Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон: Изҳороти Кӯчӣ "тааҷҷубомез" ва "боиси таассуф" аст. ВИДЕО


Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба таври расмӣ ибрози назарҳои Абдулқаюми Кӯчӣ (Кӯчай), сафири фавқулодда ва мухтори Афғонистон дар Русия дар мавриди кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистонро маҳкум кард ва онро "ғайри қобили қабул" хонд. Абдулқаюм Кӯчӣ, сафири Афғонистон дар Маскав, охири моҳи декабри соли гузашта дар мусоҳибааш бо як видеоблоги афғонӣ гуфта буд, ки "дар Тоҷикистон гурӯҳҳои пурқуввати мафиёӣ ҳастанд, ки бо қочоқи маводи мухаддири Афғонистон машғуланд."

Дар баёнияи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ки як нусхаи он рӯзи 12 январ дастраси Радиои Озодӣ шуд, омадааст, ки дар ин росто сафири Афғонистон дар Душанбе рӯзи 31 декабр ба вазорати умури хориҷӣ даъват шуда ва ба ӯ ёддошти эътирозӣ супурда шудааст. Дар ин ёддошт "нигаронии шадид ва тааҷҷуби ҷониби Тоҷикистон дар иртибот ба гузориши таҳқиромези сафири Афғонистон дар Русия нисбат ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистон", баён гардидааст.

Давлати Тоҷикистон ба ҷониби Афғонистон "қотеъона" тавсия додааст, то суханони "номатлуб"-и Абдулқаюми Кӯчӣ, шахси расмии Ҷумҳурии исломии Афғонистон ҳамаҷониба таҳлил шуда ва чораҳои муассир андешад.

Абдулқаюми Кӯчӣ (Кӯчай), сафири Афғонистон дар Русия. Акс аз бойгонӣ.
Абдулқаюми Кӯчӣ (Кӯчай), сафири Афғонистон дар Русия. Акс аз бойгонӣ.

Ҳамчунин вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби Афғонистон тавзеҳоти мушаххасро дар ин робита талаб кардааст. Дар ин баёния вокуниши ҳукумати Афғонистон, ки гӯё суханони таҳқиромези сафири он кишвар дар Русия андешаи шахсии ӯ мебошад ва ба мавқеи Кобул дахл надорад, "боиси таассуф" хонда шудааст.

Мақомоти сафорати Афғонистон дар Душанбе авоили ҳафтаи ҷорӣ гуфтанд, ки суханони Абдулқаюм Кӯчӣ (Кӯчай) дар робита ба Тоҷикистон назари шахсии ӯст ва баёнгари мавқеи расмии Кобул нест. Як манбаъ дар сафорати Афғонистон дар Душанбе рӯзи 9 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, "ибрози назарҳои Абдулқаюм Кӯчӣ ба шахси худаш марбут буда ва ин ба сиёсати давлати Афғонистон дар қиболи Тоҷикистон рабт надорад."

Абдулқаюм Кӯчӣ, сафири Афғонистон дар Маскав, моҳи гузашта дар гуфтугӯи телевизионӣ бо хабарнигори афғон Шафеъ Аёр гуфтааст, "мафияи маводи мухаддир дар Тоҷикистон" дар раванди интиқол ва қочоқи маводи мухаддири Афғонистон даст дорад. Ин навор 21 декабр дар шабакаи Ютуб нашр шуд. Сафир Кӯчӣ дар ин сӯҳбат аз як мулоқоташ бо мақомҳои рус ҳам ёдовар шуда, гуфтааст, "маводи мухаддир дар Афғонистон кишт мешавад, вале пушти он Шумо ҳастед (русҳо), пушти он мафияи Тоҷикистон аст."

Сайфулло Муллоҷонов, коршиноси тоҷик.
Сайфулло Муллоҷонов, коршиноси тоҷик.

Худи Аёр дар видеоблоги навбатиаш махсус ба ин мавзӯъ муроҷиат карда гуфтааст, ки "бо мавқеи ҷаноби Кӯчӣ розӣ нест", вале тахмин задааст, ки ҳарфҳои як сафири Афғонистон "метавонад баёнгари мавқеи пуштипардаии раиси ҷумҳурии ин кишвар бошад".

Дар идома Абдулқаюм Кӯчӣ назари шахсии худро аз Душанбе ва Тоҷикистон баён карда, мегӯяд, "Тоҷикистон як кишвари бисёр кӯчак аст, ҳатто панҷ миллион аҳолӣ надорад ва як миллиони он ҳам рус аст. Фарҳанг ва забони расмиашон русӣ аст. Ҳақ надоранд, забони худро бинависанд ва ҳатто алифбои дариро тағйир додаанд. Мафия дар ин кишвар бисёр фаъол аст."

Абдулқаюм Кӯчӣ сафири тозатаъини Афғонистон дар Маскав ва яке аз хешовандони Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон аст.

​Сайфулло Муллоҷонов, коршиноси мустақил, мегӯяд, дар сатҳи як дипломат гуфтани ин гуна ҳарфҳо хандаовар аст. "Агар муҷрӣ муаррифӣ намекард, касе мутаваҷҷеҳ намешуд, ки ин шахс сафир аст. Зеро сӯҳбаташ дур аз урфи дипломатӣ аст. Дигар, дар мавриди ҷамъияти як кишвар маълумоти кофӣ надорад. Маълумоте ироа мекард, ба солҳои 1980 рабт мегирад, ки он замон воқеан аҳолии Тоҷикистон 5 миллион нафар буд. Аммо дар он замон ҳам теъдоди русҳо дар Тоҷикистон 1 миллион нафар набуд, беш аз 300 ҳазор нафар буд", - хулоса кард ӯ.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG