Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳосили сафари Путин аз назари таҳлилгарон


Эмомалӣ Раҳмон зимни истиқболи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар рӯзи 27-уми феврал.

Нозирони сафари расмии президент Владимир Путин ба Тоҷикистон мегӯянд, зоҳиран ҳадафи аслии раҳбари Русия тақвияти нуфузи сиёсӣ ва низомии ин кишвар мебошад.

Мақомоти рус гуфтанд, ки дидор аз Тоҷикистон чун бахше аз сафари Путин ба Осиёи Марказӣ ба муносибати 25-умин солгарди таҷлили барқарории равобити дипломатии миёни Душанбеву Маскав сурат гирифт.

Дар ин сафар шаш санади ҳамкорӣ имзо шуд, вале матбуоти мустақил таъкид кард, ки боздид натиҷаҳои муҳим надошт. Нашрияи интернетии eurasianet.org бо зикри созишномаҳои имзошуда ва изҳороти мухтасари раҳбарони ду кишвар мегӯяд, “ҳар касе, ки аз сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон интизороти таҳаввулоти азим буд, ноумед шуд, чун, зоҳиран ҳеҷ ҳодисаи муҳиме рух надод”.

Бархе коршиносон мегӯянд, баҳонаи муҳими чунин сафари баландпоя метавонист ҳаллу фасли масъалаи деринтизори баҳснок, аз ҷумла узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди АвруОсиё шавад, вале Душанбе дар остонаи сафар гуфт, ки “ин масъала ҳанӯз дар ҳоли баррасист”.

Путин дар поёни музокироташ бо президенти Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар Душанбе нақши Тоҷикистон, бахусус, Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини амният ва истиқрори субот калидӣ хонд ва гуфт, “ба ин далел мавқеи Тоҷикистон дар ҳалли масоили минтақавӣ барои Русия” муҳим аст. Ҳамчунин, ӯ аз Тоҷикистон ба унвони кишвари иттифоқчӣ ва шарики стратегӣ ном бурд.

Талош барои кашидани Тоҷикистон ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё

Аксар коршиносон мегӯянд, эҳтимолан муҳимтарин гуфтумонҳои байни ду раҳбар пушти дарҳои баста монд, ҳамоне, ки мақомот аз қабл ба унвони “як мулоқоти хоссаи байни ду раҳбар” барномарезӣ карда буданд. Яке аз масоили мавриди баррасӣ, ба қавли онҳо, метавонад мавзӯи шароити номусоиди кори ширкатҳои хусусии Русия дар Тоҷикистон бошад, ки қаблан ин мушкил аз забони сафири Русия Игор Лякин-Фролов садо додааст.

Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев

​Зафар Абдуллоев, коршиноси мустақил гуфт, мусаллам аст, ки дар дидори як ба яки руасои ҷумҳури Тоҷикистону Русия мавзӯъи пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё матраҳ шудааст.

“Чун Русия натавонист, пойи Тоҷикистонро ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё кашонад, ҳоло мехоҳад ба нуфузи сиёсию низомиаш дар ин кишвар тақвият бахшад, ки дар солҳои ахир камранг шуда буд” – гуфт Зафар Абдуллоев.

Масъалаи дигари умедворкунанда барои Душанбе – афви пурраи муҳоҷирони мамнӯъ-ул-вуруд ҳам ниҳоӣ нашудааст. Мақомоти рус ваъда доданд, ки ин масъала ба фоидаи онҳое, ки ба қонуншиканҳои маъмурӣ роҳ додаанд, ҳал мешавад, вале то ҳанӯз мушаххас нест, ки аз 270 ҳазор муҳоҷирони воридшуда ба ин рӯйхат чанд нафар ва бо кадом шарт афв мешаванд. Путин ҳам бо зикри ин ки муҳоҷирони кории тоҷик “аз шароити муносиб” бархурдоранд, ишора кард, ки дар фикри имтиёзи бештар барои онҳо нест. Вай гуфт, 15 рӯзи бидуни қайд дар Русия ва се соли патенти кор дар ин кишвар худ имтиёз аст.

Хомӯшии Русия дар бораи кӯмакҳои деринтизори низомӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ натоиҷи дидору гуфтугӯҳо бо раиси ҷумҳури Русияро дар роҳи тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф муҳим ва созанда арзёбӣ кард. Аз ҷумла, ҷаноби Раҳмон ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши низомӣ ва низомию фаннӣ таъкид кард, ки ба навсозии таҷҳизоту техникаи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон рабт мегирад.

Зимнан, Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия зимни дидор бо Шералӣ Мирзо, ҳамтои тоҷики худ дар шаҳри Маскав дар 30 ноябри соли гузашта гуфта буд, ки дар соли ҷорӣ Русия ба Тоҷикистон ба миқдори зиёд техникаи низомӣ, аз ҷумла, ҳавопаймоҳои ҷангию чархболҳо медиҳад. Вале тавре “Независимая газета” навишт, зоҳиран ин мавзӯъ беҷавоб мондааст. Шояд ҳам имкониятҳои низомии Русия дар ду соле, ки даргири ҷангҳо дар Сурия асту хароҷоти зиёди низомиву фанниро барои мубориза бо мухолифони режими Башор Асад равона кардааст, фурсат надорад, ки ба ҳамсояҳои ҷанубии худ таваҷҷӯҳ кунад.

Вале мубориза бо ҷангҷӯёни гурӯҳи ба номи Давлати исломӣ ва гурӯҳҳои ифротгарои мустақар дар Афғонистон, ҳамроҳ бо муқобила бо қочоқи маводи мухаддир аз ин кишвари ҳамсарҳади Тоҷикистон, ба қавли Путин, барои Русия ва ҳамкориҳои ду кишвар аҳамияти хос дорад. Путин гуфт, дар сурати зарурӣ ба хотири роҳ надодан ба убури ҷангҷӯён ба хоки Тоҷикистон, аз нирӯи пойгоҳи 201-и Русия истифода хоҳад шуд.

Матбуоти русӣ рӯзи баъди музокироти Путин бо Раҳмон дар Душанбе ин нуктаро ба унвони як хабари муҳими нишаст пахш карданд. Вале як дипломати тоҷики огоҳ аз ҷараёни музокирот дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар статуси пойгоҳи 7-ҳазорнафараи Русия дар Тоҷикистон ҳеҷ тағйироте рӯй надодааст ва ҳама салоҳиятҳои ин пойгоҳ аз рӯи оиннома ва созишномаҳои байни ду кишвар иҷро мешавад.

Нияти бозгашт ба марзҳои Тоҷикистон

Нуралӣ Давлатов
Нуралӣ Давлатов

Нуралӣ Давлатов, коршиноси мустақил дар Душанбе мегӯяд, чун талошҳои Русия барои бозгардондани неруҳои марзбонаш ба марзи Тоҷикистону Афғонистон натиҷа надод, ҳоло дар ин росто ба чунин иқдом даст задааст.

“Вазифаи дивизияи 201-уми Русия аз ибтидо тақвияти неруҳои марзбони рус дар марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистон ҳисоб меёфт. Русия инро ҳеҷ гоҳ пинҳон намекард. Ин неруҳо то соли 2005, замони хуруҷи марзбонони рус аз марзҳои ҷанубии Тоҷикистон ин вазифаро иҷро мекарданд. Ҳадафи кӯмаки билофосила ба марзбонони рус дар сурати пайдор шудани таҳдид аз Афғонистон буд. Аз ин лиҳоз суханони Путин дар ин замина ҳарфи тозае нест. Яъне, агар пешниҳоди бозгашти марзбонони рус ба марзи Тоҷикистону Афғонистон қабул нашуд, Русия аз ин роҳ истифода мекунад” –мегӯяд, Нуралӣ Давлатов.

Ба гуфтаи Нуралӣ Давлат, Русия ҳамеша талош мекард, ки назорати марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро дар даст дошта бошаду ба ин васила нуфузу қудрати имперотурии худро барқарор кунад. Вай гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба он ки дар кишварҳои дорои манобеъи бузурги нафту гози Осиёи Марказӣ, назири Қазоқистон, Узбакистон ва Туркманистон нуфузи чандоне надорад, Русия мехоҳад ин халоро аз ҳисоби кишварҳои камбизоат ба мисли Тоҷикистону Қирғизистон пур кунад.

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси мустақил мегӯяд, Русия ба бӯҳрони шадиди иқтисодӣ мувоҷеҳ буда, дар мухолифатҳои низомӣ дар Сурия ва Украина гирифтор аст ва бозгашти марзбонони рус ба марзҳои ҷанубии Тоҷикистон душвор аст. Аз ин лиҳоз, Русия талош дорад ҳадди ақал тавассути неруҳои пойгоҳи низомиаш дар Тоҷикистон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳузур пайдо кунад.

Тоҷикистон бо Афғонистон марзи 1400 километрӣ дошта ва то соли 2005 ҳифозати ин марзро неруҳои марзбони Русия ба ӯҳда доштанд. Пас аз хуруҷи ин неруҳо борҳо мақомоти баландпояи низомию сиёсии Русия ба номуваффақ будани марзбонони тоҷик дар ҳимояти хатҳои марз ишора карда ва мавзӯъи имкони бозгашти неруҳои марзбони рус ба марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро матраҳ карда буданд.

Аммо мақомоти Тоҷикистон ин имконро ғайри қобили қабул хонда буданд. Бо таваҷҷӯҳ ба он ки миёни Тоҷикистону Русия низоми раводид вуҷуд надорад, марзи Тоҷикистону Афғонистон марзҳои ҷанубии Русия низ маҳсуб мешавад ва аз ин лиҳоз, ин кишвар ба тақвияти марзҳои ҷанубии Тоҷикистон алоқаманд аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG