолибан дар бозори сиёҳи хориҷӣ роҳи фурӯши ин маводро пайдо кардаанд ва то замони ошкору боздошташон талош мекунанд бо ин тиҷорати сердаромади сиёҳ машғул бошанд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG